ҲАФТАИ ҲАМЗИСТӢ

«Ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳуқуқу озодиҳои яксон дошта, сарфи назар аз ҷинс, ирқ, миллат, забон, дин, баромади иҷтимоӣ, эътиқоди шахсӣ ва мавқеи иҷтимоиашон дар назди қонун баробаранд». (Моддаи 18-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон)

Дар пойтахтамон аз ҷониби Кумитаи муносибатҳои байнимиллӣ ва робитаҳои дӯстӣ бо кишварҳои хориҷии назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҳафтаи ҳамзистӣ оғоз бахшида шуд.
Дар чорабинии бахшида ба 16-уми ноябр – Рӯзи байналхалқии ҳамзистӣ намояндагони марказҳои фарҳанги миллие, ки дар кишварамон кору фаъолият доранд, олимон, экспертҳо, омӯзгорон, донишҷӯён ва тарғибгарони маънавият ширкат ҷустанд.
Иштирокдорони чорабинӣ ба пойи рамзи саховату матонат, меҳру мурувват ва ҷасорати халқ – ёдгории оилаи Шоаҳмад Шомаҳмудов, воқеъ дар майдони Дӯстии халқҳои шаҳри Тошканд гулҳои тару тоза гузоштанд.
Дар нишасти матбуотие, ки ба муносибати Ҳафта созмон дода шуд, раиси Кумитаи муносибатҳои байнимиллӣ ва робитаҳои дӯстӣ бо кишварҳои хориҷии назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Рустам Қурбонов, раиси Кумита оиди корҳои дин Абдуғафур Аҳмедов ва ҷонишини вазири таълими халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Дилшод Кенҷаев таъкид намуданд, ки тамоюлҳои таъмини аҳлию тифоқӣ ва ҳамзистии осоишта дар сиёсати давлатӣ ҷойгоҳи устувор пайдо мекунад.
Аз ҷониби Президентамон Шавкат Мирзиёев дар ҷараёни таъмини манфиатҳои инсон, татбиқи ислоҳотҳои васеъмиқёс доир ба рушди минбаъдаи мамлакат, ба тамоюлҳои аҳлию тифоқӣ, ҳамзистии осоишта, фароҳам овардани шароити мусоид ба ҳамаи миллатҳо ва таъмини муносибатҳои байнимиллӣ рӯйи эътибор гардонда мешавад.
Ба мақсади таъмини вазифаҳои муҳим дар ин бобат Кумитаи муносибатҳои байнимиллӣ ва робитаҳои дӯстӣ бо кишварҳои хориҷии назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо ташаббуси баргузор намудани Ҳафтаи ҳамзистии осоишта баромад. Ба мақсади зинда ва хотирмон гузаштани ҳафтаи мазкур бо  Кумитаи оиди дин, вазоратҳои умури хориҷӣ, адлия, фарҳанг, таълими халқ, Маркази маънавият ва маърифати ҷумҳурӣ, Иттифоқи ҷавонон ва Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон ҳамкории зич роҳандозӣ шуд.           
Тавре ки дар чорабинӣ таъкид гардид, ба чун фарзандони як оила аҳлона ба сар бурдани ҳамаи миллату халқиятҳои мамлакатамон, меҳнат кардан, таълим гирифтан ва рӯйи об баровардани иқтидори эҷодиашон моддаи дахлдори Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон кафолат медиҳад.
– Шуъбаҳои маркази мо дар ҳамаи вилоятҳои мамлакат кор мебаранд, – гуфт раиси Маркази фарҳанги миллии озарбойҷони ҷумҳурӣ Фирдавсӣ Гусейнов. – Барои кори табъи дили онҳо, ҳифз, рушди урфу одат ва арзишҳои миллии мо дар кишварамон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Марказамон баҳри чун гавҳараки чашм ҳифз намудани сулҳу осоиш, суботи иҷтимоӣ, аҳлию тифоқӣ дар мамлакат бо баргузор намудани чорабиниҳои гуногуни фарҳангию маърифатӣ ва озмунҳои эҷодӣ саҳми худро мегузорад. Солҳои баъдӣ бисёр шаҳрвандони мансуб ба миллати озарбойҷон низ сазовори мукофотҳои олии Ватан мегарданд. Ин далели он аст, ки меҳнати ҳалолу фидокорона, сарфи назар аз миллати шаҳрвандон, аз ҷониби давлатамон сазовор қадр карда мешавад.  
–  Солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон бисёр оилаҳои ӯзбек, мисли оилаи Шоаҳмад Шомаҳмудов, бачаҳои ятиму бепарастормондаро аз минтақаҳои дар байни оташмондаи иттифоқи собиқ ба оғӯши меҳри худ гирифтанд, – мегӯяд раиси Маркази фарҳанги рус дар Ӯзбекистон Сергей Миронов. – Бисёр одамон сарпаноҳ ёфта, бо дилу хотири ҷамъ умр ба сар бурданд. Ин ҳама далели саховатпешагӣ ва фарохдилии халқи ӯзбек аст. Имрӯз баҳри зиндагии аҳлонаи намояндагони қавму миллатҳои гуногун дар кишварамон ва фаъолияти озодонаи марказҳои миллӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Дар рафти Ҳафтаи ҳамзистӣ баргузор намудани намоишгоҳҳо, мулоқотҳо, ҷашнвораҳои эҷодӣ, консертҳо ва анҷуманҳои гуногун пешбинӣ шуда буд. Чунин чорабиниҳо далели тантанаи дӯстиву рафоқат, намунаи рӯшани эҳтироми байниякдигарии қавму миллатҳо ва меҳру саховат мебошад.

Назокат УСМОНОВА,
хабарнигори ӮзА.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: