ДАРДИ СОҲИБКОРОН ШУНИДА ШУД

Ҳокими вилояти Самарқанд Э.Турдимов дар Маркази ҷавонони шаҳри Самарқанд бахшида ба масъалаҳои боз ҳам ривоҷдиҳии соҳибкорӣ ва бизнеси хурд, муайян намудану истифода бурдан аз имкониятҳои иловагӣ, ёрӣ расонидан дар ҳалли муаммоҳо бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор намуд.

Дар ҷамъомаде, ки ба тарзи селектор ташкил шуд, роҳбарони секторҳо, идора ва ташкилотҳои вилоят, сарварони садоратҳо, ҷонишинони аввали ҳокимони шаҳру ноҳияҳо, соҳибкорон ва вакилони воситаҳои ахбори оммавӣ иштирок намуданд.
Ҳокими вилоят ба ҳозирон оиди масъалаҳои муҳими ривоҷдиҳии соҳибкорӣ муроҷиат кард.
– Дар саросари мамлакатамон барои беҳсозии шароити зиндагии мардум, ривоҷи тамоми соҳаҳои ҷомеа, аз ҷумла соҳибкорӣ эътибори алоҳида дода мешавад, – гуфт зимни суханронӣ Э.Турдимов. –  Роҳбарони маҳаллӣ ба соҳибкорон бояд кӯмакрасон бошанд. Зеро субъектҳои тадбиркорӣ барои равнақу ривоҷи иқтисодии мамлакат чун “локомотив” аст. Мувофиқи маълумот дар давоми 10 моҳи соли ҷорӣ ба Сарвазири  мамлакат 2480 нафар соҳибкор аз рӯйи ҳалли масъалаҳои гуногун муроҷиат намудаанд. Аксарият бо масъалаҳои истифода аз замин ва гирифтани кредити имтиёзнок аз бонкҳои тиҷоратӣ  муроҷиат намуданд. Мутаассифона, бонкҳои тиҷоратӣ  дар бисёр ҳолатҳо дар додани кредит ба соҳибкорон монеъ мешаванд. Масъулони бонкҳои тиҷоратӣ аз соҳибкорон барои кредит ҳуҷҷатҳои зиёдро талаб мекунанд. Дар оянда ҳуҷҷатҳои кредитгирии соҳибкорон соддатар кунонида мешаванд ва ба роҳбароне, ки дар қарзгирии соҳибкорон  беасос монеъ мешаванд,  чораҳо дида хоҳад шуд. Минбаъд замин ба соҳибкорон ба воситаи музоядаи электронӣ фурӯхта мешавад. 

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
мухбири «Овози тоҷик».

Вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: