Хабарҳо

Муроҷиатҳо омӯхта шуданд

Аз ҷониби БТС «Агробанк» брифинг бахшида ба масъалаи кор бо муроҷиатҳои шахсони ҷисмонию ҳуқуқӣ баргузор гардид.

Таъкид гашт,  Президентамон ба масъалаи таъмини устувории қонун дар таҳлили муроҷиатҳои шахсони ҷисмонию ҳуқуқӣ беҳуда эътибори ҷиддӣ нанигарондааст. Зеро паси ҳар як мактуб ё ариза тақдири инсон меистад.
Бонки тиҷоратӣ-саҳҳомии «Агробанк» низ дар кор бо муроҷиатҳои шахсони ҷисмонию ҳуқуқӣ дар асоси талаботи қарорҳои роҳбари давлати мо фаъолият пеш мебарад.
То ҳолати 1 ноябри соли равон 88 фоизи аризаҳое, ки афтодаанд, дар масъалаи кредит мебошанд. Вале муроҷиатҳое, ки асоснок нестанд, хеле зиёд. Дар давоми омӯзиш ҳамаи муроҷиатҳое, ки асосноканд, ҳалли мусбии худ ёфтанд. Ба соҳиби муроҷиатҳои беасос дар бораи тартиби вомдиҳӣ дар асоси имтиёз ва дигар масъалаҳое, ки вобаста ба хидматҳои бонкианд, маълумотҳо расонда шуданд, гуфта шуд дар брифинг.

Бойгонӣ – инъикосгари таърих

Дар Хонаи фотосуратҳои Тошканд фотонамоиш бо унвони «Асри ба абадият дахлдор» ба амал омад, ки ба 100-солагии ташкил ёфтани сохтори давлатии бойгонӣ бахшида шуд. 

Тамошобинҳо хусусан ба аксҳои шахсони таърихӣ, чеҳраҳои намоёни ҳунар, ки ба тараққии санъати миллии ӯзбек саҳм гузоштаанд, бештар таваҷҷӯҳ намуданд. Соли 1943 архиви ҳуҷҷатҳои миллии фотофонди кинои ӯзбек ташкил гардида буд. Дар ин байн воқеаҳои зиёд рӯй доданд ва бойгонӣ чун инъикосгари муҳимтарин рӯйдодҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва маданӣ имрӯз диққати умумро ба худ мекашад. Дар бойгонӣ намунаҳо аз синамои бадеию ҳуҷҷатии миллӣ, суратҳо, ҳуҷҷатҳои овознок ва дигар  маводи муҳим оиди санъати кино нигоҳдорӣ мешаванд. Умуман, бойгонӣ дар шиносондани халқ, хусусан ҷавонон ба мероси маданӣ нақши калон дошта, дар роҳи пайвастани ҳалқаҳои таърих, имрӯз ва оянда воситаи муҳимест.

Намоиши шахсии истеъдоди ҷавон

Дар мамлакатамон ба тарбияи истеъдодҳои ҷавон, дастгирии ҳарҷонибаи эҷодкорони қобилиятнок, ки дар пайроҳаи ҳунар қадам заданианд, эътибор дода мешавад.

Дар хона-музейи Урол Тансиқбоев воқеъ дар пойтахт намоиши шахсии рассоми ҷавон Кавсар Тӯлқинова бо унвони «Санъати аз эҳсоси миллӣ илҳомгирифта» ба амал омад. Кавсар ҳанӯз донишандӯз дар мактаби санъати рассомии ҷумҳуриявист, вале тавонист намоиши шахсиашро ташкил ва дар доираи васеъ истеъдодашро дар чанд риштаи ҳунар намоён созад. Вай нафақат мусаввир, айни замон дӯзандаи моҳир аст. Баробари тасвирҳо, ки ба намоиш гузошта шудаанд, ҳозирон ба либосҳои миллии занонаи услуби тошкандӣ ва сурхонӣ, ки панҷаҳои ҳунари Кавсар офаридаанд, шинос шуданд. Кавсар чун зардӯз ва заргар низ ҳунари комил дорад, ки инро дар намоиши шахсиаш ба исбот расонд. Намоиш то 24 ноябр давом мекунад.

«Рӯзҳои гузашта» дар Фарғона

Бисёр воқеоти романҳои машҳури Абдулло Қодирӣ, ки 125-солагиаш таҷлил мегардад, дар Фарғона, аниқтараш, дар Қуқанд ва Марғелон рӯй додаанд. 

Шояд аз ҳамин сабаб мардуми Фарғона ба Қодирӣ ва асарҳояш бештар таваҷҷӯҳ зоҳир менамоянд. Адиб қабл аз эҷоди «Каждум аз меҳроб» ва «Рӯзҳои гузашта» чанд бор ба водӣ сафар карда ва мавод ғун намуда ва ҳатто ба онҳое, ки шахси наздики қаҳрамонҳои ояндаи осораш буданд, аз наздик суҳбат карда буд. Вай қайд сохта, ки «Ман дар кӯчаҳои Марғелон қадам зада, манзилҳои Мирзо Карими қуттидор, Усто Олим, Ҳамид, Содиқ ва дигаронро тахминан ёфта будам». Қабл аз нахустнамоиши спектакли «Рӯзҳои гузашта» (аз рӯйи сенарияи Э. Хушвақтов) аз ҷониби Театри вилоятии мусиқӣ-драмавии Фарғона дар ҳамин бобат сухан рафт. Ҳарчанд романро хонда ва филми «Рӯзҳои гузашта»-ро борҳо тамошо кардаанд, аз тақдири сарпечи Отабек, Кумуш ва Зайнаб тамошобинон мутаассир гардиданд.

М.ШОДИЕВ,
мухбири «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: