ДАҚИҚӢ ВА ПОЙДОРӢ ГАРАВИ МУВАФФАҚИЯТИ ИШТИРОКИ ҲИЗБИ СИЁСӢ ДАР ИНТИХОБОТ

Иштироки ҳизбҳои сиёсӣ дар интихобот нишонаи муҳими интихоботи ҳақиқӣ

Дар таърихи мамлакатамон бори аввал 22 декабри соли 2017 Президент Шавкат Мирзиёев дар муроҷиатномааш ба парлумон дар бораи қонунгузории интихобот, ки дар ҳаётамон аҳамияти муҳим дорад, истода гузашта, алоҳида таъкид карда буд, ки мутаассифона 6 қонун ва як қатор ҳуҷҷатҳои қонунгузории қабулшуда то ҳол ба шакли як ҳуҷҷати том оварда нашудааст ва аз ин рӯ  зарурати тайёр ва қабул кардани Кодекси ягонаи интихоботи ҷавобгӯи меъёру андозаҳои байналхалқӣ ба миён омадааст.  
Дар моддаи 37-уми Кодекси интихобот, ки аз ҷониби Президент 25 июни соли 2019 имзо шудааст, муайян гардидааст, ки “Ҳизбҳои сиёсӣ ҳуқуқи пешбарӣ намудани номзадро ба депутатии Палатаи қонунгузорӣ ва депутатии шӯроҳои маҳаллӣ доранд”.
Дар Кодекси интихобот метавон дид, ки андозаҳои байналхалқии интихобот ва меъёрҳои эътирофшуда имплементатсия карда шудааст.
Аз ҷумла,  моддаи 9-уми Конвенсия “Дар бораи андозаҳои интихоботи демократӣ,  ҳуқуқу озодии интихобот дар давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил” (Кишинёв, 7 октябри соли 2002) “Интихоботи ҳақиқӣ” номида, дар он муайян шудааст, ки “Дар интихоботи ҳақиқӣ намоён кардани иродаи озод ифодашудаи халқ ва татбиқи амалии он таъмин карда мешавад. Интихоботи ҳақиқӣ ба интихобкунандагон имконияти дар асоси Конститутсия ва қонунҳо интихоб намудани номзадҳоро фароҳам меорад. Дар интихоботи ҳақиқӣ плюрализми воқеии сиёсӣ, гуногунии мафкуравӣ ва бисёрҳизбӣ, ки ба воситаи фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ амалӣ гардонда мешаванд, мавҷуд буда, фаъолияти қонунии онҳо таҳти ҳимояи юридикии давлат қарор доранд”.
Аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот 20 сентябри соли 2019 эълон карда шуд, ки маъракаи интихобот оид ба интихоботи депутатҳои Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис ва депутатҳои шӯроҳои маҳаллӣ оғоз ёфт. 
Ба ҳамин муносибат, роҳбарони панҷ ҳизби сиёсӣ, ки дар майдони сиёсии мамлакатамон фаъолият нишон медиҳанд, намояндагони ваколатдори худро таъин карда, барои аз рӯйхат гузарондани онҳо ба Комиссияи марказии интихобот муроҷиат намуда, ҳуҷҷатҳои заруриро тақдим намуданд.
Комиссияи марказии интихобот ҳуҷҷатҳои ба намояндагони ваколатдори шӯроҳои марказии Ҳизби сотсиал-демократии Ӯзбекистон “Адолат”, Ҳизби демократии Ӯзбекистон “Миллий тикланиш”, Ҳизби халқӣ-демократии Ӯзбекистон, Ҳаракати соҳибкорон ва корчаллонҳо –  Ҳизби либерал-демократии Ӯзбекистон ва Ҳизби экологии Ӯзбекистон марбутро дида баромада, дар бораи ба рӯйхат гирифтани намояндагони ваколатдор ва ба онҳо додани шаҳодатномаи (мандат)-и шаклаш муқарраршуда қарор қабул кард.
Алоҳида таъкид кардан ҷоиз аст, ки дар шаҳодатномаи намояндаи ваколатдор инъикос ёфтани нишони рамзӣ ва логотипҳои ҳизби сиёсӣ аз роҳи васеъ кушодан ба плюрализми сиёсӣ далолат медиҳад. 
Маълум, ки мувофиқи Кодекси интихобот бояд ҳизбҳои сиёсӣ камаш имзои 40 ҳазор нафар интихобкунандаро, ки иштирок кардан дар интихоботи худиро дастгирӣ менамоянд, ҷамъ оваранд.
Намояндаи ваколатдори ҳизби сиёсӣ баъди ба даст гирифтани гувоҳномаи қайд аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ба ҷамъоварии имзо шурӯъ менамоянд.
Мувофиқи боз як меъёри нави Кодекси интихобот, яъне  моддаи 38-уми Кодекси интихобот интихобкунандагон ҳуқуқ доранд барои дастгирии як ё якчанд ҳизби сиёсӣ ё  номзад ба варақаҳо имзо гузоранд. 
Ба ҳизбҳои сиёсӣ дар ҷамъ овардани имзои дастгирикунандагон дар ҳоли ба инобат гирифтани вайрон кардан, пурра пур карда нашудани варақаҳои имзо бланкаҳои иловагии варақаҳои имзо дода мешаванд. 
Ҷамъоварии имзоҳои интихобкунандагон аз рӯйи ҷойи кор, хидмат, таҳсил, зист, дар чорабиниҳои пешазинтихоботӣ, инчунин дигар ҷойҳое, ки тарғибот ва ҷамъ овардани имзоҳо бо қонун манъ карда нашудааст, гузаронда мешаванд. Дар ин бобат, интихобкунанда фамилия, исм, исми падар, соли таваллуд (синнаш дар ҳаждаҳ бошад, барилова рӯз ва моҳи таваллуд), нишонии ҷойи зист, серия ва рақами шиноснома, инчунин санаи имзоро нишон медиҳад. 
Ба варақаи имзо аз ҷониби шахсе, ки имзоро ҷамъ овардааст, бо нишон додани фамилия, ном, номи падар, имзо гузошта мешавад, инчунин аз ҷониби роҳбари сохтори ноҳиявӣ, шаҳрии ҳизби сиёсии дахлдор ва муҳр тасдиқ карда мешавад.
Тафтиш намудани дуруст пур карда шудани варақаҳои имзо ва ҷамъ овардани имзо аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ барои иштирок намудан дар интихоботи Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис аҳамияти муҳим дорад.
Дуруст тартиб дода шудани варақаҳои имзоро, ки ҳизбҳои сиёсӣ тақдим намудаанд,  Комисссияи марказии интихобот дар муҳлати панҷ рӯз санҷида, дар бораи вақту ҷойи санҷиш ба ҳизбҳои сиёсӣ пешакӣ маълум мекунад.  
Намояндагони ваколатдори ҳизбҳои сиёсӣ ҳангоми санҷиши варақаҳои имзо аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот иштирок мекунанд. 
Комиссияи марказии интихобот метавонад ҳангоми тафтиши дуруст тартиб дода шудани варақаҳои имзо Гурӯҳи озмоишӣ ташкил намояд. Ба таркиби Гурӯҳи озмоишӣ мутахассисони мақомоти корҳои дохилӣ, мақомоти адлия, инчунин намояндагони институтҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ ҷалб карда мешаванд. 
Аъзои Гурӯҳи озмоишӣ бо эътибор додан ба дуруст пур карда шудани варақаҳои имзо, ислоҳ кардан, мавҷуд будани ислоҳҳои кӯркардашуда, аз ҷониби ҳар гуна шахс пур карда шудан, мавҷуд будани имзоҳои ба ҳам монанд, ислоҳҳои тасдиқшуда ҳар як варақаи имзоро аз назар мегузаронад. 
Дар тафтишҳои визуалӣ варақаҳои имзое, ки дар онҳо ноқисиҳо ва хатоҳои шубҳанок муайян шудаанд, барои мавриди омӯзиши пухта қарор додан, аз он ҷумла барои тафтиш ба воситаи асбобҳои махсус интихоб мегарданд.
Дар ҳолатҳои зерин имзоҳо ҳақиқӣ эътироф намегарданд:
имзоҳое, ки то эълон шудани оғози интихобот ҷамъ оварда шудаанд;
маълумотҳои интихобкунандагони варақаҳои имзо аз ҷониби интихобкунанда ё ки шахси масъуле, ки имзои интихобкунандагонро ҷамъ овардааст, ворид карда нашудааст;
яке аз маълумотҳое, ки бояд дар варақаи имзо нишон дода шаванд, зикр нагардад, аз он ҷумла имзоҳое, ки санаашон нишон дода нашудаанд, имзоҳое, ки аз ҷониби шахсони дигар гузошта шудаанд;
имзоҳое, ки ба варақаҳои имзои на аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот тақдимшуда, балки варақаи имзои дигар гузошта шудаанд.
Агар аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот дар беш аз чоряк қисми варақаҳои имзои хостагирифта бинобар натиҷаҳои тафтиш муайян карда шаванд, ки варақаҳои имзо дар ҳоли вайрон карда шудани қонун тартиб дода шудааст, варақаҳои имзои мазкур ба намояндаи ваколатдори ҳизби сиёсӣ баргардонда мешаванд ва ба он барои бартараф намудани камбудӣ ду рӯз муҳлат дода мешавад. 
Агар аз ҷониби ҳизби сиёсӣ камбудиҳои варақаҳои имзо дар муҳлати ду рӯз бартараф карда нашаванд ё ки варақаҳои иловагии имзо тақдим нагарданд, аз тамоми варақаҳои имзои супурдашуда ҳақиқӣ эътироф шудаашон ба инобат гирифта мешаванд.
Варақаҳои имзое, ки ба Комиссияи марказии интихобот  баъди бартараф намудани камбудиҳо (ҷамъ овардани иловаҳо) тақдим шудаанд, пурра санҷида мешаванд ва ҳақиқӣ донисташудаи онҳо аниқ карда мешавад.
Баъд аз ба охир расидани тафтиш бинобар ҳар як ҳизби сиёсӣ Гурӯҳи озмоишӣ оид ба натиҷаи тафтиш хулоса медиҳад. Нусхаи хулоса ба намояндаи ваколатдори ҳизби сиёсӣ дода мешавад. Хулосаҳои  Гурӯҳи озмоишӣ ба Комиссияи марказии интихобот дар қабул кардани қарори зарурӣ чун асос хидмат мекунад.
Дар асоси хулосаи Гурӯҳи озмоишӣ Комиссияи марказии интихобот ба ҳизби сиёсӣ дар бораи рухсат додан ба иштирок кардан дар интихоботи Палатаи қонунгузорӣ ё ки барои ба талаботи қонунгузорӣ мувофиқ наомадани ҳуҷҷатҳои аз ҷониби ҳизби сиёсӣ тақдимгардида оиди рад намудани ҳуқуқи иштирок дар интихоботи Палатаи қонунгузорӣ қарор қабул менамояд.
Ҷараёни мазкури сиёсӣ мавқеъ ва нуфузи ҳизби сиёсиро муайян менамояд, дар ба ҳаёт татбиқ намудани қонунгузории интихобот то чӣ андоза дақиқ ва пухта кор бурдани ходимони ҳизбро нишон медиҳад. 
Ба ҷойи хулоса бигӯем, аз ҷониби ҳизби сиёсӣ пур карда шудани варақаҳои имзо дар баланд бардоштани электорати ҳизби сиёсӣ ва фаъолии иҷтимоии интихобкунандагон, инчунин дар таъмин кардани иштироки ин ҳизби сиёсӣ дар интихобот мавқеи муҳим дорад.
Сиёсатмадори бузург Уинстон Черчил гуфтааст, ки «Тағйир ёфтан маънои пешрафтро дорад. Барои такмил ёфтан бошад, бояд зуд-зуд тағйир ёфт». Инро мушоҳида намуда, равшан хоҳем дид, ки дар давраи пешрафти сиёсии мамлакатамон дар ба ҳаёт татбиқ намудани дигаргуниҳои соҳаи сиёсӣ дар маъракаи интихобот ба ҳизбҳои сиёсӣ роҳи васеъ дода шудааст.
Зеро чи хеле ки дар ҳуҷҷатҳои байналхалқии зикргардида муайян шудааст, дар мамлакатамон «Таъмин намудани ҳамоҳангии меъёрҳои миллии ба танзим овардани стандартҳои эътирофшудаи интихобот, ҳуқуқ ва озодии инсон ва шаҳрвандон оид ба интихобот, инчунин ба амал баровардан ва кафолати ҳифзи онҳо дар асоси Конститутсия ва ҳуҷҷатҳои миллии қонунгузорӣ инчунин дар ҳоли ба ҳаёт татбиқ намудани сиёсати давлатӣ стандартҳои интихоботи демократӣ амалӣ гардонда мешаванд».

Баҳодирҷон ЮНУСОВ, 
аъзои Комиссияи марказии интихобот.       

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: