ҲАМКОРӢ ДАР СОҲАИ ТАЙЁР КАРДАНИ КАДРҲОИ ИДОРА

Дар маҷаллаи Ҷамъияти олмонӣ оид ба ҳамкории байналхалқӣ бахшида ба ҳамкории Ӯзбекистону Олмон дар доираи Барномаи тайёр кардани кадрҳои идоракунӣ маводҳо нашр шуданд.

Дар он таъкид мегардад, ки аз соли 2006 сар карда бо ёрии барномаи мазкур аллакай беш аз 400 менеҷерҳои Ӯзбекистон дар ширкатҳои бонуфузи Олмон коромӯзӣ карданд. Дар доираи ташрифи расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба ҶФО моҳи январи соли 2019 дар Берлин созишномаи байниҳукуматӣ ба имзо расид, ки дароз кардани амали Барномаи тайёр кардани кадрҳои идораро ба ду соли оянда пешбинӣ менамояд. 
Бинобар ақидаи Котиби давлатии Вазорати федералии иқтисодиёт ва энергетикаи Олмон К. Дёрр-Фосс иқтидор барои васеъ гардондани ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузории байни Ӯзбекистон ва Олмон пурра истифода нашудааст. 
«Созишномаи муштарак дар бораи мустаҳкам кардани ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, ки аввали соли ҷорӣ ба имзо расидааст, инчунин дар бораи идома додани ҳамкорӣ дар доираи Барномаи тайёр кардани кадрҳои идора аз омодагии ҷониби Олмон ба дастгирии фаъоли ислоҳот дар Ӯзбекистон далолат медиҳад», таъкид менамояд муаллифони мавод.
Ба сифати мисоли татбиқи бомуваффақияти барнома ширкати «Nika Farm Servis» оварда мешавад, ки директори он Азиза Худойбердиева иштирокдори он гардид.
Чи хеле, ки нашри олмонӣ таъкид менамояд ширкати «Nika Farm Servis», ки дар Тошканд ҷойгир шудааст, истеҳсолгар ва дистрибютори иловаҳои доругӣ ва хӯрокворӣ мебошад. Ширкат соҳиби шабакаи замонавии дорухонаи «Oxymed»-и дар мамлакат замонавӣ, инчунин ширкатҳои дигари дорусозӣ мебошад. Дар ин ҷо қариб 700 кормандон кор мекунанд. Бинобар ҷамъбасти соли 2018 гардиши моли ширкат ба қариб 200 миллион евро расид. 
Аммо ширкат бо ин комёбӣ қонеъ нагардида, ҳамеша дар болои бизнес-ғояҳои нав кор мекунад. Ба мақсади васеъ гардондани номгӯйи маҳсулот, хусусан дар соҳаи воситаҳои табиии доруворӣ, ки дар айни ҳол дар тамоми ҷаҳон васеъ оммавӣ мегардад, А. Худойбердиева аз Барномаи тайёр кардани кадрҳои идора истифода бурда, ба Олмон ташриф овард.
Факти дар доираи лоиҳаи байналхалқии «Фитотека» аз соли 2015 бо истеҳсолгарони олмонии воситаҳои дорувории табиӣ ҳамкорӣ кардани «Nika Farm Servis» нақши муҳим бозид.
Бо назардошти  пешомади хуби сектори тиббиёти табиӣ дар Ӯзбекистон ширкати «Nika Farm Servis»  ният дорад, соле камаш 5 фитотека созмон диҳад.
Кормандони ширкат мунатазам дар Олмон таҳсил мегиранд. Чунки комёбии дарозмӯҳлат ва устувори ширкат пеш аз ҳама аз дараҷаи салоҳияти касбии кормандони он ва сифати молҳои дорусозӣ вобаста мебошад. 
А. Худойбердиева дар доираи барнома ба Олмон ташриф оварда, бо як қатор истеҳсолгарони доруҳои табиӣ вохӯрд ва бинобар истеҳсоли литсензионии чунин маҳсулот дар Ӯзбекистон таклиф пеш гузошт. 

ОИ «Дунё»,
БЕРЛИН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: