БО АШКИ ШАШҚАТОР НАВИШТ

Баҳром Истамқулов бо китобҳои «Бо дуои модар» ва «Дарси ҳаёт» соҳибқалам ва соҳибистеъдод будани худро исбот карда буд.

Ба ин сабаб камина ба ӯ гуфта будам, ки аз байни ин ҳикояҳои навишта чопкардааш қариб маводи як роман фароҳам омадааст ва ташвиқ кардам, ки саргузашти зани муштипар Назокатро пурратар рӯи қоғаз оварад. Солҳои ҷанги зиддифашистӣ ба сари мардуми мо чӣ балоҳое, чӣ фоҷеаҳое овард, бисёр навиштаанд. Баҳром Истамқулов солҳои ҷанг ва баъдиҷангиро дар як давраи калон то соли 1970 ба тасвир мегирад. Ба сабаби он ки маводи тасвиршаванда хеле калон аст, дар бисёр маврид мухтасарбаёнӣ мекунад.
Фардҳои ин асар барои атрофиёни ин адиб шинос намоянд ҳам, дар воқеъ, роман эҷоди бадеии нависанда аст ва адиб ҳақ дорад, аз одамони ба ӯ шинос прототип интихоб кунад. Дар байни онҳо одамоне чун Фахрӣ, ки мисли падараш Норбой тарбия надидааст, низ ҳастанд. Нависанда бо ин асар исбот мекунад, ки Назокат барин инсонҳои покиза ва нармдилу меҳрубон худашон намемиранд, балки онҳоро, пеш аз ҳама, атрофиён бо муносибати дурушту аҳмақона азобҳои рӯҳиву ҷисмонӣ дода, аввал ба бистари беморӣ, баъд ба қабристон мекашанд. Дар ин маврид на муллои хирадманд – мулло Бадриддин, на котиби ҳизби ноҳия (бародари Назокат), на раиси деҳшӯро (Дӯмхола), на раиси кумитаи занони ноҳия илоҷе ёфта тавонистанд. Назокат дар ҳар куҷое, ки кор мекунад, мебинад, ки ӯ барин шахси ҳалолкор ва ростгӯй ба роҳбарон мақбул нест. Ӯ ҳам дар кору ҳам дар оила тарафдор надорад. Хусусан, ба дами найрангҳои ифлосии Ҳоҷар афтидани фарзандони аввалинаш Хурраму Моҳинур барои ӯ кофист, ки аз асабоният ба бемории захми меъда дучор шавад. Болои мурда сад чӯб гуфтагӣ барин лату кӯби шавҳараш, рафторҳои аҳмақонаи ӯ, ки хонаводаро қашшоқ мекунад, хусусан, нашъаманд шуданаш, марги писараки паҳлавонсураташ Ёрқул ва дар охир муносибати сарди модари худаш ӯро ба бистари марг кашиданд. Илова бар ин, азоби зиндагии солҳои ҷанг ва баъдиҷангиро намегӯед.
Боз як қаҳрамони мусбат низ ҳаст, ки Рустам ном дорад. Ӯ низ инсони покизаахлоқ ва мисли модараш некандеш аст. Ӯ низ ба азоби модарандари девсурат тоб наоварда, ба хонаи тағояш меравад ва тағояш ӯро бераҳмона истисмор мекунад, ҳол он ки мудири тарабхонаи шаҳр ва сарватманд буд. Рустамро азобу машаққатҳо аз роҳи рост бароварда натавонистанд, зеро ӯро аз ҷиҳати маънавӣ мулло Бадриддин ва Назокат тарбия кардаанд.
Баҳром Истамқулов бо ашки шашқатор ин романро навишт ва ман низ бо чашмони пуроб хондам.
Табиист, ки ҳар як адиб дар эҷоди худ воқеаву саргузаштҳои худро истифода мебарад. Баҳром Истамқулов дар ин бобат истисно нест. Ин мушоҳидаҳои шахсии ӯ барои зиндатар ба ҷилва овардани муҳити солҳои баъдиҷангӣ хизмат кардаанд.
Баҳром Истамқулов худбинии Норбойро дар характери ӯ дар як ҷои романаш ин тавр тасвир кардааст: «Норбой ба дастархон дуо хонд, дуои ӯ ҷаҳор калима буд: тани сиҳату хотири ҷамъро аз Офаранда мепурсид, халос».
Тани сиҳату хотири ҷамъро Худо ба кӣ диҳад, танҳо ба ӯ ё ба зану фарзандонаш низ?
Вақте Рустами хурдсол ба роҳи дур, яъне аз кӯҳҳои Оқсой овардани барраҳо меравад, падараш не, модараш сиҳат рафта сиҳат биё, бачем гӯён дуо мекунад.
Мо хонандагон дар образи Фахрӣ мебинем, ки ин иллати инсонӣ, яъне худпарастӣ ирсӣ низ будааст. Ҳамаро тарбия кардан мумкин, аммо Фахриро не, зеро ки ботинаш ба эгоизми падараш реша дорад.
Дар ин асар персонажҳои меҳварӣ Назокат ва Рустаманд.
Модари Баҳром Истамқулов Уламо ном дошт ва ҳавлии падараш дар деҳаи камина буд. Модарам ба Уламоойтӣ унс гирифта буданд ва агар дар оилаи мо муаммое пеш ояд, дар ин маврид Уламоойтӣ ин тавр мегуфтанд, гӯён дар ғайби он кас мувофиқ ба дастурашон рафтор мекарданд. Дар офаридани образи Назокат Баҳром Истамқулов ба саргузашти ҳамин шахсияти ба дилаш наздик такя кардааст.
Нависанда ҳароратсанҷи ҷамъият аст. Ҳарорати организми ахлоқи ҷамъият, вазъи рӯҳии онро нишон дода меистад. Нависандаи ин роман таъкид мекунад, ки инқирози ахлоқӣ ба инқирози иқтисодӣ оварда расонидааст.
Забони асар адабии комил нест. Мақсади нависанда ба забони мардуми Самарқанд асаре навишта, онҳоро ба хондани асарҳои адабӣ одат кунондан будааст. Камина вақти таҳрир кӯшидам ин услуби хоси адибро, ки ҷо-ҷо оҳанги публитсистӣ дорад, нигоҳ дорам. Китобҳои аз ин пеш навиштаи Баҳром Истамқулов низ бо забони содда буд ва ба ҳамин сабаб зуд паҳн шуду онҳоро имрӯз пайдо карда наметавонед.
Баъзеҳо хоҳанд гуфт: Рустам ин худи нависанда будагист! Ба ҳар ҳол ҳам Назокату ҳам Рустам қаҳрамонҳои дӯстдошта хоҳанд шуд.
Ҳар як хонандаи ин китоб баъди хондани он орзу мекунад, ки давоми саргузашти Рустамро бифаҳмад.
Умедворам, ки Баҳром Истамқулов давоми саргузашти Рустамро хоҳад навишт, зеро ба қавли худаш нақшаҳои зиёде дар пеш ҳастанд.

Адаш ИСТАД,
узви Иттифоқи 
нависандагони Тоҷикистон.

АЗ ИДОРА: ҳангоме ки ин шумора саҳифабандӣ мешуд, хабар расид, ки Баҳром Истамқулов пас аз беморӣ вафот кард. «Овози тоҷик» ба аҳли байт ва пайвандони марҳум таъзия изҳор менамояд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: