ЭҲТИРОМ БА ЧЕМПИОН

Ба қарибӣ дар шаҳри Пхеняни Куриёи Шимолӣ чемпионати Осиё оид ба атлетикаи вазнин ба поён расид.

Дар он вакилони Ӯзбекистон низ ширкат варзиданд. Паҳлавонписар аз ноҳияи Самарқанд Азимҷон Хоҷаев дар вазни 102 кг. ҷойи аввалро ишғол намуда, медали тиллоро ба даст даровард.
Чанде пеш вай дар мусобиқаи байналхалқӣ, ки дар пойтахти Қазоқистон ба вуқӯъ пайваст, ба шоҳсуфаи баланд баромад.
Дар гузари Мирзо Улуғбеки ноҳияи Самарқанд пешвозгирӣ ва қадршиносии варзишгар барпо гардид. Ҳокими ноҳия Носир Мавлонов чемпиони қитъаро табрик гуфт ва тӯҳфаи хотиравӣ супурд.
– Нияти ман дар оянда чемпиони ҷаҳон ва иштирокчии олимпиада шудан мебошад, – гуфт Азимҷон Хоҷаев. – Барои ин тайёрӣ дида истодаам, соҳиби диплом гардида, бо мураббигӣ шуғл варзиданиам.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти САМАРҚАНД.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: