ДАР БУХОРО СТЕНТҲОЕ, КИ ҲАНГОМИ ҶАРРОҲИИ ДИЛ ИСТИФОДА МЕШАВАНД, ИСТЕҲСОЛ МЕГАРДАНД

Дар кишвари мо, аз ҷумла, дар вилояти Бухоро, ҳангоми табобати беморони касалиҳои дил технологияҳои замонавитарин васеъ истифода мегарданд.

Гузоштани каркас-стентҳои махсуси васеъшаванда, ки ба қисми танг ё худ пӯшидашудаи рагҳои артерияи тоҷии дил ҳангоми касалиҳои миокарди инфаркт, инсулт, гипертонияи артериалӣ ба кор меравад, аз ин ҷумла мебошад. 
Алҳол дар шуъбаи ангиографияи маркази тиббии бисёрсоҳаи вилояти Бухоро ҳар моҳ беш аз 40 ҷарроҳиҳои мураккаб гузаронида мешаванд. Дар миқёси мамлакат бошад, миқдори онҳо мумкин аст даҳҳо баробар бештар бошад.  Бешубҳа, каркас-стентҳои барои ин зарурӣ аз хориҷӣ ба қимати гарон харид мешаванд.
Минбаъд барои ин зарурият нест. Нафақат стентҳои тоҷӣ, балки баллонҳои тоҷӣ, катетерҳои ташхисӣ ва ингродюсерҳо, ки барои табобати касалиҳои дил заруранд, дар корхонаи муштараки шакли ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Тибтехника», ки аз ҷониби субъекти тадбиркории шаҳри Бухоро якҷо бо ширкатҳои «KFM Co LTD», «Naonix Corpo-ration», «Cvbio», «Kang & Park Medical Co., LTD», «Reno medical Co LTD»-и Куриёи Ҷанубӣ созмон дода шудааст, истеҳсол карда мешаванд. 
Ба муносибати татбиқ гардидани ин лоиҳаи инноватсионӣ дар ин ҷо чорабинии тантанавӣ баргузор шуд. Дар он намояндагони ҳокимияти вилоят, мутахассисони соҳа, президенти фирмаи «Cvbio»-и Куриёи Ҷанубӣ Брюс Ли иштирок карданд. 
Қайд гардид, ки ба шарофати ислоҳоте, ки дар кишвари мо амалӣ мешаванд, дар низоми нигаҳдории тандурустӣ, барои таҳкими пойгоҳи моддиву техникии соҳа усулҳои замонавӣ ва технологияҳои нави табобатӣ ҷорӣ мегарданд. Дар ин бобат ҳамкорӣ бо кишварҳое, ки дорои таҷрибаи пешқадам мебошанд, нақши муҳим мебозад. Корхонаи муштарак бинобар истеҳсоли таҷҳизоти тиббӣ натиҷаи навбатии чунин робитаҳо гардид. Барои сохтмони корхона 1 миллион доллари ташаббускори  лоиҳа ва 2,5 миллион доллари аз ҷониби бонки тиҷоратӣ ҷудо гардида, ҳамчунин 1,8 миллион доллари шарикони Куриёи Ҷанубӣ харҷ шуд. 
Иштирокдорони чорабинӣ бо фаъолияти корхона шинос шуданд. Дар сехҳои «Тибтехника» таҷҳизоти замонавитарини технологӣ устувор карда шудаанд. Ҷараёни истеҳсолот ба тариқи автоматӣ идора мегардад.
– Дар шуъбаи мо ҳар моҳ садҳо нафар муроҷиат мекунанд, – мегӯяд дилшиноси шуъбаи ангиографияи Маркази бисёрсоҳаи тиббии вилоят Ғуломҷон Холов. – Бо кӯмаки дастгоҳҳои замонавӣ ташхиси олитаринро мегузаронем, ба аксар беморон бобати таҳкими саломатиашон тавсияҳои зарурӣ медиҳем. Онҳоеро, ки ба амалиёти ҷарроҳӣ эҳтиёҷ доранд, ҷарроҳӣ мекунем. Бояд зикр кард, ки каркас-стентҳои истифодашавандаи хориҷӣ хеле гаронбаҳоянд. Истеҳсоли онҳо дар мамлакати мо бошад, басо саривақтист. Зеро онҳо нисбат ба дастгоҳи хориҷӣ арзонтаранд. Сифаташон низ беҳтар мебошад. 
Одатан кор бо технологияҳои нав мураккаб мекӯчад. Вале мо мушоҳида намудем, ки дар корхона мутахассисони ҷавон дастгоҳҳоро хуб ва озодона идора мекунанд. Зеро дар ҷараёни ба корандозии корхона онҳо аз мутахассисони Куриёи Ҷанубӣ таҷриба омӯхтанд. 
Дар корхона ҳар рӯз 100 каркас-стент ва таҷҳизоти дигар истеҳсол мешаванд. Дар мавриди пурра аз худ кардани иқтидори лоиҳа ин нишондиҳанда 2-3 баробар меафзояд. Ин маънои онро дорад, ки мо на фақат талаботи кишварамонро ба ин маҳсулот таъмин карда метавонем, балки дар пешомад соле ба қимати 10 миллион доллар маҳсулотро ба фурӯш мебароварем. Боз як ҷиҳати муҳим ин мебошад, ки 75 фоизи ашёи зарурӣ барои истеҳсоли маҳсулоти маҳаллӣ аст. Дар оянда саҳми он боз меафзояд. Яъне, қимати маҳсулот муътадил мешавад. Ба шарофати лоиҳаи нав 84 нафар бо кор таъмин мегарданд. 
Дар чорабинии кушоиши корхона ҳокими вилояти Бухоро Ӯ. Барноев баромад кард. 

Эркин ЁДГОРОВ, хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: