АНҶИР – ДИЛРО МЕКУНАД ЗАНҶИР

Имсол бори нахуст дар арафаи Ҷашнвораи XII-и байналхалқии мусиқии «Таронаҳои Шарқ» дар маҳаллаи Боғибаланди шаҳри Самарқанд иди анҷир ташкил гардид.

Дар он навъҳои гуногуни анҷир ба намоиш гузошта шуданд. 
Дар мавзеи Боғибаланд дарахтони анҷири 200-300-сола то ҳол ҳосил медиҳанд. Боғибаланд яке аз боғҳои Амир Темур аст. Мувофиқи таъкиди манбаъҳои зиёд таърихи анҷирзори Боғибаланд дуру дароз буда, ба қаъри асрҳо мерасад. Аз ҷумла, дар «Бобурнома»-и Заҳириддин Муҳаммад  Бобур омадааст, ки Амир Темур ба шарафи наберааш Оқабегим – духтари Мироншоҳ ба Боғибаланд бунёд ниҳода буд.
Дар ид ба меҳмонон имконият доданд, ки анҷирзорро тамошо кунанд ва аз меваи он баҳраманд гарданд. 
Тавре ки ташкилотчиёни тадбир таъкид намуданд, анҷирро беҳуда меваи биҳиштӣ намегӯянд. Анҷири зард ва сиёҳранги нокмонанд аз витаминҳо ғанӣ буда, ба инсон саломатӣ, бардамӣ, ҷавониву зебоӣ мебахшад. 
Бино ба фикри мутахассисон, анҷири Боғибаланд нисбат ба анҷирҳое, ки дар гӯшаву канорҳои дигари мамлакатамон парвариш мешаванд, бо микроэлементҳо ва хусусиятҳои шифоияш тафриқа дорад.  Ҳоло дар ҳудуди мазкур 4 хоҷагии фермерӣ вуҷуд дошта, 65 нафар бо анҷирпарварӣ машғуланд.
– Боғибаланд воқеан яке аз 12 боғи Амир Темур аст, – гуфт раиси хоҷагии фермерии «Боғибаланд» Рустам Муинов. – Боғ таърихи тӯлонӣ дошта, дар миёнаҳои асри XIV бунёд шудааст. Соҳибқирон ниҳоли анҷирро аз Испания оварда будааст... Алҳол дар 40 гектар 10 ҳазор бех анҷир парвариш карда мешавад. 
Меҳмонони хориҷӣ низ дар ид иштирок карда, анҷир ва маҳсулоти аз он тайёркардашударо бошавқ тамошо ва истеъмол намуданд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА.
Вилояти САМАРҚАНД.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: