МЕҲРИ ВАТАН ВА ИСТИҚЛОЛИЯТ

Ҳар як шаҳрванди Ӯзбекистон бо фахр худро фарзанди ҳамин кишвари офтобрӯя ҳисобида, аз навгониву дастовардҳо, ободонӣ, фаровонӣ, муҳимаш, аз он меболад, ки дар оилааш осоиштагӣ ҳукмрон аст.

Дар арафаи ҷашни истиқлолият мо донистан хостем, ки меҳри Ватан дар дили шаҳрвандонамон то куҷо реша давондааст. Ба ҳамин хотир чанде аз ҳамватанони касбу корашон гуногунро ба суҳбат кашидем. 
Юсуфалӣ ИСҲОҚОВ, соҳибкор аз ноҳияи Паркенти вилояти Тошканд:
– Ватан – ин оила. Вақте шахс аз оилааш дур меравад, бо изтиробу пазмонӣ ҳаракат мекунад, ки корҳояшро ба анҷом расонда ба оғӯши он баргардад. Як пиёла чойро дар гирди дастархон бо оилааш нӯши ҷон кунад. Ман соҳибкор мебошам. Хеле шодам, ки сарвари кишварамон соҳибкоронро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунад. Зиёда аз ҳафт навъи ангур, себу нок, шафтолу, олуболу, анҷир ва дигар маҳсулоти аз замини хоҷагиам зиёдатиро ба Қазоқистону Русия мебарам. Ба туфайли истиқлолият  барои соҳибкорон ҳамаи имкониятҳо фароҳам аст. Тамоми сол баҳри фаровонии дастархони мардум бо меваҳои тару хушк саҳми худро мегузорем. Чашму дили сери халқамон сабаби дилхушии мост.
Зулайхо МАҲМУДОВА, муаллимаи мактаби рақами 9-уми ноҳияи Сайҳунободи вилояти Сирдарё:
– Халқи пурдидаи мо беҳуда «Ватан сар мешавад аз остона» нагуфтаанд. Ватан, Модар, оила – ҳар се муқаддасанд. Вақте зодгоҳро ба хотир меорем, аввало хонаи бобоӣ, падару модар, хоҳару бародар, айёми беғубори бачагӣ пеши назар меоянд. Аз хурдӣ ба адабиёт ва шеър дилбастагӣ доштам, аз ин боис касби омӯзгориро интихоб кардам. Бахши филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқандро хатм намудам. 36 сол боз ба насли наврас аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дарс медиҳам. Ба сифати як омӯзгор хеле шодам, ки мактаби миёнаи умумӣ ёздаҳсола шуд. Бо ташаббуси роҳбари давлатамон ба омӯзгорон ғамхории зиёд зоҳир карда мешавад. Ба наздикӣ дар маҷлиси селекторӣ гуфта шуд, ки маоши омӯзгоронро боз боло мебардоранд. Ин ба дӯши мо бори масъулиятро мегузорад. Лозим меояд, ки тамоми дониш, маҳорат ва саъю ҳаракатамонро ба таълиму тарбияи насли наврас сарф намоем. Сухани зерини ҳикматомези шоир ва маорифпарвар  Абдулло Авлонӣ – «Тарбияи насли наврас масъалаи ҳаёт ва мамоти мост. Ҳаёт ё мамот!» моро водор менамояд, ки ба кори таълиму тарбия аз паси панҷа нанигарем. 
Мавзӯи Ватан дар ашъори бузургон Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҷомӣ, Навоӣ, Ҳофиз, Саъдӣ, Айнӣ, Турсунзода... хеле ҷолиб мебошад. Медонем, ки Саъдии Шерозӣ мусофирати зиёдеро паси сар намудааст. Ӯ ба ҳар манзиле, деҳае, шаҳре, ё кишваре, ки қадам мениҳод, барои мардуми он ҷо аз худ хотираи неке боқӣ мегузошт, ба мардуми кишварҳои бегона, хусусан ҷабрдидаву нотавон дасти ёрӣ дароз мекард. Ва дар айни замон, дар зарфи сафарҳои чилсолааш ҳаргиз Ватан, хешу ақрабо ва ҳамдиёрони худро фаромӯш накардааст. Баъзан дар ҳолатҳои дилтангию гирифторӣ аз фироқи ёру диёр сухан мегуфт:
Эй боди баҳори
 анбаринбӯй,
Дар пои латофати  ту мирам.
Чун мегузарӣ ба хоки Шероз,
Гӯ: ман ба фалон замин асирам...
Ё ин ки Хоҷа Ҳофиз зодгоҳи худ Шерозро бағоят дӯст медошт ва дар ашъораш онро месутуд. Дар ҷавоби касоне, ки ӯро ба кишварҳои дигар тарғиб мекарданд, фармудааст:
Намедиҳанд иҷозат маро ба сайру сафар,
Насими хоки Мусаллову оби Рукнобод.
Хушо Шерозу вазъи бемисолаш,
Худовандо, нигаҳ дор аз заволаш!
Ишқи Ватан дар шеъру достонҳои Мирзо Турсунзода низ мавқеи алоҳида дорад. Масалан, дар «Ватан» ном шеъраш меҳри Ватан ва ёру диёрро тараннум намудааст:
Агарчӣ борҳо афтодам аз ёру диёрам дур,
Ба сайёҳӣ маро 
карданд гарчӣ дӯстон машҳур.
Вале ман дар ҳама ҷо, 
дар ҳама кунҷу канори даҳр,
Ҳамеша бо Ватан будам, ҳамеша бо Ватан масрур.
Ман фикр мекунам, ки чунин байтҳои саршор аз меҳри Ватан муҳаббати шогирдонро ба Ватани азизамон – Ӯзбекистони биҳиштосо дучанд мегардонад.
Ҳилола РАҶАБОВА, шифокор:
– Ман ҳамсоли истиқлол мебошам. Аз кӯдакистон сар карда то давраи мактабхонӣ, айёми донишҷӯӣ дар донишкадаи тиббӣ, солҳои аввали оиладорӣ, таваллуди фарзанди нахустин – ҳама дар давраи истиқлолият – даврони оромиву осудагӣ паси сар шуданд. Дар тӯли ин солҳо эътибор ба соҳаи тиб –ба вуҷуд овардани насли ҷисмонан ва рӯҳан солим пурзӯр буд. Солҳо дар алоҳидагӣ «Соли модару кӯдак», «Соли насли солим» номида шуданд, ордени «Соғлом авлод» таъсис дода шуд, бемористонҳои нав ва ташхисгоҳҳои замонавӣ бунёд гардида, бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ҷиҳозонида шуданд.
Алҳол дар поликлиникаи оилавии рақами 37-уми шаҳри Тошканд чун шифокори бачаҳо кор мекунам. Аз он мефахрам, ки дар муолиҷаи кӯдакони дӯстрӯву беғубор, ки ояндаи Ватани маҳбубанд, саҳм мегузорам. 

Мусоҳиб
С. БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори
 «Овози тоҷик».     

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: