ТАШАББУС ШОИСТАИ ДАСТГИРИСТ

Деҳаи Чоршанбе яке аз деҳаҳои калонтарини ноҳияи Самарқанд буда, таърихи хоси худро дорад.

Дар он намояндагони миллатҳои гуногун дӯстона умр ба сар мебаранд. Дар чор мавзеи деҳа 4028 нафар зиндагӣ мекунанд. Аз соли 2014 дар Чоршанбе қарори комиссияи ҷамоати шаҳрвандони маҳалла «Доир ба такмил ва мувофиқгардонии корҳои маънавию маърифатӣ, тӯю маъракаҳои азо, арзиш ва урфу одатҳои миллӣ» қабул шуда буд, ки то ҳол аҳли деҳа бо он амал мекунанд. 
Аз ҷумла маросими «Ошхӯракон» ва ё «Оши розигӣ» барҳам дода шуд. Фотиҳа – ноншиканон, бо иштироки ду тараф — ҷам 80 нафар зану мард баргузор мегардад, фақат ба падару модари домод туҳфаҳо супорида мешаванд. Пеш аз фотиҳа ва тӯй қудошавандаҳо, яъне падару модари домоду келин бе миёнаравҳо вохӯрда, сарфу хароҷоти тӯйро байни худ муҳокима мекунанд.
Маросими «Санбӯса» ва «Таги ҷо»  бо иштироки 5-6 нафар мард аз тарафи арӯс ба амал  бароварда мешавад. Ба меъёри тӯҳфаҳо, яъне лаълибариҳо риоя мекунанд, онҳо намоишкорона бурда намешаванд.
Дар маросими «Бибӣ сешанбе», ки баъди никоҳ гузаронида мешавад, миқдори иштироккунандагон аз тарафи арӯс 4-5 нафарро ташкил медиҳад.
Дар маросими «Гаҳворабандон» аз тарафи арӯс 3-4 нафар иштирок мекунанд.
Рӯзи ҷаноза додани хайрот, сарандоз, рӯмолчаю пул, чой, ҷойнамоз ва ғайра қатъиян манъ карда шуд. Соҳибони маъракаи азо фақат назди бибихалифаи мутасаддӣ чизгузорӣ мекунанд.
Гузаронидани маросими «Азокушоён», «Бегоҳи душанбе», «Бегоҳи ҷумъа» аз байн рафт.
Дар хонаи азодор пухтани таомҳо барои меҳмонон ва рӯйи дастархон гузоштани пистаю бодом манъ аст. Рӯзи «Оши сол» ба сари соҳибони маърака, яъне занҳои азодор матоъ партофта намешавад.
Бо мақсади иҷро намудани қарори мазкур ва назорати онҳо ёрдамчиёни раиси маҳалла дар мавзеъ, сардорони кӯча ва аъзои он аз ҳисоби шахсони барӯманд, пуртаҷриба, ташаббускору навҷӯ таъин гардидаанд. Ба ҳар 50 оила 1-то кайвонӣ ва 4 аъзо вобаста карда шудаанд. Шахсоне, ки ба ин қарорҳо амал намекунанд, аз ҳама гуна хидматҳое, ки ба ҷамъомади шаҳрвандони деҳа вобаста аст, маҳрум гардонида мешаванд.
Дар роҳи иҷрои қарори комиссия хидмати раиси собиқи деҳа, марди соҳибмаълумоту донишманд Ҳоҷӣ Вафоқул Эшонқулов калон аст.
Дар интихоботи раиси ҷамоати шаҳрвандон, ки соли ҷорӣ гузаронида шуд, аксарият ба ҷавони дониши хуби динию дунёвӣ дошта, собиқ корманди корҳои дохилӣ Алишер Ғафуров овоз доданд. Ҳоло ӯ корҳои оғозбахшидаи Ҳоҷӣ Вафоқулбоборо давом медиҳад.
Бо ташаббуси раиси деҳа дар «Оши наҳор» додани як хел таом – оши палав, бе нӯшокиҳои спиртӣ ва хироми раққосаҳо, ба роҳ монда шуд.
Ба қарибӣ соҳибкори маҳалла Маматқулбобо Раббимқулов ва ҳамсарашон, ҳамшираи шафқати деҳа Назира Убайдуллоева набераи худро хонадор карданд. Рӯзи «Оши наҳор» мардони деҳа бо оши палав гусел карда шуданд. Занҳои даъватии маҳалла – дӯсту дугонаҳои соҳибони маърака бо оши угрою палав қаноат карданд. 
Тӯйи арӯсӣ дар тарабхона бо иштироки хешони наздики соҳибтӯй гузаронида шуд. Ин тӯй ба аҳли деҳа маъқул шуд ва дар оянда ҳама хостанд, ки маъракаҳоро дар ҳавлии худ, бе иштироки раққосаву нӯшокиҳои спиртӣ гузаронанд. Ин ташаббусро аҳли деҳаи Бӯзӣ низ дастгирӣ карда истодаанд.
Чанде пеш қарори муштараки шӯроҳои Палатаи қонунгузорӣ ва Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи минбаъд такмил додани низоми ба тартиб овардани тӯй, тантанаҳои оилавӣ, маърака ва маросимҳо, чорабиниҳо бахшида ба хотираи марҳумон» қабул гардида буд, ки онро аҳли гузар бо хушнудӣ пазируфтанд. Бояд гуфт, ки мақсад аз чорабиниҳо камхарҷ гузаронидани тӯю маърака ва маросимҳои азо мебошад, ки ба фоидаи оила аст.

Мунира 
ШАМСИДДИНОВА, 
 собиқадори шуъбаи таълими халқи ноҳияи Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: