«БАР ТӮЙ РАСОН, ХУДО, ТУ МОРО ДОИМ...»

Дар урфият «ҳамаро ба тӯй расонад», мегӯянд.

Тӯйдор ба ивази меҳнати дандоншикани чандсола  пулу мол ҷамъ мекунад, то ба мардум дастархон паҳн карда тӯй диҳад. Имрӯзҳо расму оин дар деҳоти мо чунон боло рафтааст, ки кас аз гузаронидани тӯй дар андеша мемонад. Аз ҷумла, “қудошиносон”, “чойгаштак“, “келинталбон“, “таги ҷойгаҳ” ва “домодталбон” барин маросимҳое ҳастанд, ки ба ҷуз аз зарари моддӣ дигар ягон суде надоранд. ”Ҷомапӯшон” яке аз одатҳои мардуми мо ба ҳисоб меравад, ки мо бояд кайҳо аз баҳри ин маросим мегузаштем. Лек мутаассифона, то ҳол ин маросим чунон рушд ёфтааст, ки кас тасаввур мекунад ягон озмуни “Кӣ беҳтарин?” гузашта истодааст. Биёед, худ қазоват кунем. Оё ҳамин маросим барои бахти фарзанди шумо ягон кӯмак расонда метавонад? Баръакс, харҷи зиёдатӣ ба шумор меравад. Бигирем, маросими ”ҷомапӯшон”-ро. Як рӯз пеш аз тӯй қудоҳо аз тарафи духтар понздаҳто мард ва бист нафар зан бо як сандуқи пури сарупо аз либоси домодӣ, даҳ-дувоздаҳто дасторхони аз кулчаву фатирҳои ширмол тайёркардашуда, пиставу бодомҳои Эрон, тухмҳои рангорангу санбӯса, шириниҳову мағзу мавиз ба хонаи домод мераванд. Падару модари домод бояд бо хӯрокҳои болаззат ва сарупо меҳмононро пешвоз гиранд. Курта ва миёнбанди мардона, ба ҳар нафари занон се метр куртавор бояд монанд. Охир ҳамин миёнбанди мардонаро кадом ҷавонмарди мо дар миён мебандад. Занҳои мо то се метри матоъ нагиранд, сабаби сар задани низои байни қудоҳо мешаванд. Қудоҳо барои норозигӣ рух надодан, маҷбуранд қарз гиранд. Оё мо – бонувон инро як бор фикр кардаем? Охир он тухмҳои рангкарда, ки 300-350 дона мебошад, чӣ лозим? Ин қадар харҷу исрофкорӣ то кай давом мекунанд? Мо кай аз рӯи хиради инсонӣ кор бурда, пеши роҳи чунин амалҳои ношоистаро мегирем? Ё рӯзи тӯйро гирем. Ба шумораи занҳои дар тӯй буда бояд кадбонуҳои хона нони калон тайёр кунанд. Дар ҳар як тӯй ба ҳисоби миёна 200-300 дона нони калон истифода мешавад. Як тасаввур кунед, бонувон! Кадбонуҳо бояд 200-300 маротиба сари худро ба танӯри тафсон халонанд, ки ин боиси гум кардани саломатии хеш, яъне ба касалиҳо оварда мерасонад. Ё сандуқи пури либоси домодиро гирем. Канӣ ғурури мардӣ? Агар пеш барои арӯсон сандуқи либосворӣ баранд, имрӯзҳо ҷавонони мо барои гирифтани сарупо бо ҳамроҳии хушдоманашон ба бозор мераванд. Аз либосҳои хориҷӣ ва гаронбаҳову камёб интихоб мекунанд. Дар бораи мебелу курсӣ ҳоҷати гап нест. Борҳо шоҳиди он гардидаем, ки мебели духтарро тарафи қудо қабул накарда, боз ба мағоза баргардонидаанд. Баъди тӯй як-ду сол аҳли оила қарзканӣ мекунанд. 
Бонувони арҷманд! Оё ягон маротиба ёд доред, ки бо ҳамроҳии оила ба сайр, консерту театр рафта каме истироҳат карда бошед? Ё ки бо ҳамроҳии шавҳаратон барои барқарор кардани саломатии хеш ба осоишгоҳҳо рафта бошед? Биёед, ба худ оем! Чунки сабабгори ин ҳама корҳо худи мо – занҳо ҳастем. Дар ин ҷо мардон айбдор нестанд. Зеро онҳо аксар барои пур кардани буҷаи оилавӣ заҳмат мекашанд. Биёед, ба тӯй бо меъёр сарф кунему боқимондаашро барои худамон, барои илмомӯзии фарзандон, барқарории саломатии онҳо истифода кунем. 
Маросими дафн низ як қатор камбудиву харҷи беҳуда дорад. Боиси хурсандист, ки бо сарварии раиси маҳаллаи Себзори ноҳияи Сариосиё Рустам Ғафуров маросимҳои дафн каме ба танзим дароварда шуд. Масалан, маросими ҳафт, бист ва чилро дар як рӯз мегузаронидагӣ шуданд, ки хеле ба соҳибони марҳум сабукӣ меоварад.  

Саодат САНГИНОВА,
муовини директори
 мактаби рақами 82-юми 
ноҳияи Сариосиёи
вилояти Сурхондарё.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: