«МАН ҲАМ ШОГИРДИ ҲАМИН МАКТАБ»

Пӯшида нест, ки тақдири ҳар як мамлакат, гузашта аз ин тақдири халқу миллатҳо бо кадрҳо вобастагии узвӣ дорад.

Яъне бе кадрҳои «заргари касби худ» на мамлакат рӯ ба тараққӣ мениҳаду на халқу миллате нашъунамо меёбад. Бинобар ин сарвари давлат ва ҳукумати кишвар масъалаи тайёркунии кадрҳоро дар радифи омилҳои муҳимтарини рушди мамлакат қарор додаанд. 
Соли таҳсили нави имсола дар мамлакатамон бо навгонии то ин дам гӯшношунид оғоз ёфт. Роҳбарони зинаҳои гуногуни вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ба мактабҳо омада, нахустин дарси соли хониши навро гузаштанд ва ин иқдоми нек идома дорад. Хонандагони мактабҳои таълими ҳамагонии вилояти Сирдарё рӯзи ҷумъаро бесаброна интизор мешаванд. Зеро дар ин рӯз роҳбарони касбу корҳои гуногун ба мактабҳо омада дарс мегузаранд. 
Ба наздикӣ рӯзноманигори моҳир, хабарнигори махсуси рӯзномаи «Халқ сӯзи» дар вилояти Сирдарё Аҳмадалӣ Шерназаров меҳмони хонандагони мактаби рақами чоруми шаҳри Ширин буд ва ба хонандагони синфи хатмкунанда дарси маънавият гузашт. 
– Ман ҳам дар ҳамин мактаб хонда будам, – гуфт ӯ ба хонандагон, – ва ҳамеша бо мактабу устодони хеш ифтихор дорам. Ҳоло шумо – азизонро мебинаму солҳои мактабхониам ба ёд меоянд ва ҳавас мекунам ба шумо. Дар замони мактабхонии мо – солҳои шастуми асри гузашта, шароит дигар буд. Албатта қиссаи он рӯзгорро шумо аз бобою бибиҳоятон шунидаед ва ҳоҷати такрор кардан нест. Ҳоло Президент ва ҳукумати ҷумҳуриамон барои бо рӯҳи муқтадиру маънавияти воло тарбия ёфтани насли наврас ҳама имкониятҳоро муҳайё кардаанд. Зеро тақдири ояндаи мамлакатамон дар дасти шумо, азизон аст. Ман бовар дорам, ки бори ин масъулиятро шумо аллакай эҳсос мекунед. Мо калонсолон – аз падару модаратон то Президенти кишвар ба шумо чашми умеду эътимод дӯхтаем. Китоб хонед, зеро китоб тамоми дарҳои зиндагиро ба рӯятон мекушояд. 
Дарси маънавият бо саволу ҷавоб оид ба касбинтихобкунӣ анҷом ёфт. Маълум шуд, ки дар байни хонандагони синф дилбохтагони касби рӯзноманигорӣ низ кам набудаанд. 

Тӯхтамиши БОҚӢ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик»дар вилояти Сирдарё.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: