АЗ ИМКОНИЯТҲОИ ФАРОВОН БАРХУРДОРЕМ

Дар ноҳияи мо зиёда аз 80 ҳазор аҳолӣ зиндагӣ мекунад, ки аксариятро тоҷикон ташкил медиҳанд.

Дар 28 мактабу литсейи академӣ, ҳамчунин, 3 коллеҷ фарзандони мардум бо забони модарӣ  таҳсил мегиранд. 
Боиси хурсандист, ки тайи се соли  охир таваҷҷуҳ  ба мардуми ноҳия хеле афзуд. Зиёда аз 120 нафар фориғуттаҳсилони мактабҳо ва литсейҳову коллеҷҳои ноҳия ба шӯъбаҳои ғоибонаи Донишгоҳи давлатии Фарғона ва Донишкадаи омӯзгории Қӯқанд аз роҳи имтиёз дохил шуданд. 
 Се сол муқаддам дар Донишгоҳи давлатии Фарғона гурӯҳи тоҷикии факултаи филология дари худро ба рӯи ҷавонони тоҷик боз намуд. Ин ҳодиса ҳамаи моро хеле хушҳол сохт. Чунки соли аввал аз бист нафар донишҷӯён 18 нафарро ҷавонони сӯхӣ ташкил медоданд. Баъд оҳиста-оҳиста ба гурӯҳи тоҷикӣ аз ноҳияҳои дигари вилоят низ омада дохил шуданд.
Дар ноҳия рӯзномаи «Садои Сӯх» мунтазам нашр мешавад ва матолиби ҷолибро барои муштариён пешкаш менамояд. Соли гузашта дар мавриди обунаи солона каме мушкилӣ пеш омад ва як муддат чопи он мутаваққиф шуд. Вале бо саъйу кӯшиши равшанзамирон дубора рӯи чопро дид ва дар айни ҳол минбари асосии мардуми мо мебошад. Студияи  телевизионии “Сӯх” солҳои зиёд аст, ки ба забони тоҷикӣ фаъолият мекунад. Баъзан зарурат пеш ояд, барномаҳо ба забони ӯзбекӣ таҳия мешаванд.
Дар охири соли таҳсили гузашта  бо ташаббуси мудири шуъбаи таълими халқи ноҳия Амирҷон Темиров ва директори мактаби рақами 3-юм Расулбеки  Аҳмадзод зиёда аз 10 ҳазор нусха китобҳои бадеӣ ба китобхонаҳои муассисаҳои таълимӣ тақдим гардид. Ин китобҳо дар нашриётҳои гуногуни ҷумҳуриамон ба забони тоҷикӣ нашр шудаанд. 
Барои ғанитар намудани хазинаи китобхонаи мактабҳо овардани миқдори зиёди китобҳои бадеӣ ба нақша гирифта шудааст. Боз як ташаббуси мудири шуъбаи таълими халқи ноҳия он аст, ки дар ҳамкорӣ бо Маркази давлатии тест  имтиҳонҳои тест ва суҳбатҳо барои нострификатсияи дипломҳои як гурӯҳ омӯзгорон дар маркази ноҳияи худамон ташкил намуд, ки онҳо донишгоҳу донишкадаҳои кишварҳои ҳамҷаворро хатм кардаанд. Дар ҷараёни ин имтиҳонҳо устодони тоҷиктабори Донишгоҳи давлатии Фарғона низ иштирок карданд. 
Баъди имтиҳонҳои тест ва суҳбатҳо, ки ду рӯз давом кард, дипломи зиёда аз 40 нафар  тасдиқ гардид ва онҳо имкон пайдо намуданд, ки фаъолияташонро дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ, литсейҳои академӣ ва коллеҷҳои касбу ҳунар идома диҳанд.  Дарвоқеъ, ин имконияти хубе барои омӯзгорон буд, ки ҳам вақташон зоеъ нарафт  ва  ҳам нақдашон дар кисаашон монд. 
 Дар деҳаи Демирсади ноҳияамон дӯкони китоб кушода шуд. Дар он минбаъд  китобҳои тоҷикӣ ба фурӯш бароварда мешаванд. 
Соли гузашта мактаби мо ба якчанд нусха рӯзномаи “Овози тоҷик” обуна шуд. Имсол низ кӯшиш хоҳем кард, ки шумораи муштариёни рӯзномаи “Овози тоҷик” дар мактаби мо аз мактабҳои дигар  бештар шавад. Мехостам, ки кормандони рӯзнома ба мактаби мо ҳам биёянд ва мо боҳам вориди мулоқот шавем ва аз ҳусну қубҳи рӯзнома гуфтугӯ кунем.
 
Бунёдҷон ШОМАТОВ, 
омӯзгори мактаби рақами 8-уми  
ноҳияи Сӯхи 
вилояти Фарғона.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: