ФОРУМ БА ҶАЛБИ САРМОЯҲОИ ЗИЁДИ ХОРИҶӢ АСОС ГУЗОШТ

Ба Форуми байналмилалии сармоявии «Open Andijan» намояндагони 30 кишвари дунё даъват шуда буданд.

Дар аэропорти байналмилалии Андиҷон меҳмонони зиёд, аз ҷумлаи намояндагони корпусҳои дипломатии хориҷӣ дар Тошканд, созмонҳои байналмилалии ниҳодҳои молиявӣ, кормандони воситаҳои ахбори хориҷӣ ва дохилӣ истиқбол гирифта шуданд. 
Маросими ифтитоҳи Форум дар Кохи ҷавонони шаҳр баргузор гардид. Зикр бояд кард, ки ҷамъи меҳмонони ин чорабинӣ аз 500 нафар беш буд. Ҳайати бештари меҳмононро намояндагони кишвари Ҳинд, ки аз 80 нафар иборат буданд, ташкил доданд. Онҳо аз Иёлати Гуҷарати Ҳиндустон таҳти раёсати вазири кулли он ҷаноби Видҷай Рупанӣ ба Андиҷон омадаанд.
Меҳмононро ҳокими вилоят Шуҳрат Абдураҳмонов хайрамақдам гуфт.
– Ин аввалин форум аст, ки дар чунин сатҳи баланд  мегузаронем. Ташрифи шумо ба ин форум масъулият ва салоҳияти инвеститсионии моро аз ҳар ҷиҳат афзун менамояд. Президенти мамлакатамон Шавкат Мирзиёев ҳангоми сафар ба Ҳиндустон ин кишварро шарики стратегии Ӯзбекистон эълон намуд. Бар ин асос мо ба ҷалби сармояҳои мустақими ин кишвар шурӯъ кунем. Дар муддати кӯтоҳ як гурӯҳи калони сармоягузрони ҳинд ба вилояти мо ташриф оварданд, – гуфт Шуҳрат Абдураҳмонов.    — Андиҷон омодааст ба ҳамаи сармоягузорони хориҷӣ майдони васеи кору фаъолиятро фароҳам оварад. 
Дар вилояти Андиҷон корхонаҳои фармакологӣ, мошинсозӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва амсоли он хеле рушд мекунанд. Барои ҷалби сармояҳои бештар дар вилоят захираҳои заминӣ хеле зиёданд.
Аз ҳокими вилоят Шуҳрат Абдураҳмонов суол кардем, ки чаро сармояҳои хориҷӣ барои ноҳияҳое масраф намешаванд, ки мушкили ҷои кор, тараққии сохторҳои гуногун дар он ҷо суст пеш меравад.
– Сармоягузорон ҳамеша ҷоеро барои фаъолият интихоб мекунанд, ки аз обу газ ва барқ фаровон бошад. Ба ибораи дигар, ин манбаъҳо барои пешрафти кор омилҳои муҳим ба шумор мераванд. Дар айни ҳол инфрасохторҳои зерин ва монанди он на дар ҳамаи ноҳияҳои мо дуруст ба роҳ монда шудаанд. Мо ин форумро барои ҳаллу фасли як қатор мушкилоти иқтисодиву иҷтимои доир намудем. Агар пешбиниҳои мо ба ҳақиқат мубаддал гарданд, дар вилоятамон 5 ҳазор нафар бо кор таъмин мешаванд, – гуфт Шуҳрат Абдураҳмонов.
Дар чаҳорчӯби Форуми байналхалқӣ маросими гузоштани хишти аввали корхонаи муштараки  Ӯзбекистону Ҳиндустон – «Cadilla Pharmaceuticals» баргузор гардид. Ҳамчунин, дар яке аз маҳаллаҳои шаҳри Андиҷон маросими пардаандозӣ аз болои муҷассамаи яке аз арбобони шинохтаи давлатии Ҳиндустон Сардор Валабҳай Пател баргузор гардид. 
Баъд меҳмонони  форум аз якчанд ҷойҳои таърихиву дидании шаҳри Андиҷон боздид карданд. Баъд қатори мошинҳо ба сӯи шаҳри Хонобод равона шуд, ки онро минтақаи «Шветсарияи Ӯзбекистон» меноманд. Ин шаҳр дар баландии 750 метр аз сатҳи баҳр воқеъ гаштааст.
Вақте ки мошинҳо шаҳри Хонободро убур карда, ба самти теппаи Хонтоғ баромаданд, меҳмонон ба  оғӯши табиати мӯъҷизаосо, гирдоби сохтмонҳои аҷибу наҷиби замонавӣ, санаторияи бошукӯҳ, кӯчаҳову хиёбонҳои равон ғӯта заданд ва  ин манзараи дилфиреб таваҷҷӯҳи онҳоро беш аз пеш ба худ ҷалб намуд. 
Дар Хонтоғ ба ивази 32 миллиард сӯм санатория бунёд гардид, ки аллакай одамони зиёд дар он ба фароғату муолиҷа машғуланд. Дар дуним моҳи соли равон ҳазор хона-бӯстонсароҳо сохта шуданд ва ҳар як сайёҳ метавонад калидро гираду он ҷо барои чанд муддати дилхоҳ истироҳат ихтиёр кунад. 
– Ин хонаҳо дар як баст ба 2 ҳазор нафар сайёҳ хизмат мерасонанд ва ҳар хона аз тамоми шароит бархурдор мебошад. Мо бо сармоягузорони фаронсавӣ ба маблағи 55 миллион доллари ИМА шартномаи ҳамкорӣ имзо кардем. Фаронсавиҳо дар ин ҷо ҳавлӣ-бӯстонсароҳои замонавӣ месозанд. Ҳамчунин барои сармоягузорони Озарбайҷон замин ҷудо кардем, ки бар ивази 30 миллион доллари ИМА хонаҳои хушсохту замонавӣ хоҳанд сохт, – мегӯяд Шуҳрат Абдураҳмонов.
Маълум шуд, ки дар айни ҳол 1284 гектар замин барои сармоягузорони хориҷӣ дода шудааст ва бо истифода аз он сармоягузорони Хитой ба маблағи ҳатуним миллион доллар гармхонаҳо сохта истодаанд.
– Мо бояд дар обанбори худамон нерӯгоҳҳои хурди барқӣ созем. Дар оянда ин нерӯгоҳ бетанаффус минтақаро куллан бо нерӯи барқ таъмин хоҳад кард. Нуктаи дигаре, ки бароятон арз мекунам, кушодани роҳҳои ҳавоӣ ба Истамбул, Алмаато ва шаҳрҳои дигари Аврупову Осиё мебошад, – изҳор намуд ҳокими вилояти Андиҷон.
– Ҳаргиз гумон намекардам, ки дар Андиҷон чунин минтақаи зебо ва аз нигоҳи экологӣ дорои муҳиту фазояш тоза мавҷуд аст. Минбаъд соҳибкорони қазоқро низ талқин хоҳам кард, ки бо вилояти Андиҷон ҳамкорӣ кунанд, – гуфт соҳибкори қазоқ Абдулхон Елқубаев.
Форуми байналмилалии инвеститсионии «Open Andijan»  ду рӯз давом кард. Он ба натиҷаҳои хеле пурмаҳсулу босамар анҷомид. Дар доираи он 22 шартнома ба имзо расид. Арзиши умумии он аз 405 доллари Амрико иборат буда, сармояҳои мустақимро ташкил мекунад. Ҳамчунин  дар доираи 12 шартнома бар ивази 60 миллион доллар содирот ба роҳ монда хоҳанд шуд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».

Вилояти АНДИҶОН.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: