ҶАРАЁНИ ТАТБИҚСОЗИИ ЛОИҲАҲОИ САРМОЯВӢ ДАР СОҲАҲОИ ИҶТИМОИВУ ИҚТИСОДӢ МУҲОКИМА ГАРДИД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 7 октябр бахшида ба татбиқ намудани шартномаҳои бо шарикони хориҷӣ имзошуда, ҳамчунин баррасии лоиҳаҳои нави сармоявӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ машварат гузаронд.

Дар оғози машварат ҷараёни татбиқсозии лоиҳаҳои сармоявӣ дар ҳамкорӣ бо Аморати Муттаҳидаи Араб муҳокима гардид. Бинобар натиҷаи сафари сермаҳсули расмии роҳбари давлати мо ба ин кишвар, ки моҳи марти соли равон ба вуқӯъ пайваст, моҳи апрел «харитаи амалиёт» бобати татбиқсозии муоҳидаҳои баимзорасида андешида шуд.
Ба ин барнома бисёр лоиҳаҳои пешомаднок, аз ҷумла лоиҳа бобати рушди инфрасохтори шаҳри Самарқанд ба маблағи 300 миллион доллар, лоиҳаи сохтмони неругоҳҳои бодии электрӣ дар вилояти Навоӣ ба маблағи 150 миллион доллар, дар вилояти Сирдарё лоиҳаи ташкил намудани агрокластер оид ба истеҳсоли селлюлоза, комбикорм ва маводи сохтмон ба маблағи 203 миллион доллар дохил карда шуданд.
Шахсони масъул дар бораи ҷараёни татбиқшавии лоиҳаҳое, ки бинобар онҳо азхудкунии сармояҳо оғоз шудаанд, ҳисобот доданд. Ҳамчунин лоиҳаҳои пешомаднок дар соҳаҳои нафту газ, кимиё, энергетика, ҷабҳаи коркарди маҳсулоти меваю сабзавот баррасӣ шуданд.
Роҳбари давлат ба аҳамияти иқтисодӣ ва иҷтимоии корҳои банақшагирифташудаи иқтидорҳои истеҳсолӣ эътибор дод, зарурияти ҳарчи зудтар ва босифаттар татбиқ намудани лоиҳаҳоро таъкид намуд. Супориш дода шуд, ки гуфтушунидҳо оид ба лоиҳаҳои нав ва тайёрӣ ба корҳои сохтмон тезонида шаванд.
Дар охири соли равон сафари Президенти мамлакати мо ба Ҷопон пешбинӣ шудааст. Дар доираи тайёрӣ ба ин ташриф бобати татбиқ намудани лоиҳаҳо дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, хоҷагии қишлоқ, хидматрасонӣ муоҳидаҳо ба имзо расиданд.
Бинобар лоиҳаҳое, ки ба истеҳсоли маҳсулоти кимёвӣ, сохтмони неругоҳҳои электрӣ бо технологияҳои ҷопонӣ, бозсозии низоми софкунии об ва таъминоти об, истеҳсоли электробусҳои шаҳрӣ нигаронида шудаанд, низ гуфтушунидҳо идома доранд.
Дар машварат бобати тайёрӣ ба сафари дараҷаи олӣ ва вазъи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоявии  ӯзбекистониву ҷопонӣ маълумот пешниҳод гардид.
Ҳамчунин ҷараёни иҷрои пешбиниҳои содиротӣ ва сармояҳо дар моҳҳои январ-сентябри соли равон ва чораҳои минбаъда дар самти мазкур то охири сол баррасӣ гардиданд.
Дар фурсати зикршуда ҳаҷми содирот тақрибан даҳ миллиард долларро ташкил дод, пешгӯиҳо барзиёд иҷро шуданд. Пешрафт асосан аз саҳми тайёркунии меваву сабзавот, истеҳсоли матоъ, автомобилсозӣ, энергетика ба даст омад. Номгӯйи содирот бо 74 навъи нави маҳсулот, ҷуғрофияи он то ба 42 кишвар вусъат пайдо кард.
Баробари ин таъкид шуд, ки дар баъзе ташкилот ва минтақаҳо нишондиҳандаҳои пешбинишуда иҷро нагардидаанд. Бобати аз байн бардоштани қафомонӣ то охири сол, таъмин кардани иҷрои пешгӯиҳо бино бар содирот дар тамоми соҳаҳо ва минтақаҳо супоришҳо дода шуданд.
Дар машварат барномаи рушди маҷмӯии иҷтимоиву иқтисодии Қӯқанд ва Марғилон дар солҳои 2020-2022 муҳокима гардид. Барнома татбиқ намудани 250 лоиҳаи арзишашон 420 миллион долларро дар Қӯқанд ва 172 лоиҳаи арзишашон 192 миллион долларро дар Марғилон пешбинӣ менамояд.
Натиҷаҳои ҷамъомади шӯрои корӣ ва анҷумани сармоягузорони давлатҳои туркзабон низ баррасӣ гардиданд.
Шахсони масъул дар бораи ҷараёни иҷрои супоришҳои пешина ҳисобот доданд, вазифаҳои бартаринок барои пешомад муайян гардиданд.

ӮзА.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: