МЕДИАОГОҲӢ – ШАРТИ СУЛҲУ ОСУДАГӢ

Сир нест, ки имрӯз иттилоот ва технологияҳои иттилоотӣ тамоми соҳаҳои ҷомеаро фаро гирифта, таъмини амнияти миллӣ ва давлатӣ аз сатҳу сифати он вобастагӣ дорад.

Аз тарафи дигар, он  ба амнияту пойдории миллӣ хатарҳои ҷиддиро низ эҷод менамояд. Дар шароити кунунӣ бо истифода аз воситаҳои ахбори омма  нерӯҳои тундгаро ба равандҳои сиёсии давлатӣ таъсири манфии худро расонида, дар фазои иттилоотӣ обрӯ пайдо мекунанд ва ба равандҳои дохилии мамлакат мудохила мекунанд. Бо ёрии воситаҳои ахбори омма  ҳамчун воситаи таъсирнок афкори ҷамъиятиеро шакл медиҳанд, ки ба амнияти давлат ва умуман, ба дастовардҳои ваҳдати миллӣ хатар эҷод менамояд. Яке аз ҳамин ҳамбастагиҳои зарарноки имрӯза терроризм ва ахбор аст.
Дар ибтидои асри нав инсоният ба хатари ҷиддие мисли терроризм рӯ ба рӯ шуд, ки ба ҳастии оламу одам таъсири манфии худро расонида истодааст. Албатта, аз таърих хуб огоҳ ҳастем ва медонем, ки экстремизм ва терроризм падидаи нав нестанд. Аз аҳди қадим то давраи нав, ҳам одамони алоҳида ва ҳам гурӯҳҳои манфиатҷӯ ба воситаи тарсонидан, даҳшатафканӣ мақсадҳои нопоки худро амалӣ кардан мехостанд, ки дар натиҷа одамони бегуноҳ ҷони худро аз даст медоданд. Ин ҷараён торафт реша давонида, падида ва хусусиятҳои навро касб намуд. Дар баробари рушд ва инкишоф ёфтани техника ва технологияи нав шаклу намудҳои нави терроризм (аз ҷумла, кибертерроризм) ба вуҷуд омаданд, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ором гузошта наметавонад.
Мақсади аслии терроризм заиф намудани ҳокимият, манфур нишон додани чеҳраҳои гуногуни сиёсӣ дар дохили як кишвар ва ба даст овардани ҳокимият мебошад.
Имрӯз терроризм на танҳо ба ҳаёти инсонҳо, балки ба оромӣ ва ободии хонадони халқ ва соҳибихтиёрии давлат таҳдид дорад. Ифротгароӣ ва терроризм дар нуқтаҳои гуногуни дунё ҷой гирифта, террористон амалҳои нопоки худро ҳамчунин зери ниқоби дини мубини ислом содир мекунанд. Яъне онҳо худро ҳамчун рӯҳонӣ нишон дода, кору амалашон танҳо исноди дин мебошад. Ҳама аз сайтҳои интернетӣ ва рӯзномаю маҷаллаҳо хуб огоҳӣ меёбанд, ки дар шароити ҳолоина созмонҳои ғайриқонунӣ, гурӯҳҳои моҷароҷӯ ва шахсони рӯҳияи террористидошта фаъолияти худро шиддат бахшида, аз роҳу воситаҳои зиддиинсонӣ, зиддиахлоқӣ бо бераҳмии том истифода мекунанд. Авҷи ифротгароӣ ва терроризм ҷомеаи ҷаҳонро ба хулосае овард, ки бо ин зуҳуроти номатлуб бояд дастҷамъона мубориза бурд. Дар ҳама давлатҳои ҷаҳон баҳри мубориза ба муқобили терроризм қонунҳои зиёде қабул гардидаанд. 
Боиси таассуф аст, ки ҳамарӯза аз тариқи васоити ахбори омма мешунавем, ки дар ин ё он давлати исломӣ амали террористие рух додаасту теъдоди зиёди одамони бегуноҳ, бахусус, кӯдакону ҷавонон қурбонӣ шудаанд. Яке аз талабҳои асосӣ барои мубориза бо чунин гурӯҳҳои тундгар – ин медиаогоҳист. Бояд мо назорат кунем, ки фарзандон маданияти истифодаи ахборро омӯзанд. Чуноне тадқиқотҳо гувоҳӣ медиҳанд, аксаран вақт нафароне барои содир кардани амалҳои террористӣ ҷалб мегарданд, ки ҷавонанду дорои саводи паст ё ин ки умуман, аз таҳсил дур мондаанд. Аз ин ҷиҳат, мо бояд пайваста дар пайи омӯзиш ва аз бар кардани донишҳои замонавӣ бошем ва ҳеҷ гоҳ барои майли ворид шудан ба ин ё он гурӯҳу созмонҳои ифротӣ роҳ надиҳем. Ин худ як навъ зарбаи сахтест ба ҳадафҳои нопоки афроде, ки ин гурӯҳу созмонҳоро сарпарастӣ ва роҳбарӣ мекунанд.
Он таносубе, ки имрӯз дар фаъолияти матбуоти электронӣ ва терроризм мавҷуд аст, таъсири манфии худро ба ҷавонон ба таври аён нишон медиҳад. Ҳатто дар каналҳои иҷтимоӣ чун Телеграм ё Фейсбук саҳифаҳои ашхоси чаласаводи зиёде пайдо шудааст, ки аз нодонии ҷавонон истифода бурда, онҳоро ба хулосаҳо ва фикрҳои нодуруст ва хавфнок мебаранд, онҳоро аз роҳи рост дур кардан мехоҳанд. 
Имрӯзҳо мафҳум, тарз ва усули бурдани ҷанг дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ тамоман тағйир ёфтааст. Усули истифодаи низомӣ аз ҷиҳати моддиву маънавӣ бисёрхарҷ  мебошад. 
Воситаҳои ахбори омма  – яке аз муҳимтарин  воситаҳои муассир мебошанд, ки қариб ба тамоми самтҳо, аз ҷумла, сиёсат, маориф, дин ва ғайра таъсири худро мерасонанд. Нақши онҳо дар ташаккул ва таҳаввули тафаккури ҷавонон бениҳоят азим аст. Зиёда аз ин, дарк ва шарҳи муҳимтарин падидаҳо ва дигаргуниҳое, ки дар мамлакат ва ҷаҳон ба амал омада истодаанд,  тавассути телевизион ва воситаҳои ахбори электронӣ татбиқ мегарданд. 
Мо бояд шукргузор бошем, ки дар фазои сулҳу  ҳаёти осоишта ба сар мебарем. Бояд талоши худро пайваста барои аз бар кардани донишҳои замонавӣ равона созем ва ҳеҷ гоҳ роҳ надиҳем, ки моро барои ворид шудан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳое, ки мақсадашон халалдор намудани фазои сулҳу субот, барангехтани кинаю адоват, ифротгароӣ ва терроризм аст, ҷалб намоянд. Ҳифзи Ватан, посдории арзишҳои миллӣ, фарҳангу маънавият ва ояндаи давлат аз ин зуҳуроти манфии ҷаҳонишуда вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Ӯзбекистон мебошад.

Рухшона АБДУҚОДИРОВА,
муаллимаи забон ва адабиёти тоҷики 
мактаби таҳсилоти умумии №17, шаҳри Ангрен.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: