ШОДРӮЗ

(Ҳикоя)

Муҳаммад ШОДӢ
Вале Мансур узри ӯ напазируфт, якравӣ кард:
– Шоир дигар баранда меёбад. Вале панҷоҳсолагии Мансур дигар намеояд. Шуморо ният кардаам. Маҳз шуморо! Меравед – вассалом.
Мансур ин гуфт ва саддолларае рӯи миз гузошт:
– Ин бунак. Баъд розӣ мекунам шуморо. Хурсанд мекунам.
– Намешавад, – гуфт Суман. – Ман ваъда додаам.
Мансур аз киса боз як саддоллара баровард ва гуфт:
– Ман ҳам ваъда додаам, Суманхонум. Меорам, гуфта. Наравед, ҷашн ҷашн намешавад. Илтимос! – пулҳоро дароз намуд. 
Суман дасти ӯ гардонд:
– Ман ба шоир чӣ мегӯям?
– Худам гап занам-чӣ бо шоир? Илтимос кунам-чӣ? Телефонашро диҳед...
Баъди соате Аминӣ ба Суман сим зад: «Мо барандаи дигар меёбем, шумо бе хиҷолат ба Ҷиззах равед».
Суманхонум бо «Нексия»-и худ ба Ҷиззах рафт. Дар тарабхонаи яке аз меҳмонхонаҳои машҳури маркази вилоят зодрӯз мутантан қайд гардид. Казо-казоҳо ташриф оварданд. Санъаткорони номӣ хидмат карданд дар ҷашни панҷоҳсолагии Мансурбойбачча.
Баъде ҳама хестанд, дар яке аз ҳуҷраҳои тарабхона танҳо монданд Мансур ва Суман.
– Хидмати аз ҳама зӯрро худатон кардед, Суманхонум. Ҳамаро маст намудед бо сеҳри сухан. Офарин!
...Суман нисфишабӣ ба «Нексия» нишаст. Гоҳ дар худ буду гоҳ дар худ не. Мошин босуръат пеш метохт. Чӣ тавр фармонро идора карда натавонист ва мошин ба бетони қади роҳ бархӯрду ду-се гирд гашт ва чаппа хӯрда рафт, Суман нафаҳмида монд. Намерафтам ба ҷашни ҳамон наҳс, чунин ҳодиса рӯй намедод, ба худ фикр мекунад Суман. Пушаймон аст. Сахт пушаймон. Шонздаҳ сол боз чӣ қадар азоб кашид. Аз касалхона – ба касалхона. Дарди ҷонкоҳи сутунмуҳра ва миён, дарди по. Ва... шиканҷаи рӯҳӣ. Чаро рафт? Чаро рафт?
...Суманхонум шастсолагиашро бо иштироки қарибони худ оддияк қайд намуд. Аз «бегонаҳо» танҳо Аминӣ ҳузур дошт ва ӯ ба соҳибҷашн китоби нави шеърҳояшро тақдим сохт. Тақрибан бист сол қабл вай бахшида ба Суман шеъре навишта буд бо унвони «Дар сухан ҷӯед ӯро». Он шеърро, ки ба китобаш даровардааст, Аминӣ хонда дод. Набераҳо ба якдигар нигоҳкунон гул-гул шукуфтанд: «Хайрият хабар карданд шоирро. Шеъраш ба нанеҷон хуш омад. Ба рӯяш табассум давид».
Баъди «ҷашн» тавре шонздаҳ сол қабл аз ин бо Мансур танҳо монда буд, бо Аминӣ танҳо монд Суманхонум.
Духтару домодҳо рафтанд. Марғубаю Дилдора дар берун косаю табақ мешӯянд. Онҳо аз табъи дил гузаштани шастсолагии модаркалон хурсанд. Шоир Аминӣ аз китобаш шеъреро, ки ба «нанеҷон» бахшидааст, самимона хонд, табрик кард, орзуҳояшро баён намуд. Шояд ҳазорон дӯст, ҳазорон дугона дошт «нанеҷон» дар сиҳҳатиаш. Баъде ба ин аҳвол гирифтор шуд, бисёр касҳо «гурехтанд». Ҳатто занг намезананд. Вале инсони ҳақиқӣ будааст ин шоир. Ҳама хестанд, ӯ нишастааст. Таскин медиҳад дилмаҷрӯҳро. Тасаллӣ мебахшад. Орзу ва ниятҳояш як олам!
Вай набераҳояшро ҷеғ зад, ки меҳмонро гусел кунанд. Шоир аснои хайрухуш дасти рагдамида ва бармаҳал ожангбастаи занро бардошт ва бӯсид:
– Сиҳҳат бошед, хонум.
– Ташаккур, саломат бошед. Нағз равед.
Шоир рафт. Набераҳо дар берун ҳанӯз дар ҷунбуҷӯл. Якбора тӯфоне шадид дар ботини Суманхонум ба туғён омад ва ҷигарсӯз фарёде баровард. Марғубаю Дилдора ҷои истодаашон карахт шуданд. Ва ошуфтаву музтариб ба хона давиданд.
– Нанеҷон, ба шумо чӣ шуд?
– Нане, шумо дуруст?
Ранг намонда буд дар рӯи духтаракон. Модаркалон низ дар як аҳвол. Бе он ки ба суоли набераҳо ҷавоб диҳад, чашм ба девор дӯхта ва шах шуда монда буд. Варақҳои пора-пораи китобе, ки шоир тақдим сохта буд, рӯи гилем паҳну парешон мехобиданд.
Нисфишабӣ Дилдора ба Санавбар телефон кард. Гириста-гириста:
– Бибиҷон, наоед намешавад.
Духтаракон дар бемаҳалӣ ба падару модари худ не, ба палонҷи «нанеҷон» занг заданро муносиб донистанд. Бисёриҳо аз чӣ тавр ҷудо шудан ва боз чӣ тавр боз ба ҳам пайвастани Пӯлод ва Санавбар бехабар. Падари Пӯлод ва падари Санавбар ҷӯраҳои наздик буданд. Қудо шуданд. Яке роҳбар буду дувумӣ муовини аввали роҳбар. Чун роҳбарро гирифтанд ва муовинро роҳбар таъин карданд, муросо гурехт. Муросо сахт гурехт! Ҷабрро фарзандон кашиданд – онҳоро ба ҷудо шудан маҷбур сохтанд. Пӯлод Суманро ба занӣ гирифт...
«Аминӣ одами тилло будааст». Чунин фикр мекунанд духтаракон, вале дар дарун дар рӯбарӯяш «нанеҷон», каси тамоман дигарро ба  осмони ҳафтум мебардошт Аминӣ:
– Ба Мансур гап нест. Шахси бомаърифат. Ихлоси баланд дорад ба шумо. Аз рӯзе, ки наздам фиристодед, ба ин ҳам понздаҳ-шонздаҳ сол шуд, дуямон қарин. Шеъри ба шумо бахшидаамро хонду мутаассир шуд. Гуфт, ки шеърҳоятонро ҷамъ кунед, ҳомӣ худам. Хурсандии маро медидед! Бо дастгириаш китобам чоп шуд. Бойҳо бисёр, сахиҳо кам. Сахиҳое чун Мансурбой... умуман ноёфт. Ҳаводори шеър аст, ҳаводори сухан. Мафтуни наттоқии шумо! Зӯр хизмат кардаед дар панҷоҳсолагиаш. Аз шумо – миннатдор. Суманхонумро дода наистед намешавад, гуфта буд ба хонаам рафта, ният кардаам, охир. Ба дӯстон «калон» гап ҳам задаам, ки меорам. Лекин бо кӯмаки шумо бурданам мумкин, гуфт вай бо илтиҷо ба рӯям нигариста. Не гуфта натавонистам. Мамнун гашт, саддолларае ба кафам гузошт ва гуфт, арӯс мефуровардаед, ин аз мо тӯёна.
– Саддоллара? Гирифтед? – даҳон кушод Суманхонум ва ҳис кард овозаш меларзад. Дастони болои ҳам гузоштааш ҷунбиданд. Панҷаҳояш ларзиданд.
Ғофил аз ошӯби ботинии ҳамсуҳбаташ шоир гуфт:
– Бинам, хафа мешавад. Ноилоҷ гирифтам.
Суманхонум номаълум оҳ кашид. «Афсӯс, афсӯс...» 
***
Чун Суман вазъро фаҳмид ва бо ҳам ҳанӯз дилкашолии Пӯлод ва Санавбар барояш ошкор гашт, ҳарчанд духтарчадор шуда буданд, шавҳарашро водошт оилаи аввалаашро барқарор созад. Ин ҷост, ки нисбати Сумани фидоӣ муҳаббати Санавбар беохир.
Бо симзании пуризтироби наберааш ҳуш аз сари Санавбар парид. Ба беморӣ нигоҳ накарда, аз ҷо хест, базӯр ба кӯча баромад, таксӣ дошт ва худро ба хонаи Суман расонд.
(Давом дорад).
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: