ДАР БОРАИ ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ИШТИРОКДОРОНИ ҶАНГИ ДУЮМИ ҶАҲОН

Ба муносибати дар мамлакат баргузор намудани ҷашни умумихалқии 9 май – Рӯзи Хотира ва Қадр, абадӣ гардондани хотираи онҳое, ки дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ халок шудаанд, ба собиқадорон эҳтиром гузоштан, ки онҳо ҳатто имрӯз дар сафи мо ҳастанд, дар баланд бардоштани нуфузи Ватан, тарбияи маънавӣ ва ахлоқии ҷавонон саҳм мегузоранд, инчунин бо мақсади ҳавасмандгардонии моддии иштирокдорон ва маъюбони ҷанг ба муносибати ҷашни 75-солагии Ғалаба бар фашизм:

1. Ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги дуюми ҷаҳон мукофоти якдафъаинаи пулӣ дар ҳаҷми 10 000 000 (даҳ миллион) сӯм муқаррар карда шавад.
2. Хароҷоти вобаста ба иҷрои ин Фармон аз ҳисоби маблағи Буҷети ҷумҳуриявии Ҷумҳурии Ӯзбекистон амалӣ гардонда шавад.
3. Вазорати мудофиа, Вазорати дастгирии маҳалла ва оила, Вазорати корҳои дохилӣ, Хидмати амнияти давлатӣ якҷоя бо Вазорати молия, Бонки марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимиятҳои вилоятҳо ва шаҳри Тошканд супурдани ин мукофоти пулиро ба иштирокдорон ва маъюбони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ  дар фазои идона таъмин намоянд.
4. Назорати иҷрои Фармони мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Н. Арипов ва Котиби Шӯрои амнияти назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон В.В. Махмудов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 
Ш. МИРЗИЁЕВ

Ш. ТОШКАНД,  
30 марти соли 2020.
 
ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: