ҚУРБОНИ МУЛӮҲ

Шариф ХАЛИЛ

(Ҳикоя)
(Аввалаш дар шумораҳои гузашта).
Баъд Норқулпаҳлавон ба сӯйи бонуи хонадон нигариста:
– Янга, – гуфт ба овозаш ҳавлиро пур карда.
– Лаббай, – истода, қомат рост гирифт завҷаи Мулло.
– Як пиёла чойи хунук медодед, ҳалқам часпид.
– Палвон, хона дароед, як лаб нон ҳам гиред, – сидқан муроот намуд Мулло.
– Не, Муллоҷон. Вақтам танг, бар замми ин писарчаро соате қабл лаб-лаби ҷӯй давондам, ки то худи Ҳардурӣ рафта, аз об бохабар шавад. Дилам балоӣ карда, аз пасаш баромадам. Бача-да, бо ягон обдузд сурху сафед гашта, ба кору ҳоле даст назанад...  
Бибиотун баъд аз фурсате чойники чояш нимаро бо ду пиёла ба назди мардҳо гузошта, худ боз аз пайи шуғли худ рафт.
Мулло ба пиёлаҳо чойи ширгарм кашида, якеро ба Норқулпаҳлавон дароз намуд.
– Ана шербачаи мо, худаш ҳам омад, – шодон ба ҷониби писараке нигоҳ партофт паҳлавон, ки шиғтавораи ҳотаро гузашта, аз самти муқобили ҷӯй меомад. Вай саломгӯён дар назди онҳо қарор гирифт.
– Об меояд? – пурсид Норқулпаҳлавон. 
– Меояд. 
– Кам нашудааст?
– Не, меояд, додо. Як-ду нафар аз Ҳардурӣ баста буданд, ки дубора ба ҷӯйи худамон ғалтондам. Пас аз фаҳмидани соҳибии мо, ваъда карданд, ки дигар даст намерасонанд.
– Ана, дидед, Муллоҷон! Натозед, намешавад. Ҳамин тавр, аз ду барг сабзаи дари хонаатон ҳам бенасиб мемонед. 
Мулло ба тасдиқ сар ҷунбонд.
– Солеҳҷон!
– Лаббай, додоҷон.
– Обро гардону полизи Муллоро об деҳ, ана баъд ба хона баргард, – бели худро ба сари китф андохта, майли баргаштан намуд Паҳлавон.
– Э Норқулбой...
– Парво накунед, Мулло. Ман ҳазорон бор розӣ. Изобаи ҷӯй ба мо кифоят.
– Илоҳо кам нашавед, Худованд ба муродатон бирасонад. Лекин даҳани хушк меравед, Палвон. Дароед, аз хони мо ҳам як бурида нон хӯред. Ин чӣ коратон...
– Ташаккур. Иншоаллоҳ, дар тӯйи хатнасури Иброҳиму Аҳмадҷон омада, дар камоли майл дасту остин барзада, хидмат мекунем ва нону оши шуморо ҳам мехӯрем, Муллоҷон...
Бо ҳамин баҳона ҳамон сол полизи ӯ хазон нашуда, то дер аҳли хонадон, ҳақу ҳамсояро таъмин намуд. “ Бар падараш раҳмат, аз ҳар амали нораво зуд даргирад ҳам, дили беғубору бекина, хоса тарбияти комил дорад Норқулпаҳлавон. Писаронаш ҳам боадаб...” – аз дил гузаронд Мулло Абдуллоҳ ва кирдори Бибиотунашро бори дигар ба тарозуи таҳқиқ андохта, дар лаб табассуми ғамолуд даст ба риши ғулиаш бурд ва рафтори худро дар накӯҳиши завҷааш шоиста ва аз аъмоли ҳамидаи марди ҳақиқӣ дониста, қаноатманд сар ҷунбонд. Боз пеши назараш сурати Норқулпаҳлавон пайдо шуд. Суханҳои гарми он марди меҳнаткаш боз ба ёдаш нишастанд:  “Иншоаллоҳ, дар тӯйи хатнасури Иброҳиму Аҳмадҷон омада, дар камоли майл дасту остин барзада хидмат мекунем ва нону оши шуморо ҳам мехӯрем, Муллоҷон...” гуфта буд ӯ!  Ва он нияти некро зери лаб такрор карда, оҳ кашид. Худо агар ба аҷал сабр диҳад, ҳамин тобистон дасти ҷигаргӯшаҳояшро ҳалол хоҳад намуд. Дар деги калоне ош хобонда, ба аҳли муъмин тӯй хоҳад дод. Созу бори сур ҳама қариб омода. Аммо... фурсат медода бошанд? – сари сина молид ӯ. – Ба сараш балое наангезанд, кифоя. 
“Ё Холиқи кулли ҳол!” – нидо дардод Мулло Абдуллоҳ ва маркабро хала намуда, ба зудтар роҳ рафтан водор сохт. Хар ба гашти худ афзуда, пайваста масофа мепаймуд. Гоҳ дар шаст ба сабзаҳо даҳон зада, насиба мерабуд... 
Мулло Абдуллоҳ дар хонаи зинполон ба сукут рафта, боз ғарқи андешаҳо гашт. Аз ин чандин рӯз пеш, дар омад-омади шом додараш Яъқуббой ба кулбаи ӯ сар халонда, нигоҳаш пур аз изтироб, дилаш аз кадом пешомади норӯшан сип-сиёҳ ногаҳ ба сухан омад: 
– Акаҷон, илтимос, якравиро канор гузоштаву риши худро тарошед. Хабаратон будагист: чандин муллои обрав ин корро карда, аз шарри бадхоҳон мераҳанд. Ҳукумат ба аҳли риш чап гирифтааст.
– Бешараф шавам мегӯӣ? – як зарра ранҷида, ба ӯ нигариста буд Мулло Абдуллоҳ.
– Худо нигаҳ дорад! Муроди ман... амонии шумо аст, акаҷон. 
– Айб аст охир. Авом набошем мо, додар, – ботамкин гуфт ӯ.
– Ақаллан... оташи ин маҳшари бедод фурӯ менишаст.
– Иншоаллоҳ, риши ман ба ҳукумат халал намерасонад. Бепарво бош ту.
– Расонад-нарасонад, аз бунаш гиреду партоед, акаҷон. Маслиҳат ҳамин! 
– Қиёмати Худо қоим гардад ҳам, суннати Паёмбарро аз тарси ҷон тагипо намекунам. Ту ҳам, додарҷон, дар ин бора гашта сухан наандоз. Бефоида! Илло, сахт меранҷонӣ маро.
Яъқуб афсӯсхӯрон ва дамаш дарун ба роҳи худ баргашта буд... 
“Имрӯз ришамонро тарошанд, фардо ҷуббаву дасторамонро бидаранд, пасон... мусалмонии мо куҷо меравад?! Таҳаммули ин мусибат душвор... Ё Аллоҳ!” – оҳ кашида, зери лаб наҷво кард Мулло. 
Хар чинда-чинда пой гузошта, ниҳоят бо имои соҳибаш дар назди як қабристони қадима истод. Хеле кӯҳна буд қабристон! Теппачаҳои пасту баланди туроби қариб нақши замини ҳоло алафпӯшро гулҳои гуногунранг, аз ҷумла лолахасак оро медоданд. Ин гулҳои шукуфон аз навозиши насими саҳар мавҷ зада, ба гӯши дил аз кадомин дарду ғами ба хоби абад рафтагон ҳиҷо мегарданд. Сукути вазнини оромгоҳ навои ҳузнангезеро мемонд – муассир, ниҳоят такондиҳанда... ва дар вуҷуди кас кадом як ҳисси аламзоро меангехт. Қабрҳо... – қадимаанд онҳо! – қариб бо замин баробаранд. Дар сари ҳар кадом тобасанги то нима ба хок фурӯрафта , ё ходаи бо гузашти солҳо пӯсидаи тамоман рангбохта меистоданд. Агар ҳамин нишонаҳо намебуданд, ҷонзоде намефаҳмид, ки дар замонаш ин макон манзили охирати чӣ қадар инсонҳои хушгил будааст. 
(Давом дорад).
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: