АЗ ҚАБУЛИ САЙЁР МАРДУМ ХУРСАНДАНД

Ин дафъа қабули ҳокими вилоят Шуҳрат Ғаниев бо мардуми ноҳияи Сӯх дар шакли ғайрианъанавӣ гузашт.

 Қаблан намояндагони ҳар як ҷамоати шаҳрвандон интихобан дар ягон майдон ҷамъ мешуданд ва ҳокими вилоят бо онҳо мулоқот мекард, ба саволҳояшон ҷавоб медод, дарду доғашонро мешунид ва ҷиҳати ҳалли масъалаҳо иқдом менамуд.  Аммо дар ин мулоқоти сайёр ҳоким бевосита  дар деҳаҳо бо мардум мулоқоти рӯ ба рӯ анҷом дод.
– Ман барои мардуми ин ноҳия одами бегона нестам. Дар ин минтақаи зебо дӯстони зиёдам машғули кору зиндагӣ ҳастанд. Ҳамеша аз меҳмондориву меҳмоннавозии онҳо ба ваҷд омадаам. Мо бояд дар ин гӯшаи биҳиштосо корҳои азимро ба фарҷом расонем, – гуфт дар яке аз ин мулоқотҳои сайёр Шуҳрат Ғаниев.
Бино ба гуфтаи вай дар ноҳия одамони фидокор хеле зиёданд. Агар ҳокимият ва мардум дар муттаҳидӣ ба иҷрои корҳои барномарезишуда оғоз намоянд, натиҷааш хеле хуб хоҳад буд.
Ҳокими вилоят шиносоиро аз деҳаи Тӯл оғоз намуд. Ин деҳа ба ду ҷамоати шаҳрвандони маҳалла тақсим шудааст ва аз маркази ноҳия дар масофаи 25  километр воқеъ гаштааст. Ҳокими вилоят аз шифохонаи минтақавии «Тӯл» боздид намуд, ки ба наздикӣ аз тармими капиталӣ баромадааст. Зимни мулоқот мардум аз ҳоким дархост намуданд, ки ба далели дурии масофаи байни маркази ноҳия ва ин ҷамоатҳо дар назди шифохона як шӯъбаи нав таъсис диҳанд ва онро бо даҳ кати иловагӣ муҷаҳҳаз намоянд. 
Сокинони ҷамоати шаҳрвандони «Соҳибкор» ҳамчунин ба ҳокими вилоят фаҳмониданд, ки дар ин маҳалла ягон муассисаи томактабӣ фаъолият намекунад ва онҳо кайҳо чӣ будани боғчаи бачагонаро фаромӯш кардаанд. Шуҳрат Ғаниев гуфт, ки дар ин маврид ҳатман чораҷӯӣ хоҳад кард.
Мулоқот бо мардуми деҳаи Ғазноб низ боровар буд. Ин деҳа дар ноҳия аз деҳаҳое ба шумор меравад, ки аз соли 2018 ба ин сӯ дар қаламрави он ягон ҷиноят содир нашудааст. Ҳамкории мардум ва ходимони корҳои дохилӣ дар ин ҷо хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Чунин тарзи корбарӣ ва ҳамкорӣ ба ҳокими вилоят хеле писанд омад. Деҳаи Ғазнов ба  барномаи «Деҳаи обод» ворид шудааст ва беш аз пеш ободу зебо мегардад. 
Дар ҷамоати маҳаллаи Деҳайрон, ки деҳаҳои кучаки ду соҳили дарёи пурмаҷрои Сӯх — Деҳвайрон ва Умбараро муттаҳид намудааст,  ба он нукта таваҷҷӯҳ дода шуд, ки нақши занҳо бояд доман фарох намояд ва онҳо дар солимгардонии муҳити иҷтимоиву маънавии маҳалла бештар саҳмгузорӣ кунанд. Дар ин ҷамоат консепсияи «Мактаб – маҳалла – оила» низ хеле хуб ба роҳ монда шудааст ва самараи ин ҳамкорӣ ба ҳайси таҷрибаи хуб дар миёни мардуми ноҳия ҷорӣ гардидааст. Дар айни ҳол мактабҳои таълимоти умумии рақами 16 ва 17 дар чаҳорчӯби панҷ ташаббуси Президент чорабиниҳои доманфарохи фарҳангӣ, варзишӣ ва маънавӣ пиёда мекунанд. Сокини  ин ҷамоат Асалбек Муртазобеков дар асалпарварӣ соҳиби таҷрибаи хеле бой мебошад. Барои ҳамин Донишгоҳи давлатии Фарғона ӯро ба ҳайси «Профессори ифтихорӣ» пазируфтааст.
Деҳаи Сариканда аз деҳаҳои калонтарини ноҳия маҳсуб меёбад. Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Амиралӣ Саидбеков зодаи ҳамин деҳ мебошад. Дар  он ду ҷамоати шаҳрвандони маҳалла фаъолият мекунад. Он се мактаби таълимоти ҳамагонӣ дорад. Дар «Маркази авлоди комил» кӯдакону наврасони истеъдоднок бо кумаки устодону мураббиён донишу ҳунари худро такмил медиҳанд. Ходимони бунгоҳи пизишкии деҳа дар барқарор намудани саломатии мардум саҳми калон мегузоранд.  
Он рӯз як гурӯҳ занону духтарон машғули пухтани чалпак буданд. Онҳо ҳокими вилоятро бо  шириниҳо меҳмон карданд. 
Ҳокими вилоят ба ҳавлии яке аз беморони бистарии ҳамешагӣ Сироҷиддин Мадаминов даромада, ӯро аёдат намуд. Вай ваъда дод, ки барои ин бемор як аробачаи худгард тӯҳфа мекунад. 
– Аз ин илтифот сарам ба осмон расид. Ин суҳбати ҷолиб аз лавҳи хотирам фаромӯш нахоҳад шуд, – мегӯяд бо чашмони пур аз ашки шодӣ Сироҷиддин Мадаминов. 
Боздид аз мактаби таълимоти умумии рақами 4 ҳокими вилоятро водор намуд, ки дар ҳалли масъалаи хеле мубраму фаврӣ майна об кунад. Вай донист, ки мактаб барои 250 ҷой сохта шудааст, аммо дар он дастикам 800 нафар таҳсил мекунанд. Гунҷоиши он ҳатто дар ду баст наметавонад ин мушкилотро бартараф созад. Баъди ин муроҷиат ҳоким барномарезии сохтмони бинои иловагии мактаб барои 300 нафарро эълом дошт ва ин иқдом боиси хурсандии омӯзгорону донишомӯзон ва мардум гардид.
Деҳаи Ҳушёр аз маркази ноҳия 12 километр дур мебошад. Дар ин ҷо олимону фозилони зиёд зодаву парварда шудаанд. Мулло Орифи ҳушёрӣ дар замони худ аз донандагони беҳтарини улуми адабӣ ва исломӣ маҳсуб меёфтааст ва дар мадрасаҳои гуногун ба шогирдони зиёд таълим додааст. Баъдан Мулло Луқмон, Мулло Парпӣ, Мулло Аҳрор, Мулло Зокир, Мулло Ота, Мулло Тоҳир, Мулло Зикриё, Мулло Абдулваҳҳоб, Мулло Тоҷиалӣ ва амсоли онҳо ба илму амали исломӣ пайравӣ кардаанд ва шуҳрати деҳаро дар ноҳия баланд бардоштаанд.
Тешабой Одилов ҳанӯз дар ҷанги зидди фашизми Олмон «Баҳодури тоҷик» ном гирифта буд.  Алҳол аз се як маҳаллаи деҳаи ин қаҳрамонписари тоҷик, ки бештар аз ҳашт ҳазор аҳолӣ дорад, мувофиқи барномаи «Маҳаллаи обод» бозсозӣ ва ободу зебо мегардад. Ҳокими вилоят зимни боздид аз ин деҳа ва корҳои ободонӣ ба мактаби таълимоти умумии рақами 14 сар зад ва як дона телевизор, ба китобхонаи он 100 адад китоб туҳфа кард.
Ҳамчунин ба нақша даровардани сохтмони варзишгоҳи хурди футбол аз самараи ин мулоқоти сайёри ҳокими вилоят бо мардуми деҳаи Ҳушёр баррасӣ гардид. Бино ба машварати Шуҳрат Ғаниев  агар дар яке аз минтақаҳои камоби деҳа парвариши ниҳолҳои пистаро ба роҳ монанд,  даромади хуб ба даст меояд.  Масъалаи таъмини мардум  ба оби нӯшокию обёрӣ ва гази табиӣ низ гузошта шуд. Ҳоким таъкид варзид, ки ҳалли ин масъалаҳо барои ҳокимияти вилоят чандон мушкилоти ҷиддӣ эҷод нахоҳанд кард. 
Мулоқот бо мардуми деҳаи Қизилқиёқ низ хеле самимӣ ва пурнатиҷа анҷом ёфт. Ба далели он ки дар ин деҳа чанд соли охир ҷудошавии зану шавҳар хеле кам ба қайд гирифта шудааст, ҳокими вилоят ба ҷамоати шаҳрвандони он 10 миллион сӯм ҳадя кард. 
Дар ҷараёни ин сафари ҳокими вилоят ба ноҳияи Сӯх 2 ҳазор халта орди навъи аълосифат ба оилаҳои камбизоат, собиқадорони меҳнат, оилаҳои бесаробон ва амсоли он тақсим карда шуд.
***
Пас аз чанд рӯзи ин мулоқот аз ноҳияи Сӯх хабар расид, ки идораи гази вилоят ба деҳаи Ҳушёр 700 метр лулаи газ интиқол додааст ва то 10 ноябр мардуми ин деҳа аз гази табиӣ баҳраманд хоҳанд шуд Ҳамчунин барои сохтани ду мини-варзишгоҳ замин ҷудо карда шудааст ва он ҷо ду майдончаи футбол сохта мешавад.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: