СУХАН БА ИШТИРОКДОРОНИ КОНФРОНС

БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲО ОИД БА РӮЗНОМАИ МИНТАҚАВӢ ВА ГЛОБАЛӢ ДАР САМАРҚАНД

Дар Самарқанд 10-11 ноябр Конфронси Х осиёии Клуби байналхалқии мубоҳисаи “Валдай” ба амал омад. Дар чорабинӣ беш аз 80 нафар олимони бонуфузи 11 мамлакати ҷаҳон иштирок карданд.
Хабарнигори ӮзА ба фикру ақидаи иштирокдорони форум оид ба масъалаҳои муҳими рӯзнома таваҷҷӯҳ зоҳир намуд.
Элдор ОРИПОВ, директори Институти тадқиқотҳои стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон:
– Дар доираи чорабинӣ байни Институти тадқиқотҳои стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Фонди рушд ва дастгирии Клуби байналмилалии мубоҳисаи “Валдай” созишнома ба имзо расид. Ин ҳуҷҷат барои амалиёти муштарак бинобар рушди шарикии ба ҳамдигар муфид ҳамчун асоси ҳуқуқӣ хидмат мекунад.
Баробари ин оиди оғози коркарди нақшаи дар амал татбиқ намудани ҳуҷҷат созишнома ба даст омад. Дар доираи он ба мақсади таъмин кардани иштироки Ӯзбекистон дар ҷамъомадҳои клуби мубоҳисаи “Валдай”, татбиқи вазифаҳои устувори муҳокимашуда механизмҳои ба мамлакат даъват намудани коршиносони Русия, ба роҳ мондани мубодилаи нашри материалҳо муайян хоҳанд шуд.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар ҳамоиши Ашқободии Шӯрои сарони давлатҳои мамлакатҳои ИДМ пешниҳод намуд, ки дар соҳаи амнияти иттилоотӣ конфронс баргузор карда шавад. Ҳангоми музокирот ҳамкорони Русия ба иштирок намудан дар форуми мазкури байналмилалӣ, ки баргузории он соли 2020-ум ба нақша гирифта шудааст, омода мебошанд.
Дар бораи имкониятҳои якҷоя муваффақ гардидан ба мақсадҳо, ки дар рафти муҳокимаҳои Ӯзбекистону Русия муайян шудаанд, масъалаҳои ҳамкорӣ намудан дар мубориза бар зидди терроризм ва экстремизми динӣ баррасӣ гардиданд.
Андрей БИСТРИТСКИЙ, раиси Шӯрои Фонди рушд ва дастгирии Клуби байналмилалии мубоҳисаи “Валдай”:
– Тамоюли рушди Ӯзбекистон солҳои охир нишондиҳандаҳои баландро соҳиб мебошад. Ин раванд ба маъное саъю кӯшиши Амир Темурро бинобар рушди давлат ва ҷамъият хотиррасон менамояд.
Вақте сухан дар бораи муносибатҳои Ӯзбекистону Русия меравад, таъкид кардан ҷоиз аст, ки ҳар ду мамлакат бобати таъмин кардани устуворӣ дар минтақа назари якхела доранд. Ҳамкорӣ дар ин соҳа ба воситаи мулоқоти тарафайн ва мутобиқсозии ҳаракатҳои умумӣ татбиқ мегарданд. Ҳангоми чорабинӣ бинобар як қатор масъалаҳои муҳим, ки дар ин раванд қадами навбатӣ мебошанд, мубодилаи афкор ба амал омад. 
Вазъият дар Афғонистон ба амнияти минтақа таҳдид дорад. Ӯзбекистон ба сифати мамлакати ҳамсоя дар ба роҳ мондани робитаи дутарафа ва ҳамкорӣ таҷрибаи калон дорад. Дар хотимаи конфронс мо имконияти муайян намудани нақшаҳоро бинобар амалӣ гардондани амалиёти муштарак дар самти мазкур ва дигар самтҳои ҳамкорӣ ба даст овардем. 
Алексей ВЛАСОВ, сардори департаменти равобити байниминтақавӣ ва маданӣ бо мамлакатҳои хориҷии Раёсати Президенти Федератсияи Русия:
– Ҳангоми интихоб намудани ҷой барои баргузор намудани конфронси Осиё созмондиҳандагон бисёр омилҳоро ба назар гирифтанд. Албатта, омили аз ҳама асосӣ бо дигаргуниҳои имрӯзаи Ӯзбекистон, пеш гузошта шудани ташаббусҳои пешқадам бинобар чунин самтҳои муҳим, мисли иқтисодиёт, амният натанҳо дар миқёси минтақа, балки Иттиҳод марбут мебошанд.
Коршиносон аз Русия, мамлакатҳои Аврупо дар мисоли Самарқанди нотакрор бо таъриху маданияти ғании Ӯзбекистон шинос шуда, ба дигаргуниҳое, ки дар ин ҷо амалӣ мегарданд, гувоҳ шуданд.
Яке аз масъалаҳои асосии рӯзнома таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ  байни Русия ва Ӯзбекистон гардид, ки бо суръати баланд ривоҷ меёбад. Ин ба самт бинобар таъмин кардани амнияти минтақавӣ ва устуворӣ, ки аз рӯи онҳо Русия ва Ӯзбекистон фаъолона ҳаракат доранд, бевосита алоқаманд мебошад.
Имрӯз таҳти роҳбарии Президент Шавкат Мирзиёев  дар мамлакат ва дар миқёси байналмилалӣ дар рӯҳи кушод ва боварии тарафайн сиёсат пеш бурда мешавад. Хурсандиовар аст, ки ин дар муносибат бо Русия низ намоён мегардад.
Александр РАР, доктори илмии форуми Олмон-Русия:
– Дар айни ҳол клуби «Валдай» бинобар масъалаҳои васеи аҳамияти байналмилалӣ ба майдончаи мубоҳиса табдил ёфт. Солҳои охир дар чорабиниҳои клуб ширкат варзидани мутахассисони зиёди давлатҳои Осиё ба ин мисол шуда метавонад.
Ҳамчун мутахассис аз дигаргуниҳои мусбате, ки дар мамлакататон ба амал меоянд, хабар дорам. Дар муносибатҳои байни Ӯзбекистон ва Олмон низ суръати баланди рушд ба назар мерасанд. Равобити тиҷоратӣ васеъ мегарданд. Ташрифи ҳайатҳо дар доираи ҳамкории иқтисодӣ доимӣ мегарданд.
Ба сифати давлати аҳолиаш зиёд, дорои захираҳои ғанӣ, бузург аз ҳамкорӣ намудан бо Ӯзбекистон ҳама манфиатдор мебошанд. Ислоҳоте, ки дар ин ҷо татбиқ мегарданд, ба ташаккул додани бозори умумии бузурги минтақа мусоидат мекунад.
Фикрҳои мазкурро на ба сифати нуқтаи назари шахсӣ, балки минтақаи Аврупо қабул кардан мумкин. Ин замин минтақаро бо Русия, Чин, Ҳиндустон пайваста, сармоягузорони бузурги хориҷиро ҷалб менамояд.
Дар давоми чорабинӣ мо бори дигар боварӣ ҳосил намудем, ки ин фикрҳоро намояндагони доираҳои тиҷорати минтақаҳои мухталифи ҷаҳон дастгирӣ менамоянд ва ба саъю кӯшиши мамлакататон ҳамфикр мебошанд.
Конфронси Клуби байналмилалии мубоҳисаи «Валдай», ки дар сатҳи баланд ва рӯҳи болида ташкил карда шуд, барои мубодилаи афкору нуқтаи назар шароити мусоидро фароҳам овард.

Нигорандаи суҳбат 
Ғ. ХОННАЗАРОВ, 
мухбири ӮзА.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: