ХАБАРҲО

Нашри тозаи «Китоби сурх»

Нашри тозаи «Китоби сурх»

Дар Агентии  ахбор ва коммуникатсияҳои оммавии назди Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бахшида ба омодагии нашри тозаи «Китоби сурхи Ҷумҳурии Ӯзбекистон» анҷумани матбуотӣ баргузор гардид.
Маълум, ки ин китоб баҳри пешгирии хавфи нобудшавии навъҳои нодири олами рустанӣ ва ҳайвонот чун воситаи огоҳкунанда хидмат менамояд.
Инчунин он дар умумигардонии ҳолоти ҳозираи олами набототу ҳайвонот ҳуҷҷати муҳимест.
Нашри якуми Китоби сурх соли 1984 ба табъ расида, 163 навъ рустанию ҳайвоноти Ӯзбекистонро фаро гирифта буд. Нашри соли 1998 301 навъ, соли 2006 305, соли 2009 324 навъро фаро гирифта буд. Дар нашри пешистодаи китоби сурхи Ҷумҳурии Ӯзбекистон», ки аз ҷониби олимони Институти ботаникаи назди АУ Ӯзбекистон омода мегардад, натиҷаи тадқиқотҳои даҳ соли охир, ки аз ҷониби мутахассисони соҳа пеш бурда шудаанд, ҷамъбаст хоҳад гашт.

Тадбири тирамоҳӣ – дар муассисаи томактабӣ

Дар муассисаи таълими томактабии рақами 351-уми ноҳияи Учтеппаи пойтахт бо унвони «Иди ҳосил дар тирамоҳи заррин» чорабинӣ ба амал омад. Дар бораи тирамоҳ, ки фасли ҳосилғундорист, хурдтаракон аз маълумотҳои  шавқбахш огоҳ гардиданд. 
Дар бораи меваю сабзавот, ки дар ин фасл пухта мерасанд, кӯдакон шеърхониҳо карданд. Рақсҳои «Соябон» ва «Занбурӯғ» аз ҷониби писарбачаҳо, «Қатра» ва «Офтобпараст» аз ҷониби духтарбачаҳо ба иштирокдорон хуш омад. Афсонаи «Шалғам» дар иҷрои хурдтаракон намоиш ёфт. Модарони тарбиятгирандагони  муассисаи томактабии номбурда низ дар канор намонданд. Онҳо шарти «Кадом гурӯҳ тез ба иҷро мерасонад»-ро чусту чолок ба иштирокдорон тақдим намуданд.

М. ШОДИЕВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: