ШУКРОНА

Ба ҳар як лаҳзаи умр аз Худо шукрона бояд кард,

Аз он ки зиндагӣ пур аз сафо шукрона бояд кард.
Саҳаргоҳон даме, ки зинда дарёбем ҷисми хеш,
Парида шод, бар арзу само шукрона бояд кард.
Басо мардум надида шодмонӣ, хок гардиданд,
Барои зиндагию зиндаҳо шукрона бояд кард.
Ҳазорон шукр бар ин осмони соф мегӯем,
Ба ин мулку макони бебаҳо шукрона бояд кард.

ХЕЗ АКНУН, ПИСАРАМ...

Писарам, эй ту маро ҷону ҷаҳон,
Хез акнун ту аз ин хоби гарон.
Диданат омада, бин, духтаракат,
Зи само шӯълавар он ахтаракат.
Ӯ, ки аз Маскави дур омадааст,
Бо дили пур зи сурур омадааст.
Чанд гаҳ хонаи мо меҳмон аст,
Падарашро чӣ қадар пазмон аст.
Хезу бо меҳр бигираш оғӯш,
Сухани тифлаки худ бинмо гӯш.
То ки аз дидани ту шод шавад,
Зи ҳама дарду ғам озод шавад.
Гӯй, Зарринаи ман, ҳолат чист?
Дур мондӣ зи ман, аҳволат чист?
Ман, ки дар ҳолати ноҳинҷорам,
Ба чӣ роҳе дили ӯ бардорам?
Худ биёву нафасе бо ӯ мон,
То намонад ба дилаш ҳеҷ армон.

Ӯғулой ҶӮРАБОЕВА, 
ноҳияи Узун.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: