ДОМОДИ АМРИКОӢ

Ҳикояи воқеӣ

Мард ба гурӯҳи одамони дар қафояш буда ишора карда бо забони англисӣ фаҳмонд, ки сайёҳанд.
Мусофирони аз Ню-Йорк омада ба таксӣ, автобусҳои ширкати сайёҳӣ ва ба мошинҳои хешу таборони худ савор шуда мерафтанд. Дар майдон ҳар лаҳза сафи мусофирон кам мешуд. Шояд Ҷеймс бо сабабе ба ин самолёт савор нашуд? Ё шояд ман ӯро надида мондам? – дилхӯрӣ мекардам ман.
Ниҳоят аз дари бинои фурудгоҳ марди лоғари заифпайкар бо мӯйҳои зарду дарози то сари китф, ришу мӯйлаби расида, шиму костюми ғиҷимшуда ҷомадони хурдеро кашолакунон берун баромад.
– Домоди мо ҳамин бошад? Не-е. Ӯ мисли майзадаҳо-ку? – гуфтам дар дил. Шояд ӯ ҳанӯз дар дохили аэропорт аст. Ё дар масъалаи ҳуҷҷат бо ӯ мушкиле пеш омад?
Чашми ман ҳанӯз сӯйи дари фурудгоҳ буд, ки ҳамон марди зардмӯ ба таги биниям омада, номашро гуфта, ба сӯям дасти лоғарашро дароз кард.
Дасти сардашро фишурда, бо ҳайронӣ аҳволпурсӣ мекардам, ки ба димоғам аз ӯ бӯйи шароб омад. 
Равшантағоям ҳамроҳи падару модари пир ва аҳли оилаи писарашон – Рустам дар гузари номдори Чорраҳа зиндагӣ мекунанд. Шарм доштам, ки меҳмони амрикоиро бо ин шаклу шамоил ба назди онҳо барам. Аз ин рӯ, аввал ӯро ба ҳаммом, сонӣ ба сартарошхона бурдам. Баъди ришгирӣ ва кӯтоҳ кардани мӯй андак ба одам монанд шуд.
«Одаму либос – хонаву палос» гуфтаанд. Аз Универмаги марказии Тошканд барои «домод» костюму шими сиёҳ, куртаи сафед, галстук, туфлии сиёҳ, се ҷуфт ҷуроб харидам.
Сарупойи нав ба Ҷеймс зебид. Қиёфааш хеле тағйир ёфт. Дар оинаи мағоза қаду қомати худро дар либоси наву зебо тамошокунон беихтиёр табассум мекард. Баъди пешин дар ошхона палав мехӯрдем, ки меҳмонро хумори шароб гирифт. Аммо ман гуфтам, ки фаромӯш накун, ту домоди нав ҳастӣ. Аз рӯйи расму оини мо домоди баодоб ба хонаи падарарӯс сархушу сармаст намеравад.
Дар роҳ бо Ҷеймс хеле суҳбат оростем. Маълум шуд, ки ӯ ду бор издивоҷ карда, ду бор ҳам аз занҳои баду балояш ҷудо шудааст. Се фарзандаш ҳоло бо модарашон дар штатҳои гуногуни Амрико зиндагӣ доранд ва падар аз ҳоли онҳо бехабар, яъне зиндаҷудост. Ҷеймс дар бинои сиошёнаи Бруклин соҳиби як хонача будааст, касбаш сантехник.
Соати нӯҳи шаб ба Самарқанд расидем. Равшантағоям «домод»-ро самимона пешвоз гирифта, ба меҳмонхона дароварданд.
Сарвинозкелин дав-давон рӯйи миз дастархон меорост, ки бобои 85-солаам асозанон ба хона даромаданд.
– Ин мард кист? – ба меҳмон ишора карда пурсиданд бобоям аз ман.
Гумон кардам, ки бобоям аз асли воқеа бохабаранд, аз ин рӯ, гуфтам:
– Ин кас домоди наватон, бобо. Бо Сарвинозкелин аз ақди никоҳ гузашта, баъд ӯро бо писарчааш ба Амрико мебарад.
– Девона шудед? Ин гап аз куҷо баромад? Кадом аҳмақ келинашро ба дасти марди хориҷии ношинос додаст?
Бобоям бо ғазаб асояшонро ба замин зада, фарёд мекарданд. Гӯё ин ҳилаю найранг аз ман баромада бошад, он кас оташи қаҳру ғазабашонро ба сарам мерехтанд. Аз тарси зарбаи асои бобо курсиямро бардошта, каме дуртар нишастам.
– Арӯси моро ба Амрико бараду «ин зани қонунии ман, намедиҳам» гӯяд чӣ мешавад? Аз афту башареш маълум, ки зан надорад.
– Мулло-бобо, – якбора ба гап даромад Сарвинозкелин. – Ақди никоҳи мо дурӯғин, яъне сохта мешавад. Ба Ню-Йорк, ки расидем, наберетон маро пешвоз гирифта, ба хонаашон мебаранд. Мувофиқи қонуни он ҷо баъди се сол ин ақди никоҳро бекор мекунем...
Домоди амрикоиро баъди ақди никоҳ аҳли хонаводаи Равшантағоям як моҳи дароз меҳмондорӣ карданд. Бовар кунед, ӯ аз санбӯсаву мантухӯрӣ ва майнӯшӣ се-чор кило фарбеҳ шуд.
Ниҳоят, дар аввали моҳи май ману Сарвинозкелин ва писарчаи чорсолаи вай бо Ҷеймс ба сӯйи шаҳри Алмаатои Қазоқистон паридем.
Дар фурудгоҳи Алмаато домоди амрикоиро чанд дақиқа гум карда мондам. Баъди лаҳзае аз куҷое май нӯшида, андак сархуш шуда омад. «Барои шердил шудан камтарак гирифтам» – худро сафед кард ӯ. Хеле асабӣ шудам. Мехостам лаънатиро як шапотӣ занам, вале астағфирулло гуфтам. Дар чунин рӯзи тақдирсоз кадом одами бовиҷдон арақ менӯшад?
Пушти дарвозаи сафоратхонаи Амрико беист қадам зада, аз Худои меҳрубон хоҳиш мекардам, ки ба Сарвинозкелин ва Рустам-ҷӯраам мадад намояд. Аммо «омад ба сарам, аз он чӣ метарсидам». Ҳарду аз сафоратхона сархаму парешон баромаданд. Маълум шуд, ки домоди гаранг дар хусуси ҷойи кор ва маошаш ҷавоби дуруст надодааст.
– Бо ин маоши ночиз ин занро бо фарзандаш таъмин карда наметавонӣ, – гуфтааст консул.
Баъди як ҳафта Ҷеймс танҳо сӯйи Ню-Йорк парид. 
– Хайрият, ки аз ин майзада халос шудам, – гуфтам дар дил. Аммо расо баъди як сол айнан дар ҳамин моҳ ӯ боз ба Тошканд омад. Боз ӯро пешвоз гирифта, аввал ба ҳаммому сартарошхона бурдам. Сонӣ ба мағозаи либос даромадем. Ин дафъа адвокати шиноси амрикоӣ аз хусуси даромади моҳона ва солонаи Ҷеймс ҳуҷҷатҳои зиёдеро ба дасташ дода, ба саволҳои консул чӣ гуна ҷавоб доданро низ омӯхта буд. 
Сафари дуюми мо ба шаҳри Алмаато сад шукр, ки бобарор гузашт. «Домоди амрикоӣ» ва «арӯси самарқандӣ» аз дари сафоратхона хурсанд баромаданд. Тақрибан баъди понздаҳ-бист рӯз Сарвинозкелину писарчааш бо роҳбаладии меҳмон ба сӯйи Амрико париданд.
Баъди ин воқеа ҳар бор, ки писари тағоям аз Ню-Йорк занг мезад, ман аз хусуси Ҷеймс мепурсидам. Боре ӯ чунин дарди дил кард:
– Росташро гӯям, ҷӯра, дандон ба дандон монда, ба нозу нузаш тоқат карда гаштем. Мулоимхунук вақту новақт «зани ман канӣ?» гӯён хандида сархуш ба хона меояд ва аз мо пулу шароб талаб мекунад.
Агар хоҳишаш иҷро нашавад, таҳдидкунон мегӯяд, ки «Ба полис хабар медиҳам. Барои никоҳи дурӯғин аз рӯйи қонуни Амрико чор сол аз озодӣ маҳрум шудан мумкин».
Дина бевақтии шаб омад. Медонӣ ба занам чӣ гуфт: «Санбӯсаи Самарқандро ёд кардам. Ту чӣ хел зан ҳастӣ, ки хоҳиши шавҳари қонуниятро иҷро намекунӣ? Ба шарофати ман ту дар ин кишвар зиндагӣ дорӣ. Ман набошам, ту Амрикоро дар хоби шабат намедидӣ». Сарвиноз дид, ки аз ӯ халосӣ нест, зуд завола гирифта, санбӯса пухт. Ду қадаҳ шароб нӯшида, сархуш баромада рафт. 
Боре ба Рустам гуфтам:
– Агар Ҷеймс ба полис аз хусуси никоҳи сохта хабар диҳад, худаш ҳам гирифтори маҳбас мешавад. Вай аз ин наметарсад?
– Ҳамин гапро ман ҳам боре ба ӯ гуфтам. Медонӣ, чӣ ҷавоб дод? «Марди танҳои безан чӣ зиндагӣ дорад? Аз ин зиндагие, ки ман дорам, зиндон беҳтар».
Хуллас, писари тағои бечораам, ки ба ивази бист ҳазор доллар ҳамсарашро ба Амрико бурда буд, қариб се соли умрашро бо фикри қарздиҳӣ ва халосӣ аз Ҷеймси берӯю беор гузаронд.
Ниҳоят, баъди се соли расо суди Бруклин ақди никоҳи шаҳрванди Амрико Ҷеймс Барро бо Сарвиноз бекор кард. 
Баъди се соли интизорӣ Сарвиноз бо писарчааш барои истироҳати якмоҳа ба Самарқанд омад. Рости гап, мо хешовандон, ӯро дида тарсидем. Ба қавле, пӯсту устухон шуда буд. Пироҳани кӯтоҳи танаш на гиребон дошт, на остину камзӯлча. Мӯйи сиёҳашро кӯтоҳу зард, абрӯи ғафсашро мисли ришта борик карда буд. Хуллас, аз Сарвинозкелини нозанин на сарв монда буду на ноз.
Ӯро дида бо дилсӯзӣ гуфтам:
– Чаро ин қадар лоғар шудед? Магар бемор будед?
Ӯ сархам чунин ҷавоб дод:
– Корам хеле мушкил буд. Хонаи сеошёнаи бойзани яҳудиро аз субҳ то бевақтии шаб рӯбучин мекардам. Барои аҳли оила ва меҳмонони бисёраш хӯрок мепухтам. Хайрият, ки ҳамаи мушкилиҳо паси сар шуд, – оҳи вазнин кашид Сарвинозкелин. – Муҳимаш, моҳи гузашта аз қарз халос шудем. Бе фикри қарз, озод зиндагӣ кардан чӣ қадар хуб аст.
– Аз Ҷеймс ҳам сиҳат-саломат халос хӯрдед? – суол додам ба ӯ. 
Бо шунидани номи Ҷеймс табассуме, ки нав дар рӯяш медамид, нопадид гашт.
Гӯё хоби бади дидаашро ба ёдаш оварда бошам, ғамгинона ин ҳарфҳоро ба забон овард:
– Аз ин марди майпараст барои халосӣ маҷбур шудем, ки аз Бруклин ба шаҳраки Монҳеттен кӯчем. Илоҷи дигар набуд.
Сарвинозкелин баъди андаке бо аламу таассуф зери лаб худ ба худ ғурунгос зад:
– Илоҳӣ, дигар рангу рӯяшро набинам-е!

Маҳбуба НЕЪМАТЗОДА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: