ИНСОНИ БОҒАЙРАТ БУД

Ҳеҷ неъмат беҳтар аз фарзанд нест,

Ҷуз  ба ҷон  фарзандро  пайванд нест.
Ҳосил  аз  фарзанд  гардад  коми  мард,
Зинда  бо  фарзанд  монад  номи  мард.
Бобои  Раҷаб  ин  ҳикмати Ҷомиро  хуб  медонист. Ӯ дарк  карда  буд, ки  номи  мард, бо фарзанди баору  бономус,  бофарҳангу  худшинос зинда  хоҳад  монд.  Худо  нигоҳ  дорад  аз  фарзанди  бероҳаю  кӯчагард.
Бобои  Раҷабро  ду  писар  буд:  Раҳмат  ва  Аҳмад. Ба  тарбияю таълими  фарзандон  пардохт.  Ӯ дарк  мекард,  ки  агар ин  ду  омил – таълиму тарбия набошад, одам шабеҳи дарахти  бесамар аст.  Агар  яке  нест,  пас инсони  комил  ба воя расондан душвор.
Қаҳрамони  мо шодравон Аҳмади  Раҷаб соли 1954  дар  деҳаи  зебоманзари  Синтаб,  ки  дар  бағали  силсилакӯҳҳои  Нурато  воқеъ  аст,  ба  дунё  омада буд.  Таълиму  тарбияро  дар  мактаби  38-уми зодгоҳ фаро гирифт.  Дар мактаби мазкур, ки замоне  ба ҳамаи тоҷикони  кӯҳпояи  Нурато чун  чашмаи нури  маърифат тухми ҳамешасабзи илму дониш додааст, хубу  аъло  хонд. Хатмкардагони ин мактаб на танҳо боиси ифтихори мардуми кӯҳпояи  Нуратои вилояти Навоӣ, балки мояи ифтихори мардуми дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ низ мебошанд. Ҷонибеки  Қувноқ, Додо Нозил, Паймон ва даҳҳо нафари дигар  чун шахсиятҳои тавонои кишвар  фаъолият доштанду  доранд.
Ба Аҳмади Раҷаб ҳамаи ин сабақ буд. Ӯ бо гузаштагон мефахрид. Мехост онҳоро пайравӣ  намояд. Чун  ҳамдеҳагону  ҳамсафон  дар рушду нумӯи  кишвар аз худ  нақши мондагор гузорад.
Бо ин ҳама орзую умед соли 1972  ҳуҷҷатҳояшро  ба Донишкадаи сохтмону  меъмории Самарқанд  супорид. Бахташ омад кард. Номи пуршарафи донишҷӯиро сазовор шуд. Айёми заррини ҳаёташ  оғоз ёфт. Бехобиҳо, ҷустуҷӯҳо  паси сар шуданд. Донишкадаро соли 1977  бомуваффақият  хатм намуда,  фаъолияти  кориашро дар вилояти Ҷиззах оғоз намуд.
Хидмат дар сафи  муҳофизони Ватан ҳар як ҷавонро  мактаби ҳаёт, мактаби  такомули маҳорат мегардад. Аҳмад низ ин вазифаро аз сидқ иҷро кард. Ӯ хидмати ҳарбиро  дар шаҳри  Прагаи Чехия гузаронида, хуб обутоб ёфт, таҷрибаи зиндагӣ омӯхт.
Пас аз бозгашт, яъне солҳои 1980-1981 А. Раҷаб  чун муфаттиши  сохтмон дар вилояти Ҷиззах  фаъолият намуд.
Ӯ  ҷавони қадбаланд, вале хеле  чусту чолук буд. Ба варзиш майли беандоза дошт, бахусус,  гӯштини миллиро  дӯст медошт ва бо он пайваста машғул мешуд.
Солҳои донишҷӯӣ  дар мусобиқаҳо пайваста  ширкат мекард. Он солҳо ҳатто ба Акобир Қурбонови  номдор ғолиб омадааст. Ин ҳама хусусиятҳои  Аҳмадро ба инобат гирифта, ӯро барои кор ба шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Ҷиззах даъват намуданд.
Кор дар  шуъбаи корҳои дохилӣ Аҳмадро  қонеъ накард. Пас барои такмили ихтисос як сол дар омӯзишгоҳи  милитсияи шаҳри  Каунаси Латвия  таҳсил намуд. Баъди хатми он  ба Ҷиззах баргашта,  дар вазифаи корманди шуъбаи бехатарии ҷинояти иқтисодӣ   фаъолият намуд.
Ҷавони серталаб  ва боғайратро ба ноҳияҳои  гуногуни  вилояти Ҷиззах чун Бахмал, Зарбдор,  Дӯстлик ба кор фиристоданд. Ҳар ҷо, ки рафт, масоили ташкилиро  хуб ба роҳ монда,  тартиботи лозимиро ҷорӣ кард.
Фаъолияти  пурсамари Аҳмади Раҷабро эътироф намуда, соли 1994  ҷонишини сардори раёсати корҳои дохилии вилояти Ҷиззах  таъин намуданд.
Дар ҷараёни фаъолият то подполковники  Вазорати  корҳои  дохилӣ расид.
Бале, Аҳмад Раҷаб дар пешгирии ҷиноятҳо ва таъмини амнияти  мардуми кишвар  саҳми босазо гузоштааст.

Ӯзбекбойи РАҲМОН,
Дилмурод ҚӮЗИЕВ,
Рома ҲАСАНОВ.

Вилояти НАВОӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: