Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 10-11 октябри соли 2019 дар ҷамъомади навбатии Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Ашқобод иштирок кард.

Чорабиниҳои асосии ҳамоиш 11 октябр ба амал омаданд.

Дар ҷамъомаде, ки таҳти сарварии Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов гузашт,  Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбай Жеенбеков, Президенти Ҷумҳурии Молдова Игор Додон, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Кумитаи иҷроия – Котиби иҷрогари ИДМ Сергей Лебедев иштирок карданд.
Сарони кишварҳои ИДМ дар доираи танг гуфтушунид намуданд. Дар гуфтушунидҳо масъалаҳои таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳод, такмил додани фаъолияти сохтори мазкури байналхалқӣ баррасӣ шуданд, бинобар масъалаҳои минтақавӣ ва байналхалқӣ табодули афкор ба амал омад.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар суханрониаш зарурияти вусъат додани ҳамкориҳои бисёрҷонибаро таъкид намуд ва ба пешомади самтҳои ҳамкории тарафайн дар доираи Иттиҳод эътибори махсус дод.
Ӯзбекистон ИДМ-ро ба сифати соҳати самарабахши амиқсозии шарикии амалӣ, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, пешбурди лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои мухталиф, кашфи иқтидорҳои нақлиётиву логистикӣ ва транзитӣ, таҳкими амният, мубодилаи фарҳангиву инсондӯстӣ баррасӣ менамояд. Тӯли солҳои охир иштироки кишвари мо дар ин созмон хеле фаъол гардид. Соли равон дар Ӯзбекистон бисёр чорабиниҳои ИДМ баргузор гардиданд.
Аз ҷумла, дар Тошканд Шӯрои Вазирони корҳои хориҷӣ, дар Самарқанд ҷамъомади Шӯро оид ба сайёҳии давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор шуданд.
Дар вохӯрӣ қарори соли 2020-ум ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон гузаштани раисӣ дар ИДМ дастгирӣ гардид.
Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мувофиқи Муоҳида дар бораи таъсис додани ИДМ аз 8 декабри соли 1991-ум ташкил ёфт. Кумитаи иҷроия иҷрогари ягона, мақомоти маъмуриву ҳамоҳангсози ИДМ ба шумор меравад.
Бояд қайд сохт, ки кишвари мо ба рушди ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳод эътибори махсус медиҳад. Бинобар натиҷаи иштироки Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар ҷамъомадҳои Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ дар шаҳрҳои Сочи ва Душанбе «Харитаи амалиёт» тасдиқ гардид.
Ҳамчунин бояд таъкид кард, ки солҳои охир инвентаризатсияи ҳолати пойгоҳи муоҳидавиву ҳуқуқӣ ва ҳамкорӣ дар чаҳорчӯбаи ИДМ гузаронида шуд.
Ташаббусҳои Ӯзбекистон дар шакли ИДМ масъалаҳои зерин, аз ҷумла минбаъд зиёд кардани ҳаҷми мубодилаи тарафайни мол, вусъат додани ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталиф, истифодаи самарабахши гузаргоҳҳои байналхалқӣ ва минтақавии нақлиётӣ, фаъолтар кардани робитаҳои ҳамкорӣ дар хоҷагии қишлоқ, дар соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ ҷорӣ намудани технологияҳои пешқадами рақамӣ, рушди ҳамкориҳои байниминтақавӣ ва нақлиётӣ, танзими сиёсии мушкилоти Афғонистон ва вусъат додани алоқаҳои маданиву инсонпарвариро дарбар мегирад.
Ҳамоиши Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо гуфтушунидҳо дар ҳайати васеъ идома ёфт.
Сарони давлатҳо маҷмӯи масъалаҳоеро, ки ба вусъати минбаъдаи ҳамкориҳои бисёрҷанба нигаронида шудаанд, баррасӣ намуданд, бинобар масъалаҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ, ки ҷонибҳо ба онҳо рағбат доранд, мубодилаи афкор намуданд.
Президент Шавкат Мирзиёев барои дастгирӣ намудани қарор оид ба раисии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Иттиҳод дар соли 2020-ум миннатдорӣ баён карда, қайд намуд, ки мунтазам вусъат додан ва баланд бардоштани самаранокии ҳамкориҳои бисёрҷанба дар доираи созмони мазкур самтҳои бартариноки раисии мамлакати мо мегарданд. Пешниҳод гардид, ки қабули Баённомаи нави рушди минбаъдаи Иттиҳод ва стратегияи рушди иқтисодии Иттиҳод то соли 2030-юм тезонида шавад.
Зикр шуд, ки пеш аз ҳама ба рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, таъмин намудани амалиёти пурраи минтақаҳои озоди тиҷоратӣ, амиқсозии кооператсияҳои истеҳсолӣ ва азхуд намудани бозори кишварҳои сеюм, вусъат додани ҳамкориҳо дар соҳаҳои аграрӣ, энергетикӣ ва телекоммуникатсияҳо, татбиқсозии барномаҳои инноватсионӣ, илмӣ ва таълимӣ эътибори махсус дода мешавад.
Роҳбари давлати мо муҳимияти коркарди Афзалиятҳои рушди гузаргоҳҳои нақлиётӣ ва транзитӣ, Баённомаи ҳамкории байниминтақавӣ дар давраи даҳсоларо таъкид намуд.
Соли оянда дар Ӯзбекистон Анҷумани аввалини минтақаҳои ИДМ баргузор мегардад, ҳамчунин таклиф шуд, ки ҷамъомади навбатии Шӯрои роҳбарони палатаҳои савдову саноати ИДМ, дар доираи он бошад, Ҳафтаи ташаббусҳои соҳибкории Иттиҳод гузаронида шаванд. Чорабиниҳо бино бар амнияти иттилоотӣ дар доираи ҳамкориҳои маданиву башардӯстӣ низ ба нақша гирифта шудаанд.
Бинобар натиҷаи гуфтушунидҳо имзогузории ҳуҷҷатҳо ба амал омад. Дар бораи ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон гузаштани раисии ИДМ дар соли 2020-ум, Баённома доир ба ҳамкории стратегии иқтисодӣ, муроҷиати сарони давлатҳои иштирокдори ИДМ ба халқҳои мамолики Иттиҳод ва ҷомеаи ҷаҳон ба муносибати 75-умин солгарди Ғалабаи халқи советӣ дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, Барномаи ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризм ва дигар зуҳуроти зӯроварии экстремизм барои солҳои 2020-2022-юм ва ҳуҷҷатҳои дигар қарор қабул гардид.
Дар конфронси матбуотие, ки бино бар натиҷаҳои ҳамоиш бо иштироки намояндагони расонаҳои ахбори оммавӣ баргузор шуд, Раиси Кумитаи иҷроия – Котиби иҷрогари ИДМ Сергей Лебедев дар сатҳи баланд ташкил гардидани тамоми чорабиниҳо дар замони раисии Туркманистон ба Иттиҳод, аз ҷумла ҳамоиши Ашқободро махсус таъкид сохт. Иштирокдоронро хабардор кард, ки дар доираи ҳамоиш аз ҷониби сарони давлатҳои ИДМ 8 ҳуҷҷати муҳим имзо шуд. Изҳор намуд, ки раисӣ ба ИДМ дар соли 2020-ум ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон гузашт ва барои иҷрои ин вазифаи масъул ба Ӯзбекистон комёбиҳо орзу кард.
Бо ҳамин ҳамоиши Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ дар Ашқобод анҷом ёфт.

Зиёдулло ҶОНИБЕКОВ,
хабарнигори ӮзА.

ТОШКАНД – АШҚОБОД – 
ТОШКАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: