ХАБАРҲО

Рангҳои Ватан дар тасвираҳо

Дар арафаи ҷашни истиқлолият баргузор намудани озмун-азназаргузаронӣ ва санҷиши маҳорат таҳти рукни «Аз ҳама бузург, аз ҳама азиз» байни эҷодкорон ба ҳукми анъана даромадааст.

Дар Хонаи фотосуратҳои пойтахт давраи ҷумҳуриявии чунин чорабинӣ дар самти санъати тасвирӣ ва фотодизайн баргузор гардид. Мазмун ва моҳияти Барномаи давлатии «Соли сармоягузории фаъол ва рушди иҷтимоӣ», ислоҳоти кулле, ки дар барномаҳои «Деҳаи обод», «Маҳаллаи обод», «Ҷавонон – ояндаи мо», «Панҷ ташаббуси муҳим» ва дигар дастурҳои ҳаётӣ амалӣ мегарданд, дар асарҳое, ки ба маъраз гузошта шуданд, ифода ёфта буданд.
Хусусан, тасвирҳое, ки манзараҳои Ватан, меҳнат ва шуҷоати ободгарони ҷамъиятро инъикос кардаанд, эътибори ҳайати доварон ва иштирокдоронро ба худ ҷалб намуданд. Ғолибон рӯзҳои наздик эълон мегарданд.

Озмуни шеърхонӣ ҷамъбаст ёфт

Дар қасри санъати «Туркистон» давраи ҷамъбастии озмуни шеърхонӣ байни раисони маҳаллаҳо тантананок сурат гирифт. 

Нақши институти маҳалла ва иштироки сарони маҳаллаҳо дар ин гуна чорабиниҳо, ки ба тарғиби китобхонӣ ва рушди маданияти мутолиа нигаронида шудаанд, хеле назаррас аст. Тадбири мазкур дар се зина беҳтарин алоқамандони адабиёт ва шеърият байни раисони маҳаллаҳоро  муайян намуд. Дар муташаккилона сурат гирифтани он масъулони Шӯрои ҷумҳуриявии мувофиқгардонии фаъолияти мақомоти худидоракунии шаҳрвандон ва Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон саҳми муносиб ҳамроҳ карданд. Ба огоҳии раисон аз дурдонаҳои адабиёти классикии  ӯзбек ва ҷаҳон, маҳорати шеърхонӣ ва актёрии онҳо холисона баҳо дода шуд. Ба адабиёту шеърият, хусусан, ихлоси баланд доштани раисон аз Сурхондарё ва Фарғона бештар ба назар расид. Ғолибон бо дипломҳои махсус ва мукофотҳои арзишнок тақдиронида шуданд.

Баҳри пешгирии қонуншиканӣ

Баҳри пешгирии ҷиноят байни ҷавонон Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон таҳти ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои дохилӣ чораҳои зарурӣ меандешад. 

Дар мулоқоти кушоде, ки таҳти унвони «Аз санҷиш то болоравӣ бо қадамҳои қатъӣ» дар пойтахт баргузор гардид, таъкид ёфт, ки тӯли нимсолаи аввал 4549 қонуншиканӣ байни ҷавонон ба қайд гирифта шудааст. Ин нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2018 39 фоиз камтар аст. Дар ҳашт муассисаи ҷазодиҳанда вохӯриҳо гузаронида ва дар тадбирҳо наздик 5 ҳазор нафар маҳбуси ҷавон иштирок карданд. Ба онҳо қариб 1000 адад адабиётҳо тақдим дошта шуд. Ба маҳалҳо бештар аз 17 ҳазор маротиба рейдҳо ташкил гашт, ба зиёда аз 4 ҳазор нафар ҷавонон, ки майл ба ҷиноят доранд, корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гашт. Ҷинояти 451 нафар бо кафолати Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон аз ҷониби Суди олӣ афв ва ҷавононе, ки бори аввал саргум шудаанд, ба оилаҳояшон баргардонда шуданд.
Баробари тадбирҳои маънавӣ дар корҳои тарғиботӣ аз усулҳои инноватсионӣ истифода бурда мешавад. Ин имкон медиҳад маърӯзае, ки дар пойтахт хонда мешавад, ба тамоми ҷумҳурӣ дастрас гардад ва ба тарбия, роҳи дурустро интихобкунии ҷавонон мусоидат созад.

Ҷашнвора дар Олмалиқ

Дар қасри санъати «Металлург»-и Олмалиқ ҷашнвораи санъати синамои миллӣ баргузор гашт. 

Қабл аз намоиши филмҳо аз ҷониби Агентии миллии «Ӯзбеккино» анҷумани матбуотӣ доир ва дар он оиди нақши санъати кино дар ҳаёти маънавии мо сухан рафт. Таъкид ёфт баҳри ривоҷи соҳа ҳукумат ғамхорӣ зоҳир менамояд ва филмофарон дар инъикоси рӯйдодҳои муҳими таърихӣ, офаридани образи қаҳрамонҳои замон ва бардоштани муаммоҳое, ки ба пешрафти корҳо халал мерасонанд, самаранок фаъолият мебаранд.
Дар ҷашнвора филмҳои «Саид ва Саида», «Халқпарвар» ва «Дилбари сарвқомати ман» намоиш дода шуданд.

М. ШОДИЕВ, 
мухбири «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: