ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН ДИРЕКТОРИ ГЕНЕРАЛИИ ЮНЕСКО-РО ҚАБУЛ КАРД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 26 август дар Самарқанд Директори генералии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои таълим, илм ва маданият (ЮНЕСКО) Одри Азулеро қабул кард.

Роҳбари  давлат меҳмони олимартабаро хайра мақдам гуфта, бо қаноатмандии амиқ рушди муттасили гуфтугӯйи босамар ва мустаҳкамгардии муносибати муфиди шарикии байни Ӯзбекистон ва ЮНЕСКО-ро таъкид кард.
Таъкид гардид, ки ташрифи нахустини Одри Азуле ба сифати роҳбари ин ташкилоти бонуфузи байналхалқӣ идомаи мантиқии вохӯрие мебошад, ки соли гузашта дар Париж баргузор гардида буд ва ҳамчунин аз кӯшиши ду ҷониб барои амиқ сохтани ҳамкории муфиди тарафайн гувоҳӣ медиҳад.
Ҳоли ҳозир чорабиниҳои муштарак доир ба самтҳои бартаринок дар доираи Барномаи мамлакатҳо босамар ба амал татбиқ мегардад, ки онро ЮНЕСКО бори аввал қабул намудааст. 
Ба ҳамдастӣ ва фаъолсозии табодул дар ҷиҳати ҳимоя ва ҳифзи мероси моддӣ ва ғайримоддии нодири маданиву таърихии халқамон эътибори  алоҳида нигаронда мешавад.
Бо мақсади омӯзиши амиқ ва ҷалб намудани таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ шабакаи кафедраҳои ЮНЕСКО дар Ӯзбекистон васеъ мегардад. Сухан дар бораи дар муассисаҳои таълими олии пешсафи мамлакат ба вуҷуд овардани чунин кафедраҳо, мисли «Тадқиқи қиёсии динҳои ҷаҳон», «Дипломатияи об, идора намудани захираҳои об ва ҳифзи муҳити зист», «Сайёҳии маданӣ» меравад.
Бо дастгирии ЮНЕСКО инчунин чандин чорабинии бузурги байналхалқӣ – ҷашнвораҳои «Таронаҳои Шарқ», санъати бахшӣ, санъати халқиву амалӣ, анҷумани санъати мақом баргузор мегарданд. 
Зимни суҳбат масъалаҳои муҳими рушди минбаъдаи шарикӣ ва татбиқи бечунучарои муоҳидаҳо, аз он ҷумла аҳду паймоне, ки дар поёни сессияи навбатии Кумитаи мероси ҷаҳонӣ ҳосил гаштааст, муҳокима гардиданд. 
Аҳамияти идома додани кӯшиши фаъолона дар соҳаи инкишоф ва ҳимояи объектҳои мероси маданӣ дар Ӯзбекистон таъкид гардид. Натиҷаҳои анҷумани муштараки байналхалқӣ дар ин соҳа олӣ арзёбӣ гардид, ки дар Самарқанд бомуваффақият баргузор гардид.
Истиқболи ҳамкории амалӣ дар соҳаҳои маданият, таълим ва илм, сиёсати гендерӣ ва ҳамчунин экология, бо фарогирии бартарафсозии оқибати фоҷиаи Арал баррасӣ гардиданд. 
Директори генералии ЮНЕСКО ба роҳбари давлат барои пазироии гарм миннатдории самимӣ изҳор намуд.
Равнақи ислоҳоти ҷории мамлакат дар ҷиҳати муҳофизати мероси ғании маданӣ, ифшои потенсиали сайёҳӣ, пеш бурдани бозсозиҳои муҳим дар соҳаҳои таълим ва илм, ҳимояи муҳити зист бо қаноатмандии амиқ зикр гардид. 
Моилии минбаъда ба инкишоф ва мустаҳкам намудани шарикии доманфарохи ЮНЕСКО бо Ӯзбекистон собит карда шуд. 
 ***
Шавкат Мирзиёев мақбараи Имом Бухориро зиёрат кард

Бинобар супориши Президент васеъ намудани ҳудуди маҷмӯи Имом Бухорӣ ва таъмири он ба нақша гирифта шудааст. Барпо намудани ду масҷиди симметрӣ ва чор манора, хиёбон, дар шафати он меҳмонхонаҳои хурд ва бузург ва ҳамчунин объектҳои дигари инфрасохтор дар назар дошта шудааст.
Роҳбари давлат аз маҷмӯа боздид намуд ва бо пешниҳодот дар бобати таъмири он шинос гардид.
– Ин макон ба мероси илмии Имом Бухорӣ, обрӯйи баланди он дар ҷаҳони ислом муносиб бояд  бошад. Масҷидҳо бояд васеъ ва боҳашам бошанд. Агар дар деворҳои онҳо ҳадисҳо сабт гарданд, аҳамияти маҷмӯа боз ҳам меафзояд. Онҳо ба ҷавонон дониш ва ғизои маънавӣ мебахшанд. Ин маҷмӯа маркази сайёҳии зиёрат дар мамлакат ба шумор меравад. Дар ин ҷо барои тамоми зиёратгарон новобаста аз миқдори онҳо, шароити хуб бояд вуҷуд дошта бошад, – таъкид кард Президент.
Шавкат Мирзиёев ногузирии иҷрои сифатноки таъмирро дар асоси лоиҳакашии ҷиддӣ бо омӯзиши таҷрибаи хориҷӣ таъкид намуд.
Корҳое, ки дар маҷмӯи Имом Бухорӣ ба вуқӯъ мепайванданд, қадами навбатӣ дар роҳи инкишофи илм ва маърифатпарварӣ дар мамлакат, ба вуҷуд овардани шароити муносиб ва васеъ намудани имконоти эътиқодмандон хоҳад гардид.
Президент Шавкат Мирзиёев бо блогерҳои ватанӣ ва хориҷӣ вохӯрд, ки ба Ҷашнвораи байналхалқии «Таронаҳои Шарқ» омадаанд. 
– Дар солҳои охир Ӯзбекистон ба ҷаҳон дарҳои худро боз менамояд ва мехоҳад, ки тамоми ҳақиқатро то ба ҷомеаи ҷаҳон расонад. Аз ҳама муҳимаш, муҳокима ва танқид кардан мумкин аст, – гуфт роҳбари  давлат.
Нақши муҳими блогерҳо дар равшан намудани ислоҳоти ҷории мамлакат,  ба ҷаҳониён тараннум намудани маданият ва мероси таърихии халқамон  таъкид ёфт.
– Аз дидани шумо дар сарзамини Ӯзбекистон, дар гаҳвораи қадимии тамаддун – Самарқанд  хеле шод ҳастам. Имрӯз мо таърихи навини Ӯзбекистонро менависем. Мақсадамон – таъмини  ҳаёти муносиби халқ, чунон бояд кунем, то ба оянда бо боварӣ назар афканад. Умед дорам, ки шумо низ ҳиссаи худро хоҳед гузошт, – гуфт роҳбари давлат.
– Дар байнатон блогерҳои худамонро низ мебинам. Ман бо ин фахр мекунам. Донед, ки Президент шуморо ҳамеша дастгирӣ мекунад, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Дар поёни вохӯрӣ Президент бо блогерҳо якҷоя  ба сурат афтид ва ба фаъолияти онҳо муваффақият хост. 

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: