ЭЪТИБОР БА КОРМАНДОНИ ТИБ – АСОСИ ҲАЁТИ СОЛИМИ МО

Дар Қасри «Туркистон»-и пойтахт ҷашни Рӯзи кормандони тибб ба амал омад.

Дар чорабинии идона аъзои Сенати Олий Маҷлис, депутатҳои Палатаи қонунгузорӣ. намояндагони вазорат, идора, ташкилотҳои ҷамъиятиву байналхалқӣ, шифокорон, ҳамшираҳо, профессорону омӯзгорон, донишҷӯён, намояндагони маданият ва санъат иштирок карданд.
Табрики идонаи Президент Шавкат Мирзиёев ба кормандони соҳаи нигаҳдории тандурустии мамлакат хонда шуд.
Соли равон бори аввал ба муносибати ҷашн мувофиқи фармони Президент як гурӯҳ кормандони фидоии соҳа бо мукофотҳои олии давлатамон тақдиронида шуданд.
Дар чорабинӣ мукофотҳоро Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Т. Норбоева тантанавӣ супурд.
Чи хеле ки дар табрики Президент таъкид ёфтааст, осоиштагиву сиҳатӣ – барои ҳар як инсон, тамоми аҳолӣ неъмате ба ҳисоб меравад, ки бо ҳеч чиз андоза карда, баҳо дода намешавад. Танҳо инсони солим ва халқи солим ба иҷрои корҳои бемисл қодир мебошад.
Ба ин маъно, ислоҳоти муттасиле, ки дар мамлакатамон дар соҳаи нигаҳдории тандурустӣ татбиқ мегарданд, аввало, ба таъмин кардани манфиати инсон, таҳкими сиҳатии шаҳрвандон, аз ҳаёт, имрӯз розӣ шада зистани онҳо хидмат мекунад. 
Бобати беҳтар гардондани расондани ёрии тиббиву профилактикӣ, патронажӣ ба халқ, вусъат додани сифати ёрии тиббии таъҷилӣ, фавқулодда ва  махсус, бо дорувории арзону сифатнок таъмин кардани аҳолӣ, рушди тиббиёти хусусӣ лоиҳаҳои муҳим татбиқ мегарданд. Аз ҷумла, дар тӯли се соли охир бинобар ислоҳсозии нигаҳдории тандурустӣ беш аз 170 ҳуҷҷати ҳуқуқӣ қабул гардид.
Фармони Президент «Дар бораи маҷмӯи чорабиниҳо оид ба куллан такмил додани низоми нигаҳдории тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» аз 7 декабри соли 2018 дар пешрафти тиббиёти мамлакатамон ба давраи нав ибтидо гузошт. Мувофиқи фармон консепсияи рушди низоми нигаҳдории тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2019-2025 тасдиқ гардид.
Дар айни ҳол ҳаҷми бо маблағ таъмин намудани соҳа якчанд баробар афзуд. Дар соли 2017 ба соҳа 7,1 триллион сӯм раквона карда шуда бошад, дар солд 2019 ба 12,1 триллион сӯм расидани ин нишондиҳанда далели фикрамон мебошад. Инчунин, миқдори маблағе, ки барои воситаҳои дору ва таҷҳизоти тиббӣ, ҳамчунин корҳои соътмону таъмири объектҳои тиббӣ ҷудо мегарданд, 3 баробар афзуд. 
Дар мамлакатамон эътибор ба рушди тиббиёти профилактикӣ торафт пурзӯр мегардад. Дар айни ҳол ба халқамон дар ин самт 1793 муассисаи амбулаториву поликлиникавӣ, аз он ҷумла, 817 пункти тиббии деҳа, 798 поликлиникаи оилавӣ, 178 поликлиникаи оилавии шаҳр хидмат мерасонад. 
Дар натиҷаи мақбулсозии фаъолияти звенои ибтидоии тиббӣ дар поликлиникаҳои оилавии деҳа хонаҳои маслиҳати занона, сиҳатии духтарон, пунктҳои ёрии таъҷилӣ, дорухонаҳои иҷтимоӣ фаъолият нишон дода, 5 мутахассисони доираи маҳдуд кор мекунанд.
Дар тӯли солҳои охир фаъолияти соҳае, ки аҳолӣ бештар муроҷиат менамояд, – хидмати ёрии таъҷил ва фавқулоддаи тиббӣ ба дараҷаи сифатан нав бардошта мешавад. Саройи махсуси санитарии нақлиёти автомобилии ёрии таъҷилӣ нав карда шуд. Дар низом қариб дуним ҳазор мошинҳои замонавии ёрии таъҷилии русумҳои ««Nissan», «Hunday», «Toyota» ба аҳолӣ хидмат мерасонанд. 281 адад реанимобил бо таҷҳизоти зарурӣ пурра муҷаҳҳаз гардонда шуд. Соли ҷорӣ боз 150 адад реанимобилҳои замонавии «FORD» харид карда шуданд.
Дар соҳаи расондани ёрии махсуси тиббӣ низ чораҳои васеъмиқёс андешида мешаванд. Дар се соли охир аз ҳисоби иловагӣ ташкил кардани фаъолияти марказҳои тиббӣ дар самтҳои аллергология, онкология, нефрология, трансплантатсияи гурда, неврология ва инсулт, травматология ва ортопедия дар мамлакат 16 маркази тиббии махсус фаъолият нишон медиҳанд. Дар минтақаҳо 310 шуъбаҳои махсус ва 14 филиалҳои марказҳои ҷумҳуриявии махсуси илмиву амалӣ таъсис дода шудаанд.
Ба ҷорӣ намудани технологияҳои пешқадами инноватсионии тиббӣ ба тиббиёти мамлакат, ки дар давлатҳои тиббиёташ пешрафта истифода мегарданд, аҳамияти алоҳида дода мешавад. Дар ин бобат қайд кардан ҷоиз аст, ки дар айни ҳол дар Маркази ҷумҳуриявии махсуси ҷарроҳии ба номи академик В.Воҳидов ва Маркази ҷумҳуриявии илмии ёрии таъҷилии тиббӣ ҷарроҳиҳо бинобар кӯчондани ҷигар ва гурда бомуваффақият гузаронда мешаванд. Олимони Донишкадаи илмиву тадқиқотии гематология ва хунрезӣ самти пешқадами тиббиёти ҷаҳонӣ – кӯчондани мағзи ҳуҷайраро азхуд намуда, амалиётҳои дахлдорро бомуваффақият иҷро менамоянд. Ҷарроҳиҳои замонавии кардиохирургӣ имрӯз натанҳо дар пойтахт, балки дар муассисаҳои табобатии вилоятҳои Намангон, Хоразм, Фарғона, Бухоро, Қашқадарё ва ғайра, инчунин Ҷумҳурии Қароқалпоқистон бомуваффақият гузаронда мешаванд.
– Табрики ба мо, кормандони соҳа бори аввал ирсолшудаи Президент моро рӯҳбаланд гардонд ва ба туфайли он мо вазифаҳои ба зиммаамон гузошташударо амиқ дарк намудем, – мегӯяд мудири шуъбаи Маркази ҷумҳуриявии махсуси илмиву амалии ҷарроҳии ба номи академик В.Воҳидов Миршавкат Акбаров. – Бо фармони роҳбари давлатамон ба ордени «Дӯстлик» сазовор гардидам. Ин, бешубҳа, ба фидокорона кор кардан даъват менамояд. Дар ин бобат таъкид кардан ҷоиз аст, ки се-чор сол қабл амалиёти ҷарроҳии дил ва кӯчондани он хеле қимат буд ва танҳо дар хориҷ гузаронда мешуд. Имрӯз беш аз 500 намуди ҷарроҳиҳои мураккабро мо дар ҷумҳуриамон амалӣ менамоем. Эътироф кардан ҷоиз аст, ки амалиёти ҷарроҳӣ натанҳо дар марказҳои ҷумҳуриявӣ, балки махсуси вилоятӣ гузаронда мешаванд. Ҳамаи ин натиҷаи ислоҳоте мебошад, ки дар соҳаи нигаҳдории тандурустӣ татбиқ мегарданд. 
Бо роҳи скрининги перинаталӣ ва неонаталии занони ҳомиладор ва навзодон низоми пешакӣ зоҳир намудани касалиҳои модарзодӣ ва ирсӣ ба роҳ монда шудааст. Дар муассисаҳои минтақавии табобатии бачагона шуъбаҳои нави ҷарроҳии неонаталӣ, кардиохирургия, ҷарроҳии инвазивӣ, гинекологияи духтарон, ки дар онҳо ҷарроҳиҳои мураккаб гузаронда мешаванд, кушода шуданд. 
Баробари бо таҷҳизоти замонавии тиббӣ бо роҳи баланд бардоштани малакаи мутахассисон муҷаҳҳаз гардондани муассисаҳои перинаталӣ кӯдакони чалазоидашудаи камвазн парвариш ва реабилитатсия карда мешаванд. Ба туфайли ин дигаргунсозиҳо дар мамлакат ба таҳкими сиҳҳатии занон, коҳиш додани дараҷаи фавт байни модарон ва навзодон муваффақ мегарданд.
Дар муддати кӯтоҳ дар беш аз 1300 муассисаи давоӣ ба амал татбиқ гардидани корҳои таъмирию сохтмонӣ ва танҳо дар соли 2019 бо таҷҳизоти арзишашон 100 миллион доллар ҷиҳозонида шудани муолиҷагоҳҳо аз андозаву миқёси корҳое дарак медиҳанд, ки дар роҳи таҳким бахшидани сиҳатии мардум анҷом дода мешаванд.
Дар кишварамон барои тибби хусусӣ шароити мусоид фароҳам оварда мешавад. Имрӯз дар ин самт беш аз 5300 бемористон  кору фаъолият доранд. Дар мамлакатамон беш аз 100 клиникаи замонавии кишварҳое мисли Россия, ИМА, Олмон, Ҳиндустон, Туркия ташкил дода шудааст.
Дар ҷараёни ислоҳоти низоми ҳифзи тандурустӣ  ба рушди таълими тиббӣ низ рӯйи эътибор гардонда мешавад. Дар мамлакатамон дар 7 муассисаи таълими олии тиббӣ ва 4 филиали он барои соҳа кадрҳои соҳибмалака тайёр карда мешавад. Соли 2017-ум кушода шудани филиали тирмизии Академияи тиббии Тошканд ва ба кор шурӯъ кардани филиали Фарғона бобати таъмини муассисаҳои тиббии минтақаҳо бо кадрҳои соҳибмалака имконияти васеъ фароҳам овард.
Робитаҳои марказҳои илмию фаннӣ, тиббию илмӣ низ бо муассисаҳои бонуфузи илмии хориҷӣ мустаҳкам мегардад. Ин аст, ки бо ҳамкории мактабҳои олии тиббии мамлакатамон ва муассисаҳои таълимии тиббию илмии бонуфузи хориҷӣ дари 22 факултети байналхалқӣ кушода шуд.
Тавре ки таъкид гардид, минбаъд низ ислоҳотҳое, ки ба таҳким бахшидани тандурустии аҳолӣ нигаронида шудаанд, пайгирона ба амал татбиқ карда хоҳанд шуд. 
Вазири ҳифзи тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Шодмонов ҳамкасбони худро бо ҷашн табрик намуд.
Бо иштироки ҳунарпешагони шинохта ва иҷрогарони ҷавон барномаи консертӣ намоиш дода шуд.
Дар чорабинӣ мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Абдувахитов ва ҷонишини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон, раиси Кумитаи занону духтарони ҷумҳурӣ Э. Боситхонова ширкат ҷустанд.

Моҳигул ҚОСИМОВА,
хабарнигори ӮзА.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: