СИМОИ МАРҒИЛОН ВА ҚӮҚАНД ТАҒЙИР МЕЁБАД

Президенти мамлакатамон 14 сентябри соли 2019 дар рафти ташриф овардан ба вилояти Фарғона бо лоиҳаҳои нав оид ба ҷалб намудани сармояҳои хориҷӣ ба рушди маҷмӯии шаҳрҳои Қӯқанд ва Марғилон шинос шуда, бинобар сохтмони манзил ва самтҳои дигар тавсияву супоришоти зарурӣ дода буд.

Дар доираи иҷрои вазифаҳои мазкур қарори Девони Вазирон «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳрҳои Марғилон ва Қӯқанди вилояти Фарғона дар солҳои 2020-2024» қабул шуда буд. Бинобар самарабахш истифода бурдан аз захираҳои мавҷудаи ин шаҳрҳо, рушди соҳибкорӣ, навсозии шабакаҳои муҳандисиву коммуникатсионӣ ва инфрасохтори истеҳсолӣ, минбаъд беҳтар гардондани сифати хидматрасонӣ, баланд бардоштани шуғл, даромад ва дараҷаи зиндагии аҳолӣ барномаи панҷсола таҳия гардид.
Инчунин рӯйхати мақсадноки лоиҳаҳои сармоягузорӣ оид ба рушди саноат, соҳаи хидматрасонӣ ва азнавкоркарди маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳрҳои Марғилон ва Қӯқанд дар солҳои 2020-2022 тасдиқ гардид. Мувофиқи он дар Марғилон 262 лоиҳа, дар Қӯқанд – 141 лоиҳа татбиқ хоҳад гардид. Дар ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Shaffof omadli sanoat» татбиқи лоиҳаҳои бузург оид ба истеҳсоли автокараҳои боркашонӣ ва электромобилҳо ба нақша гирифта шудааст. Дар завод соле 2 ҳазор электромобил истеҳсол хоҳад шуд. Арзиши умумии лоиҳа 40 миллион доллар буда, 24 миллиони он сармояҳои бевосита мебошанд. Мувофиқи ҳуҷҷат дар натиҷаи ташкил кардани истеҳсоли электромобилҳо 300 ҷойи нави корӣ созмон дода хоҳад шуд.
Дар ин шаҳрҳо 231 манзили бисёрхонагӣ қад афрохта, бинобар рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт, муҳандисиву коммуникатсионӣ, беҳтар гардондани таъминоти об, газ ва электр, низоми канализатсия чораҳо андешида шуданд. Рӯйхати мақсадноки сохтмон, таҷдид ва таъмири асосии объектҳои соҳаи иҷтимоӣ, минбаъд мустаҳкам намудани таъминоти моддиву техникии онҳо таҳия шудааст.
Дар ҷамъомаде, ки дар ҳокимияти вилояти Фарғона бахшида ба масъалаҳои татбиқи барномаи маҷмӯи чорабиниҳо оид ба рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳрҳои Марғилон ва Қӯқанд дар солҳои 2020-2024 баргузор гардид, дар ин бобат маълумот дода шуд.
Бинобар лоиҳаҳои мазкур маросимҳои тақдимот гузаронда шуданд. Ба зиммаи кормандони ваколатдор бинобар иҷрои хушсифат ва саривақтии барномаи чорабиниҳои рушди маҷмӯии иҷтимоиву иқтисодии шаҳрҳои Марғилон ва Қӯқанд вазифаҳои дақиқ гузошта шуданд.
Дар чорабинӣ ҳокими вилояти Фарғона Ш. Ғаниев нутқ  кард.

М. СУЛАЙМОНОВ,
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: