АЗ АМОНӢ ГУФТУГӮ ДОРЕМ МО…

Ба муносибати анҷумани байналхалқии «Истиқболи ҳамкории яҳудиёни Бухоро ва Самарқанд» беш аз 300 нафар меҳмонон аз бисёр мамлакатҳои ҷаҳон ба Самарқанд омаданд.

Ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов меҳмонони олиқадрро хуш пазируфт ва ба онҳо ифтихорномаву туҳфаҳои хотиравӣ супурд.
Сипас, ба меҳмонон оиди ҳамкории савдову иқтисодӣ ва сармоявӣ дар мамлакатамон, рушди сайёҳӣ, корҳои амалишаванда дар татбиқи васеи корҳои инноватсионӣ маълумот дода шуд. Дар бораи барқарор намудани ҳамкорӣ, иваз намудани таҷриба бо яҳудиёни бухороӣ дар соҳаҳои туризм, тиббиёт, сохтмон, косметология, заргарӣ ва ғайра таклифҳо пешниҳод гардид.
– Мо дар Ӯзбекистон худро мисли дар хонаи худ ҳис менамоем, – гуфт президенти конгресси яҳудиёни бухороии ИМА ва Канада Борис Қандов. – Нисбати ислоҳоти ин мамлакат бетараф нестем. Комёбиҳои бадастомадаро бо мамнуният қабул мекунем. Тадбиркоронеро, ки хоҳиши саҳм гузоштан дар равнақи Ӯзбекистон доранд, дастгирӣ менамоем, ба онҳо кӯмак мерасонем.
Дар доираи форум тақдимот бахшида ба фаъолияти тадбиркорони маҳаллӣ, салоҳияти инвеститсияи вилоят баргузор гардид.
Дар байни тадбиркорони маҳаллӣ ва вакилони конгресси яҳудиёни бухорӣ барои ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиб, заргарӣ, сохтмон, туризм ва ғайра муоҳида ба даст омад.
– Мо аз сафар бо як олам таассурот ба қитъаи Амрико бозгашт мекунем, – иброз дошт сардабири рӯзномаи «Zamon times» Рафаэл Некталов, – зеро дар Самарқанд меҳмоннавозӣ табъи дил гардид. 
Шиори мо, ба қавли устод Мирзо Турсунзода «Аз амонӣ гуфтугӯ дорем мо».
Инчунин дар қабристони яҳудиёни Самарқанд маҷмӯаи ёдгорӣ кушода шуд.
Ҷонишини Сарвазири Ӯзбекистон Азиз Абдуҳакимов ва дигарон баромад намуда, аз қадимулайём дар ҳудуди мамлакатамон осоишта зиндагӣ кардани яҳудиёни бухорӣ, беш аз пеш инкишоф ёфтани робитаҳои ҳамкории байни халқҳоямонро эътироф карданд.
Дар маҷмӯа майдони хотира, лавҳаи ёдгорӣ ба хотираи шахсе, ки ба қабристони мазкур асос гузоштааст, пайкараи «Модари мотамзада» ҷой гирифтаанд.
Ба муносибати 185-солагии ташкил шудани қабристони мазкур, 85-солагии ибодатхона (каниса)-и яҳудиён ва барпо гаштани ин тадбир вакилони ҷамоаҳои яҳудиёни бухорӣ аз ИМА, Олмон, Исроил, Австралия, Канада, Русия ба Самарқанд омаданд.
Бояд гуфт, ҳоло дар Ӯзбекистон беш аз 4 ҳазор нафар яҳудиёни бухорӣ истиқомат мекунанд.

З. ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: