ПЕШНИҲОДИ НОМЗАДҲОИ ҲИЗБҲОИ СИЁСӢ

15 ноябри соли ҷорӣ маҷлиси васеи навбатии Комиссияи марказии интихобот барпо шуд.

Дар маҷлисе, ки дар шакли алоқаи видеоконфронс баргузор шуд, дар якҷоягӣ бо аъзо ва ходимони масъули КМИ роҳбарони комиссияҳои ҳавзаҳои интихобот, намояндагони вазорат ва идораҳои дахлдор, Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимиятҳои вилоятҳо, ташкилотҳои ҷамоатӣ, аз ҷумла, ҳизбҳои сиёсӣ, рӯзноманигорон ширкат варзиданд.
Раиси Комиссияи марказии интихобот М. Абдусаломов таъкид намуд, ки корҳои омодагӣ ба интихоботи бинобар «Барномаи чорабиниҳои асосӣ оиди омодагӣ ба интихоботи шӯроҳои вилоятӣ, ноҳиявӣ, шаҳрӣ депутатҳои Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва депутатҳои халқ» мунтазам пеш бурда мешаванд. Барои ин вазифаҳое, ки дар Стратегияи ҳаракати рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои солҳои 2017-20121 омили муҳим мегарданд. 
Дар маҷлис масъалаҳо оид ба рӯйихатгирии номзадҳо ба депутатии Палатаи қонунгузорӣ ва вазифаҳои дар қарори КМИ «Дар бораи ташкил ва гузарондани моҳонаи тарғиби Қонунгузории интихобот дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон» аз 11 октябри соли ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Панҷ ҳизби сиёсие, ки барои иштирок дар интихобот ба депутатии Палатаи қонунгузорӣ иҷозат дода шудаанд, дар муддати қонунан муайяншуда анҷуманҳои худро гузаронданд. Дар чорабиниҳои мазкур аз ҷониби ҳизбҳо барои 150 ҷойи депутатӣ дар Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис аз тарафи ҳар як ҳизб 150 номзад пешниҳод шуд.
Сипас, роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ барӯйихатгирии номзадҳо ба депутатиро талаб карда, ба Комиссияи марказии интихобот муроҷиат карданд. 
Дар маҷлис таъкид гардид, ки ҳамаи чорабиниҳо бинобар пешниҳоди номзадҳо ба депутатии Палатаи қонунгузорӣ аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ мувофиқ ба талабҳои қонунгузорӣ қатъан риоя гардида, дар рӯҳияи ошкороӣ ва шаффоф амалӣ шудаанд.
КМИ мувофиқ ба моддаи 14-уми Кодекси интихобот ва бинобар ҷамъбасти санҷиши ҳуҷҷатҳо дар бораи ба рӯйихатгирии номзадҳо ба депутатии Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис, ки аз ҷониби Ҳаракати соҳибкорон ва коршиносон – Ҳизби либерал-демократии Ӯзбекистон, Ҳизби сотсиал-демократии Ӯзбекистон «Адолат», Ҳизби демократии Ӯзбекистон «Миллий тикланиш», Ҳизби халқии демократии Ӯзбекистон, Ҳизби экологии Ӯзбекистон  пешниҳод шудаанд, қарор қабул кард.
Ҳамаи 750 нафар номзаде, ки аз ҷониби ҳар як ҳизб 150-нафарӣ пешниҳод шудаанд, дорои маълумоти олӣ мебошанд. Аз онҳо 310 нафарашон занону духтаронанд. Дар байни номзадҳо ҳуқуқшиносон – 6,9 фоиз, иқтисодчиён – 19,1 фоиз, шифокорон – 12,4 фоизро ташкил медиҳанд. Барои мандати депутатӣ як нафар академик, 22 нафар доктори илм, 52 нафар номзади илм мубориза хоҳанд бурд. Дар байни номзадҳо 32,2 фоизро ҷавонони 25-40-сола ташкил медиҳанд.
Дар чорабинӣ таъкид шуд, ки баъди бақайдгирии номзадҳо ташвиқоти пешазинтихоботӣ шурӯъ мегардад. Бояд гуфт, дар мамлакати мо барои пеш бурдани ташвиқоти пешазинтихоботӣ ҳамаи шароит муҳайё карда шудааст.
Дар рафти маҷлис ба самаранок баргузор шудани чорабиниҳои тарғиби моҳонаи Қонунгузории интихобот дар кишвари мо алоҳида эътибор дода шуд. Тавассути шабакаҳои иҷтимоии Вазорати адлия  ва телеграмии «Ҳуқуқий ахборот» рукни «Алифбои интихобот» ташкил гардида, эзоҳи мафҳумҳои оид ба интихобот содда, лӯнда ва фаҳмо дода мешаванд, ки барои бо ҷараёни интихобот аз наздик шинос шудани шаҳрвандон мусоидат мекунад. 454 нафар ходими адлия ба чунин корҳо сафарбар карда шудаанд. 
Дар ҳамкорӣ бо Комиссияи марказии интихобот таҳти мавзӯи «Ӯзбекистони нав. Интихоботи нав» бисёр нишастҳои матбуотӣ, вохӯрӣ ва семинарҳо дар ҳамаи ҳудудҳои ҷумҳурӣ баргузор шуда, то рӯзи интихобот чунин корҳо мунтазам идома хоҳанд ёфт.

Х. ҲАМИДОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: