ҚУРБОНИ МУЛӮҲ

Шариф ХАЛИЛ

(Ҳикоя)
(Аввалаш дар шумораҳои гузашта).
Мулло Абдуллоҳ муддате ба сурху сафед гаштанҳои Шукруллоҳ нигариста:
 – Қадаматро дониста мон, ки фардо пушаймон нашавӣ! Радди маърака гашта, дар хориву зиллат намурӣ,  – аз пушти зинполон қомати худро каме хамонда, овозаш паст, аммо батаъкид гуфт. Ин дам хост беибо ба рӯйи манфури ӯ туф кунад, аммо ба иродат худро дошт. Вай ба фаросат дарёфт, ки ин ҷавони дамдузд дар рӯзи равшан дурӯғ мезанад ва яқин аз паси кадом ташвише ҷон мекоҳонад... Аммо чӣ нияте дар дили чиркинаш хуфта – равшан намедонист. Гумону тахминҳо дошту халос! Бисёр ҳам ӯро изо надода ва ҳамин қадарашро кифоят дониста, сари харро ба ҷониби боғоти саросар сабзи колхоз гардонд ва аз паси ягон-ягон колхозчиҳои савора, ки дар хӯрҷин тӯшаи худ ва белу досашон гоҳе суҳбаткунон, гоҳе хомӯш мерафтанд, низ дар қайди андешаҳои гандаву нағз ба корҷой шитофт... Ҳоло ба дили Мулло як даста оташ даромада фикраш ба куҷоҳое рафтаву аз ёди як воқеаи марбут ба ҳамин ҷавони мулоимхунук ноаён лаб газид. Он вақт тақрибан панҷ-шашсола буд Шукруллоҳ...
...Дар як бегоҳонии фасли зимистон, ки аз барфи шабона шохи дарахтону сари деворҳо, болои бому оғилу каҳдонҳо... ҳама сап-сафед метофтанд ва ноаён аёси шаб ҳам бедор мешуд, Нуъмонбой – чӯпони деҳа ҳамин писарчаи худро бадаста пеши ӯ оварда:
– Муллоҷон, ин кенҷаи мо, шинос шавед, – гуфт ба сари китфи ҷигарбандаш даст монда: – Номаш Шукруллоҳ. 
Як зарра ҳаяҷон дошт ӯ.
– Чӣ номи зебанда. Илоҳо, умраш дароз гардад. Одами хуб шавад, – ба писарак нигариста, дуо кард Мулло.
– Мо бо хидмате пешатон омадем, – гардан каҷ намуд чӯпон. 
– Марҳамат.., – каме ба писараку баъд ба падараш нигоҳ карда, бо тавозӯъ гуфт Мулло Абдуллоҳ.
– Муллоҷон, мураматон, пӯсткандаи гап ҳамин: – ҷигари моро ба тарбияти худатон мегиред. Сад тарафашро андешида, пеши шумо овардамаш. Як шогирди хуб тайёр кунед. Мо ба ҳар хидмат омода... 
– Хуб, амакҷон. Ба кори хайр ҳамеша тайёрем.., – аз ин тасмими падар хеле шод гашт Мулло.
– Мисли ман умракаш аз паси чаҳор бузу гӯсфанд беҳуда зоеъ нашавад. Рӯзи чӯпон мардум ба худатон маълум, сахт...
– Шумо меҳнати ҳалол мекунед, амаки Нуъмонбой. Нонатон ҳалоли ҳалол.
– Раҳмат, Муллоҷон! Аммо азоби ин касбро мефаҳмед, азоби гӯр. Ягона писари мо, ки Худо дар дами пириамон ҳадя фиристод, бигзор чӯпон нашавад. Духтарон, хайр, гапи дигар! Бандаи касанд онҳо... 
– Олам пури касб, амак. Дилхоҳашро омӯхта...
– Не, Муллоҷон! – сухани ӯро бурид чӯпон. – Бигузор, Шукруллоҳи мо ҳам мулло шавад. Аз шумо илтимосамон ҳамин: мурғаки моро таълим дода, як инсони шоиста бикунед. Шояд дар давраҳои мардум як калимаву ду калима қироат карда, ин тавр ризқи худашро чинда гардад.
Мулло ба писараки он айём нигоҳаш гарм нигаристан пас, андешаманд аз оринҷи Нуъмонбойи чӯпон дошта канортар бурд.
– Хато фикр мекунед, амак. Муллогӣ касб нест! 
– Чӣ хел...? – ҳангу манг гашт чӯпон.
– Ҳамин хел! Касб нест. Агар ниятатон ин аст, хафа шавед ҳам, писари шуморо ба шогирдӣ намегирам, – гуфт бепарда.
– Ниятам... О ман мулло шавад гуфта будам.., – дар ҳоле ки ранги рӯяш канда дар домани риши тунукаш бенур метофт, оҳиста оринҷи худро раҳо намуда, пешонӣ молид чӯпон.
– Агар хоҳед, ҳамин хел таълим медиҳам, шояд мусалмони комил гардад.
– Ризқаш чӣ мешавад? Минбаъд нонашро чӣ хел меёбад, гардаматон?
– Аз ризқаш ғам нахӯред, амаки Нуъмон. Мисли ҳама касб меомӯзад, меҳнат мекунад. Албатта, Худои меҳрубон ризқашро низ мерасонад.
– Худо-о..?
– Бале! – миёни абрӯвон гиреҳ андохта батаъкид гуфт Мулло Абдуллоҳ.
Нуъмонбой як даме фикр карда истоду баъд коғазвор даргирифт. 
– Шогирд даркор нест гӯеду монед, Мулло! Ман фикр карда будам, ки одами гаправед шумо... Э монед-е...
Даст афшонда ва писаракаш, ҳамин Шукруллоҳи ҳоло хаппакро пешандоз карда, аз ҳавлии ӯ бадар рафта буд амаки Нуъмон. Ба шунидаш, Шукруллоҳ баъд шогирди кадом нимчамуллои гузар шуда, тонам-натонам чанд калима ёд мекунад. Аммо замонаҳо нав гашта, ба орзуи худ намерасад. Чунки ҳукумати нав ба номаш мулло дандон сафед намуда, як-як аз ғалбери худаш мегузаронд. Динро ҳам афюн эълон карда буд. Рӯз ба рӯз ба саводи куҳна талабгорон кам мешуданд. Шукруллоҳ ҳам чун аксари ҷавонон китобу қалами куҳанро канор гузошта, ба илми ҷадид рӯ овард. Мактаби навро хатм карда, савод гирифт. Ҳоло, ана... сарвари ҷавонони ҷамоат аст, мисли ӯ коргари колхоз. Бел дорад, досаш ҳам мудом ҳамроҳаш. Аммо баъзан аз байни коргарон липпӣ ғоиб шуда, боз зиёнвор пайдо мешавад. Куҷо меравад, ба чӣ кор машғул, касе намедонист! Дар бари колхозчиҳо истода, ба гуфтугузори онҳо хомӯш гӯш меандозад... 
(Давом дорад).
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: