ТУҲФАИ ИДОНА

Дар шаҳри Навоӣ барои хидматчиёни ҳарбӣ ва ходимони мақомоти корҳои дохилӣ 2 хонаи нави серошёнаи дорои 60 ҳуҷра сохта ба истифода дода шуд.

Дар рӯзҳое, ки 28-умин солгарди ташкилёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ҷашни муҳофизони Ватан васеъ қайд карда мешаванд, дар маркази шаҳр барои ҳарбиён ва кормандони мақомоти корҳои дохилӣ супурда шудани хонаҳои дорои тамоми шароитҳои замонавӣ ба иди ҳақиқӣ табдил ёфт ва туҳфаи хуби идона шуд.
Дар байни соҳибони хонаҳои зебову қулай, ки туҳфа гардид, мушовири ҳуқуқшиноси раёсати корҳои дохилии вилояти Навоӣ Азиз Нурматов низ ҳаст.
– Ман аз он ки ба мақсади осоиши Ватан ва осудагии халқамонро таъмин кардан дар низоми корҳои дохилӣ хидмат мекунам, бағоят мамнун мебошам, – мегӯяд А.Нурматов. – Дар арафаи ҷашни касбӣ соҳиби хонаи дуҳуҷрагӣ гардидам ва ин ба дӯши ман масъулияти бузург мегузорад. Пеш аз ҳама ба Президенти кишварамон, ки барои мо чунин имкониятҳои хубро фароҳам меоварад, миннатдорӣ баён мекунам.
Воқеан соли 2018-ум дар вилоят барои ходимони мақомоти ҳуқуқу тартибот дар маҷмӯъ 8 хонаи 5 ошёнаи дорои 240 ҳуҷра сохта ба истифода супурда шуд. Дар соли 2019-ум бошад, 6 хонаи панҷошёнаи дорои 180 ҳуҷра бунёд гардид.
Маросими ба истифода супурдани хонаҳо бо барномаи консертӣ хушояндтар гардид.
Дар тадбир ҳокими вилояти Навоӣ Қ.Турсунов баромад кард.

Нуриддин РАҲИМОВ,
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: