ДАР ПАРЛУМОНИ БРИТАНИЯИ КАБИР МУАРРИФИИ ИҚТИДОРИ ИҚТИСОДИИ ӮЗБЕКИСТОН БАРГУЗОР ШУД

Дар Палатаи лордҳои парлумони Британия оид ба мавзӯи «Пешомади ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии Британияи Кабир бо кишварҳои Авроосиё» «мизи мудаввар» ба вуқӯъ пайваст, дар он намояндагони Сафоратхонаи Ӯзбекистон дар Лондон ширкат ҷустанд.

Вохӯрӣ аз ҷониби парлумон бо ҳамкории созмони «Conservative Friendsof Eurasia»  («Дӯстони Авроосиё аз Ҳизби консервативӣ») ташкил гардид. Дар чорабинӣ депутатҳои ҳар ду палатаи парлумон, роҳбарияти идораҳои иқтисодии Британияи Кабир, вакилони ҳайатҳои дипломатӣ, ҷомеаҳои тиҷоратӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва намояндагони расонаҳои ахбори оммавӣ иштирок карданд.
Дипломатҳои Ӯзбекистон дар бораи имкониятҳои сармоявӣ ва тиҷоративу иқтисодии Ӯзбекистон, ислоҳоти васеъмиқёсе, ки дар ҷумҳурӣ татбиқ мешаванду ба озодкунии иқтисодиёту баланд бардоштани ҷолибияти сармоявии мамлакат нигаронида шудаанд, маълумот пешниҳод карданд.
Тавре ки садри чорабинӣ лорд Питер Лиллӣ таъкид кард, «мизи мудаввар» бинобар он ки Британияи Кабир аз ҳайати Иттиҳоди Аврупо хориҷ мегардад, рӯзмарра мебошад. Вобаста ба ин Лондон ба ҷустуҷӯи имкониятҳои нав барои вусъат додани ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ бо давлатҳои хориҷӣ саъй менамояд. Ба ин маънӣ кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Ӯзбекистон, ҳамчун шарик дар соҳаҳои тиҷорат, сармояҳо, молия, таълим, иттилоотиву коммуникатсионӣ, технологияҳои «сабз», хоҷагии қишлоқ ва ғайра боиси рағбати зиёд мегарданд.
Лорд П.Лиллӣ ҳамчун собиқ ноиб-раиси Шӯрои ӯзбекистониву британиёӣ оид ба савдо ва саноат ислоҳоти васеъмиқёсеро, ки дар Ӯзбекистон татбиқ мешаванд, баланд арзёбӣ намуд, мувофиқи онҳо ба доираҳои корчаллони байналхалқӣ имкониятҳои зиёди дар мамлакат ба роҳ мондани тиҷорат фароҳам меоянд.
Депутатҳои бритониёӣ барои олами берунӣ кушода шудани Ӯзбекистонро хуб арзёбӣ карданд. Бинобар баҳои онҳо ба роҳ монда шудани режими бидуни виза нисбат ба шаҳрвандони Бритониёи Кабир аллакай баҳри таҳкими минбаъдаи робитаҳои бритониёию ӯзбекистонӣ дар соҳаҳои иҷтимоиву сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва маданиву инсонпарварӣ такони пурқувват доданд.
Дар доираи «мизи мудаввар» намоишгоҳи кишварҳои иштирокдори чорабинӣ ба амал омад. Дар намоишгоҳи Ӯзбекистон иштирокдорон бо ҷойҳои дидании кишвари мо шинос шуданд, аз таомҳои миллии ӯзбекӣ баҳравар гардиданд.

АИ «Дунё»,
ЛОНДОН.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: