ДАР БОРАИ ЧОРАҲО ОИД БА МИНБАЪД ТАКМИЛ ДОДАНИ СИЁСАТИ АНДОЗИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН

Дар доираи Консепсияи такмил додани сиёсати андози Ҷумҳурии Ӯзбекистон бинобар коҳиш додани сарбории андоз ва кам кардани номутаносибӣ дар андозситонӣ аз субъектҳои соҳибкорӣ чораҳо татбиқ шуданд.

Бо мақсади таъмин кардани устувории бозори истеъмолӣ, фароҳам овардани шароит барои баланд бардоштани рақобатпазирии истеҳсолгарони ватанӣ, инчунин ташаккул додани «занҷир»-и пайвастаи андози арзиши иловагӣ:
1. Аз 1 октябри соли 2019 ставкаи андози арзиши иловагӣ аз 20 то 15 фоиз кам карда шавад.
2. Тартиби дарамали аз ҷониби мақомоти хидмати давлатии андоз боздоштани амалиёт бинобар ҳисобҳои андоздиҳандагон дар бонкҳои тиҷоратӣ бекор карда шавад.
Вазорати молия якҷоя бо Кумитаи давлатии андози Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо назардошти таҷрибаи пешқадами хориҷӣ дар лоиҳаи таҳрири нави Кодекси андози Ҷумҳурии Ӯзбекистон тартиби аз ҷониби мақомоти хидмати давлатии андоз боздоштани амалиётро  бинобар ҳисобҳои андоздиҳандагон дар бонкҳои тиҷоратӣ ба муҳлати на зиёд аз 30 рӯз дар асоси натиҷаҳои «таваккал-таҳлил» ва гузарондани чораҳои пешгирикунанда ба назар гирад.
3. Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳангоми тайёр намудани лоиҳаи Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои соли 2020-ум инҳоро ба назар гирад:
аз 25 то 12 фоиз кам кардани ставкаи пардохти ягонаи иҷтимоӣ  барои корхонаҳои давлатӣ, шахсони юридикӣ, ки дар фонди оинномавиашон (сармояи оинномавӣ) ҳиссаи давлат то 50 фоиз ва беш аз он мебошад, инчунин барои шахсони юридикӣ, ки дар фонди оинномавиашон (сармояи оинномавиашон) 50 фоиз ва аз он бештараш  ба шахси юридикии ҳиссаи давлатиаш то 50 фоиз ва аз он беш  ва зершуъбаҳои сохтории он тааллуқ доранд;
муқаррар намудани ставкаи базавии андози даромади шахсони юридикӣ ба миқдори 15 фоиз бо нигоҳ доштани ставкаи андози даромад, ки дар намуди дивидент дода мешавад;
бекор кардани тартиби соддаи ҳисоб кардан ва пардохтани андози арзиши иловагӣ.
4. Муайян карда шавад, ки аз 1 октябри соли 2019 ҳосили ҷамъи пардохти ягонаи андоз, ки пештар ба ҳисоби Фонди ғайрибуҷавии нафақаи назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон гузаронда мешуд, ба буҷаҳои Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, буҷаҳои маҳаллии вилоятҳо ва шаҳри Тошканд гузаронда мешаванд.
5. Кумитаи давлатии андоз, Кумитаи давлатии гумрук, Вазорати молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимиятҳои вилоятҳо ва шаҳри Тошканд якҷоя бо Ширкати миллии телевизиону радиои Ӯзбекистон, вазорату идораҳои дигари  манфиатдор васеъ фаҳмондани моҳият ва мазмуни Фармони мазкурро, аз он ҷумла, дар воситаҳои ахбори оммавӣ ва шабакаи Интернет ташкил намоянд.
6. Аз 1 октябри соли 2019 ба баъзе ҳуҷҷатҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон мувофиқи замима тағйироту иловаҳо дохил карда шаванд.
7. Назорати иҷрои Фармони мазкур ба зиммаи муовини Сарвазир – вазири молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷ. А. Қӯчқоров ва мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Р. А. Ғуломов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Ш. МИРЗИЁЕВ

Шаҳри ТОШКАНД, 
26 сентябри соли 2019.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: