БИНОИ «МАРКАЗИ МАҲАЛЛА» КУШОДА ШУД

Имрӯзҳо, ки дар саросари мамлакатамон шукӯҳи ҷашни истиқлол ҳис карда мешавад, дар вилояти Навоӣ бинои «Маркази маҳалла» ба истифода супурда шуд.

Маҳалла сарчашмаи тарбия, гаҳвораи некӣ, Ватани хурд андар Ватан аст. Маҳалла аз қадимулайём маскани меҳру оқибату накӯӣ, гаҳвораи маънавиятест, ки арзишҳои милливу урфу одатҳоро аз аҷдод ба авлод мерасонад. Маҳалла дар мамлакатамон вазифаи кӯпруки ба худ хосро дар байни давлат ва ҷамъият иҷро намуда, дар ба ҷомеаи васеъ расондани мазмуну моҳияти ислоҳоти васеъмиқёси амалишаванда, кушодадилӣ, мустаҳкам намудани муҳити меҳру муҳаббат, тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳи эҳтиром ба арзишҳои милливу умумибашарӣ ҳиссаи беназир мегузорад.
Солҳои охир бо ташаббуси Президент ба баланд бардоштани нуфузи маҳалла ва васеъ гардондани фаъолияти он эътибори алоҳида дода мешавад. Бахусус, фармони роҳбари давлат «Дар бораи чорабиниҳои боз ҳам такмил додани институти маҳалла» ҳамчун дастуруламали муҳим дар рушди соҳа хидмат мекунад. Доир ба иҷрои фармони мазкур, бо мақсади боз ҳам мустаҳкам намудани мавқеъ ва нақшаи институти маҳалла корҳои зиёде, ки молики эътиборанд, амалӣ мешавад.
Аз ҷумла, соли 2017 шӯрои маҳаллаҳои ноҳияи Конимех, Навбаҳор, Нурато, соли 2018 бошад, ноҳияи Учқудуқ ва Томдии вилояти Навоӣ соҳиби биноҳои алоҳида гаштанд.
Корҳо дар ин самт муттасил давом доранд. Дар арафаи 28-солагии истиқлолият дар маркази шаҳри Навоӣ барои шӯрои маҳаллаҳои шаҳр ва вилояти Навоӣ қад афрохтани Маркази маҳалла, ки дар асоси талаби замон барпо гардида, дорои ҳамаи қулаиҳо мебошад, ба ин мисол шуда метавонад.
Дар маркази мазкур, ки дар муддати кӯтоҳ ба ивази қариб 3 миллиард сӯм бунёд гардид, нафақат барои ходимон, балки барои ҳар як шаҳрванде, ки ба ин ҷо меояд, шароит фароҳам оварда шудааст.
Дар чорабинӣ ҳокими вилояти Навоӣ Қ. Турсунов баромад кард. 

Н. РАҲИМОВ,
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: