ШАКАР —АСОСИ ШИРАВОРИҲО

Ҳар кадоми мо, эҳтимол, ҳаёти ҳамарӯзаи худро бе шакар – «дӯсти сафед»-амон тасаввур карда натавонем.

 Назар ба маълумоти манбаъҳо, шакар, ки асоси ҳама гуна ширавориҳост, бори нахуст дар рӯзгори римиёни қадим пайдо шудааст.

Аҷдоди мо низ аз давраҳои бостон шакарро асосан аз найшакар истеҳсол ва истеъмол мекарданд. Ба қисме аз кишварҳои Осиё шакар аз Ҳиндустон паҳн гашт. Дар асрҳои XI-XII онро қариб дар тамоми дунё истеъмол менамуданд, вале на ҳама. Шакар дастурхони шахсони доро ва олимансабро оро медод.
Ба асри XIX омада, дар Аврупо истеъмоли солонаи шакар ба сари ҳар кас тақрибан 2 килограмм, соли 1920 – 17 кг, ибтидои асри XXI 37 килограммро ташкил намуд. Тавре мушоҳида мекунем, шакар дар дастурхони одамони миёнҳол ва камтаъмин низ торафт бештар ба худ ҷой пайдо кард.
Биёед, ба баъзе ҷиҳатҳои «малика»-и сафед, ки баъзеҳо бохабар, баъзеҳо бехабаранд, таваҷҷӯҳ намоем.
Вақте шакар гуфтем, сахароза пеши назар меояд. Сахароза аз углеводҳое таркиб меёбад, ки организми инсонро бо қувваи зарурӣ таъмин месозад. Нафақат дар қаннодӣ, дар бисёр соҳаҳо шакарро истифода менамоянд. Хусусан, дар истеҳсоли дорувор, дар сохтмон бошад, чун воситаи пасткунандаи дараҷаи шахшавии семент онро ба кор мебаранд. Ба обе, ки ба гулдонҳо мерезем, шакарро илова кунем, гулҳое, ки аз шох бурида шудаанд, то дер ҳолати табиии худро нигоҳ медоранд.
Тавре мутахассисон таъкид месозанд, дар омодасозии сиёҳии принтерҳо низ шакар ҷои муҳимро ишғол менамояд.
Ҳоло шакарро аз чӣ тайёр мекунанд?
Шакар одатан аз лаблабуи қанд ва тавре дар боло гуфтем, аз найшакар, заранги қанднок, кокос ва дарахти хурмо омода карда мешавад. Аз пояи ҷуворимакка низ шакар гирифтан мумкин.
Дар истеҳсоли шакар як қатор давлатҳои Аврупо, Ҳиндустон, Чин, Таиланд ва дар қитъаи Амрикои Лотинӣ Бразилия пешсаф мебошанд. Ин неъмати ширин бештар аз ҷониби аҳолии он кишварҳое истеъмол мегардад, ки дар боло зикр шуданд. 
Шакарро дар мамлакатҳои гарм то 8 сол, дар ҷойҳои сард 1,5-4 сол нигоҳ доштан мумкин.
Шакар баробари ба тан қувват бахшидан, истеъмоли аз меъёр зиёд ба организм зарари сахт расонданаш мумкин. Ҳолати ивазшавии равған вайрон мегардад, ба зиёд шудани холестерин дар хун ва миқдори қанд оварда мерасонад. Тавре какаин, морфий ва никотин ба организм зарар мерасонад, шакар низ ба инсон ҳамин тавр таъсир карданаш мумкин. 

Санам ӮТКИРОВА,
шифокор.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: