ТАШКИЛИ ҚИТЪАҲОИ ИНТИХОБОТ

8 ноябри соли ҷорӣ дар Маркази байналхалқии матбуот маҷлиси навбатии Комиссияи марказии интихобот баргузор шуд.

Маълум аст, ки дар ҷараёни интихобот шаҳрвандони хориҷ аз кишвар низ нисбат ба интихоботи пешина бештар фаро гирифта мешаванд. Зеро ҳар як шаҳрванди Ӯзбекистон хоҳ дар дохил, хоҳ дар хориҷ бояд ба тақдири Ватан бефарқ набошад ва дар ҷараёнҳои сиёсии кишвари мо бо мақсади ободиву осудагии халқамон, гул-гулшукуфии диёрамон саҳми худро гузорад. Бо ин ҳадаф қитъаҳои интихобот дар давлатҳои дуру наздик ифтитоҳ гардидааст, ки шаҳрвандон метавонанд рафта барои интихоби номзади арзанда овоз диҳанд.
Дар бораи корҳои амалишуда бобати ташкил кардани фаъолияти қитъаҳои интихоботӣ дар Федератсияи Русия ва таъмини ҳуқуқи овоздиҳии ҳамватанони мо дар он кишвар дар интихобот Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ӯзбекистон дар Федератсияи Русия Ботирҷон Асадов муфассал маълумот дод.
Миқдори қитъаҳои интихобот дар Русия нисбат ба соли 2016 2-то зиёд буда, ба 7 қитъаи интихобот расидааст, ки онҳо дар шаҳрҳои Санкт-Петербург, Владивосток, Екатеринбург, Новосибирск, Ростов-Дон, Қазон ва Москва воқеъ гаштаанд. Интизор меравад, ки дар интихоботи соли ҷорӣ шаҳрвандони  мо аз Русия бештар саҳм хоҳанд гузошт. Нисбат ба дигар давлатҳо бештар ифтитоҳ гардидани қитъаҳои интихобот дар он ҷо дар ҷараёни овоздиҳӣ аксариятро ташкил кардани шаҳрвандони Ӯзбекистонро собит менамояд. 
Дар маҷлис ҳамчунин, ахбори шуъбаи вилояти Самарқанди Маркази байналхалқии матбуоти Комиссияи марказии интихобот шунида шуд.
Бояд гуфт, шуъбаи минтақавии Маркази байналхалқии матбуот дар бинои «Ёшлар маркази»-и шаҳри Самарқанд фаъолият дорад. То ин вақт аз ҷониби шуъбаи вилояти Самарқанди Маркази байналхалқии матбуот бо мақсади хабардор кардани аҳолӣ аз корҳое, ки комиссияи интихоботии вилоятӣ дар амал татбиқ намудааст, бо ширкати журналистон як қатор нишастҳои матбуотӣ, брифинг ва чорабиниҳои дигар гузаронда шуданд. 
41 нафар ходимони ВАО, сайтҳои интернет бинобар равшаннамоии ҳама чорабиниҳое, ки доир ба омодагӣ ва гузарондани интихобот дар амал татбиқ мегарданд, номнавис шуданд. Айни замон ҷараёни мазкур идома дорад. Дар давраи гузашта тавассути телевизион ва радио оид ба интихобот беш аз 160 лавҳа, намоиши телевизионӣ, репортаж ва радиошунавонӣ, ду маротиба мулоқоти мустақим нашр шудааст.
Рӯзи чоршанбеи ҳар ҳафта тавассути телевизиони вилоятӣ бо ширкати раис ва аъзои комиссияи интихобти вилоятӣ, намояндагони ҷамоатӣ нашри мустақим ташкил гардида, ба саволҳои додашуда ҷавоб гардонда шуд. Дар нашрияҳои чопӣ, шабакаҳои интернет 164 мақола, шарҳ ва хабарҳо эълон карда шудаанд.

Х.ҲАМИДОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: