ШОГИРД БАР ШУМОЕМ

Собиқадори меҳнат Неъмат Ҳоҷӣ Ғозибеков дар деҳаи Янгиариқи ноҳияи Сӯх истиқомат мекунад.

 Баъди хатми мактаби таълими умумии зодгоҳ ба Донишкадаи политехникии Фарғона ҳуҷҷат супурд. Муҳандиси дорои маълумоти олӣ солҳои тӯлонӣ дар сохтмон, ҳамчунин, идораҳои дигар дар вазифаҳои масъулиятталаб софдилона кор кард. Ҳоло дар нафақа аст. 
Ҳанӯз солҳое, ки мактабхон буд, ба адабиёт ва эҷод дилбастагӣ эҳсос мекард, навиштаҳояшро ба радиои вилоятӣ, рӯзномаи ноҳиявии «Ҳаёти нав» (ҳоло «Садои Сӯх») ва «Овози тоҷик» ирсол менамуд. Дар журналистика низ қалам санҷид, хабару мақолаҳояш рӯйи чоп диданд.
Неъмат Ҳоҷӣ нахустин дафтари машқҳои худро бо унвони «Рози дил» ба чоп омода сохтааст, ки аз шеърҳои давраи гуногун фароҳам омадаанд. Вай меҳру муҳаббати худро нисбати зодгоҳ, ҳамдеҳагон, қарибу пайвандҳои хеш дар сурати назмпораҳо баён доштааст. Дар «Сӯхи ман», «Бобои янгиариқиҳо», «Ёди падар», «Аз ҳаёти модарам», «Шукри замон» барин чакидаҳои қаламиаш самимият садо дода, зебоиҳои табиат ҷило намудаанд.
– Даъвои шеъру шоирӣ надорам, – мегӯяд бо фурӯтанӣ муаллиф, – ин тавр шеъргунаҳоро ҳар кас гуфтанаш мумкин. Ҳар яки мо, охир, табиатан дилбохтаи шеър ҳастем. Ба қавли устод Турсунзода, халқи тоҷик табиатан шоир аст. Муҳимаш, набераи бобои Рӯдакӣ будани худро фаромӯш насозем. Забони модариро эҳтиром намоем.
Неъмат Ҳоҷӣ яке аз шеърҳояшро, ки «Устоди мактабиам» унвон дорад, ба муаллими номдори воҳа Салоҳиддин Завҳаров бахшидааст. Мехоҳад бо он ҳамаи устодону мураббиҳоро бо иди касбиашон муборакбод созад.


Устоди мактабиам
Моро кӣ дод таълим?
Салоҳиддин – муаллим.
Устоди дилқаринам,
Устоди беҳтаринам!
Дар роҳи илм бинмуд
Ҳар тори мӯй испед.
Ин умр ончунон рафт,
Ним аср аз миён рафт.
Устод, лек «истод»,
Ӯ монд ҳамчу устод!
Ӯ раҳнамо ҳамон аст,
Ӯ раҳкушо ҳамон аст.
...Субҳи самои моед,
Сулҳу сафои моед, 
Салоҳиддин – муаллим,
Эй ҷонфидои таълим.
Солхӯрдаем гарчӣ,
Солбурдаем гарчӣ,
Тавре будем, моем –
Шогирд бар шумоем!
Бо Рӯзи устодон
Табрик аз дилу ҷон.
Бошед шод, устод,
Сад сол умратон бод!

Неъмат Ҳоҷӣ 
ҒОЗИБЕКОВ,

вилояти Фарғона.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: