БАРОИ РАВНАҚИ ДӮСТӢ

Бобати рушди иқтисодиёти мамлакат дар ҳамкорӣ бо сармоягузорони хориҷӣ ташкил кардани корхонаҳои муштарак нақши муҳим дорад.

Аз ҷумла, ба мамлакатҳои хориҷӣ содир намудани маҳсулоти маҳаллӣ муҳим аст. Барои ин дар вилояти Намангон корҳои васеъмиқёс амалӣ мегарданд, ки нафақат ба баланд бардоштани иқтисодиёти вилоят кӯмак мерасонанд, балки барои бо кори доимӣ банд кардани ҳазорон бошандагони вилоят омили асосӣ мебошанд.

Алҳол як гурӯҳ муовинони якуми ҳокимони ноҳияҳо ва соҳибкорони фаъоли вилоят бо сарварии ҷонишини якуми ҳокими вилоят Аюбхон Камолов, барои ба имзо расонидани шартномаҳо бо сафари корӣ дар Федератсияи Русия мебошанд.
Ба қарибӣ бошад, як гурӯҳи соҳибкорзанон аз Тоҷикистон ба вилояти Намангон омаданд. Онҳо аввал дар палатаи савдову саноати вилоят бо имкониятҳои барои сармоядорони хориҷӣ шинос шуданд. Бо иттиҳодияи «Ҳунарманд», ки дар он аз ҷумла барои занону духтаронро бо шуғлфарогирӣ ҳама гуна шароитҳо фароҳам оварда шудаанд, шинос шуданд. Меҳмонон бо корҳое, ки дар маркази илмию амалии вилоятии «Оила», барои фаровонҳолии оилаҳо ва тарбияи фарзандон амалӣ мешаванд, ошно гардиданд.
– Камина дар бораи Ӯзбекистон бештар аз расонаҳои ахбори оммавӣ ва шабакаи интернет медонистам. Вақте бо фаъолияти иттиҳодияи «Зани соҳибкор» шинос шудам, донистам, ки барои занону духтарон дар Ӯзбекистон ҳамаи шароитҳо фароҳам оварда шудаанд, – гуфт узви гурӯҳ Субҳия Нозимова.
Сафар ба ноҳияи Чуст дар меҳмонони тоҷикистонӣ таассуроти хуб гузошт. Чустиён онҳоро бо суханони «Хуш омадед, меҳмонони азиз!» пешвоз гирифтанд. Онҳо бо чустиён бо забони тоҷикӣ мулоқот оростанд.
Дар корхонаи хусусии «Ӯктамҷон сервис» 100 нафар занону духтарон кор мекунанд. Дар ин ҷо 25 номгӯй либосҳои гуногун барои бачаҳо ва калонсолон истеҳсол мешавад, ки қисми асосиашон содир мегарданд.
– Мо аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ба вилояти Намангон омадем. Камина аз вилояти Суғд мебошам ва бештар бо фаъолияти занону духтарон сару кор дорам. Фаъолияти дӯзандагони корхонаи «Ӯктамҷон сервис» ба ман писанд омад. Баъди мулоқот бо сарвари корхона – Санобар Тоҷибоева ният кардам, ки дар оянда бо ин корхона ҳамкориро ба роҳ монам, – гуфт Нафиса Рӯзиматова.
Меҳмонон ба хоҷагии фермерии бисёрсоҳаи «Давронбек Ғайбулло»-и ноҳия низ ташриф оварданд. Дар ин хоҷагӣ асосан пахта, ғалла, лимӯ ва занбӯри асал парвариш карда мешавад.
– Ташрифи меҳмонони тоҷикистонӣ барои аъзои хоҷагии фермериамон ид болои ид буд. Зеро ҳамон рӯз нақшаи пахтасупориро дар чинаки якум 115 фоиз иҷро карда будем, – гуфт сардори хоҷагии фермерии «Давронбек Ғайбулло», узви Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Мавлуда Имомова.
– Мо, чустиён ҳам ният дорем дар оянда ба Тоҷикистон сафар карда, бо корҳои ободонию бунёдкориҳои онҳо шинос шавем, – гуфт ҷонишини ҳоким, раиси кумитаи занону духтарони ноҳия Дилфуза Ӯринова.
Ин ҳамкориҳо нафақат барои баланд бардоштани иқтисодиёти вилоят, балки барои боз ҳам мустаҳкам гардидани риштаҳои дӯстии азалӣ ва абадии халқҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон хидмат мекунанд.

А.МУРОДОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: