ТАЪМИНИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИИ ИНСОН

Яке аз афзалиятҳои асосии барномаи ислоҳот бинобар бозсозӣ ва ташаккул додани давлати ҳуқуқбунёд, ки дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон татбиқ мегардад, мустақимона демократикунонӣ ва озодкунии низоми суду ҳуқуқ ба сифати шохаи муҳимтарини ҳокимияти давлатӣ ба шумор меравад, ки волоияти қонун ва қонунгузорӣ, ҳифзи муътамади ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро таъмин мекунад.

Ислоҳсозии соҳаи суду ҳуқуқ натиҷаи ба амал татбиқ намудани барномаҳои ислоҳоти сиёсӣ ва иқтисодӣ маҳсуб меёбад, ки дастурҳои асосии он  дар Стратегияи амалиёт доир ба панҷ самти бартариноки рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 муайян гардидаанд.
Аз ҷониби Маркази ҷумҳуриявии омӯзиши афкори умум «Ижтимоий фикр» дар режими мониторинг ҳар сол бобати омӯхтани фикру ақидаҳои шаҳрвандон бинобар ислоҳоти суду ҳуқуқ, ки дар мамлакат амалӣ мешаванд, ҳамчунин дар бораи ҳифзи ҳуқуқ ва саводнокии ҳуқуқии аҳолӣ тадқиқот гузаронида мешавад. Дар пурсиши навбатӣ мардон ва занони аз 18-сола боло, сокинони шаҳр ва деҳот, намояндагони табақаҳои мухталифи ҷамъият, ки дар тамоми минтақаҳои мамлакат зисту зиндагӣ мекунанд, иштирок карданд. 
Тавре ки натиҷаҳо собит намуданд, сокинони Ӯзбекистон  муътақиданд, ки чораҳои таҳти роҳбарии Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев бинобар ислоҳсозии соҳаҳои суду ҳуқуқ татбиқшаванда, ба баланд гардидани эътимоди аҳолӣ нисбат ба низоми идораи давлатӣ, мустаҳкам шудани  раванди волоияти қонун ҳамчун кафили асосии ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон мусоидат менамоянд.
95,7 фоизи пурсидашудагон таъкид карданд, ки аҳолӣ ҳифзи ҳуқуқи худро аз вайроншавӣ ва поймолгардии эҳтимолии озодӣ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон эҳсос мекунанд, ҳуқуқ ва озодиҳои асосии конститутсионии шаҳрвандон таҳти ҳифозати давлат қарор доранд.
Мувофиқи натиҷаҳои пурсиш шаҳрвандон бовар доранд, ки дар ҳолати вайрон гардидани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонуниашон метавонанд дар тартиби қонунӣ онҳоро аз нав барқарор намоянд. Инро ҳар кадом чорумин пурсидашуда зикр кард. Нишондиҳандаи мазкур дар давраи солҳои 2017-2019-ум 8,9 фоиз афзуд.
Мониторинги пурсиши афкори умум нақши қабулгоҳҳои халқии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистонро дар ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ошкор сохт. Тавре ки пурсидашудагон изҳор доштанд, ин идораи иҷтимоиву ҳуқуқӣ дар байни ӯзбекистониён нуфузи хуб дорад, пурсидашудагон таъкид менамоянд, ки қабулгоҳҳои халқии дар тамоми гӯшаву канорҳои кишвар таъсис ёфта, бобати ҳаллу фасли мушкилоти мавҷудаи аҳолӣ кӯмак ва ёрии назаррас мерасонанд. 
Дар ҷараёни тадқиқот ошкор гардид, ки аҳолии мамлакат аҳамият ва моҳияти ислоҳсозии низоми суду ҳуқуқро, ки роҳбари давлат татбиқ менамояд, дарк мекунанд: ӯзбекистониён мақсади асосии тағйироти соҳаи мазкурро таъмин шудани волоияти қонун ва интизоми ҳуқуқ дар мамлакат, баланд гардидани самаранокии низоми аксуламал ба ҷинояторӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ медонанд. Дар ҷараёни пурсиш пурсидашудагон ҷавоб доданд, ки ҳадафи ислоҳот дар соҳаи суду ҳуқуқ самарабахш таъмин шудани ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, ҳамчунин такмил ёфтани қонунгузории дар амал ба шумор меравад.
30,3 фоизи иштирокдорони пурсиш  ислоҳотро дар соҳаи мазкур бобати муваффақ шудан ба маданияти баланди ҳуқуқӣ ва саводнокии ҳуқуқии аҳолӣ муҳим меҳисобанд. 22,8 фоизи пурсидашудагон ҷавоб доданд, ки зарурияти татбиқкунии ислоҳот дар низоми суду ҳуқуқ асоси сохтори ҷамъияти муқтадири шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёди демократӣ ба шумор меравад. Беш аз чаҳоряки иштирокдорони пурсиш бар онанд, ки ин ба пешгирии ҷиноятҳои вобаста ба коррупсия, тамаъгарӣ ва порахорӣ мусоидат  хоҳад кард. 
Дар ҷараёни пурсиш 64,7 фоизи пурсидашудагон изҳор доштанд, ки дар доираи ислоҳоти суду ҳуқуқ қонунгузории мавҷуда мувофиқи талаботи кунунӣ ва меъёрҳои байналхалқӣ такмил меёбанд. Бинобар ақидаи 53,3 фоизи шаҳрвандон кор бобати пешгирӣ ва профилактикаи ҷиноятҳо, таъмин гардидани интизоми ҷамъиятӣ ва амният, дар шаҳрвандон мустаҳкам шудани эҳсоси эҳтиром ба қонун такмил меёбад. Иштирокдорони пурсиш бовар доранд, ки ислоҳоти соҳаи суду ҳуқуқ ба беҳтар шудани фаъолияти ташкилотҳои ҳифзи ҳуқуқ, таъмин гардидани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, ташаккулёбии маданияти ҳуқуқӣ ва шуури ҳуқуқии аҳолӣ мусоидат мекунанд. 
58,7 фоизи иштирокдорони пурсиш дар бораи зарурати бо назардошти таклифҳои аҳолӣ кор карда баромадан ва ҷорӣ намудани механизми нави назорат дар соҳаи суду ҳуқуқро ба мақсади мубориза бо коррупсия ва суиистифода аз вазифаи хидматии баъзе шахсони мансабдор изҳори ақида карданд. 33,5 фоизи пурсидашудагон қайд намуданд, ки бюрократизм ва дар маҳалҳо иҷро нашудани ҳуҷҷатҳои қабулгардидани меъёриву ҳуқуқӣ барои бомуваффақият татбиқ гардидани ислоҳот дар соҳаи суду ҳуқуқ монеа мешаванд. Ҷараёни ислоҳотро, бинобар ақидаи иштирокдорони пурсиш, боқимондаҳои шуури кӯҳна, беамалии баъзе шаҳрвандон, ки тағйирот ва навгониҳоро дар ҳаёти ҷамъияту давлат на ҳамеша хуб қабул мекунанд, беташаббусӣ ва кифоя набудани дараҷаи маданияти ҳуқуқӣ ва таълими ҳуқуқии баъзе шаҳрвандон боз медоранд. 
Умуман пурсиши афкори умум нишон дод, ки аксарияти ӯзбекистониён аз моҳияти ислоҳоти низоми суду ҳуқуқ хабар доранд. Бинобар ақидаи шаҳрвандон ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ, ки дар доираи Стратегияи амалиёт доир ба панҷ самти бартариноки рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 татбиқ мегарданд, ба сохтори давлати ҳуқуқбунёди демократӣ ва ҷомеаи муқтадири шаҳрвандӣ нигаронида шудаанд, ки адолати иҷтимоӣ, ҳифз ва мустаҳкам кардани ҳуқуқҳои инсон асоси онҳо ба шумор мераванд. 

О. ХАРЧЕНКО, хабарнигори ӮзА, бинобар маводи Маркази ҷумҳуриявии омӯзиши афкори умум «Ижтимоий фикр» таҳия кард.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: