ДАР БОРАИ МУЛОҚОТИ ТЕЛЕФОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН БО ПРЕЗИДЕНТИ ТУРКМАНИСТОН

6 май мулоқоти телефонии байни Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Туркманистон Гурбангули Бердимуҳамедов баргузор гардид.

6 май мулоқоти телефонии байни Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Туркманистон Гурбангули Бердимуҳамедов баргузор гардид.

Зимни суҳбат ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши муносибатҳои бисёрҷанбаи Ӯзбекистон ва Туркманистон, ки ба принсипҳои шарикии стратегӣ асос ёфтаанд, баррасӣ шуд.

Президентҳо алоҳида қайд намуданд, ки тақдири халқҳои Ӯзбекистон ва Туркманистон умумияти зиёд доранд - ин таърих, анъана ва суннатҳои қадимист. Аз замонҳои қадим, дӯстӣ ва бародарӣ, ҳамсоягии нек, ки моро бо ҳам мепайванданд, ба марҳалаи нави таърихии рушди ворид шуданд.

Роҳбарон ҷараёни мусбати ҳамкориҳои амалӣ ва робитаҳои судманди байниидоравиро дар соҳаҳои тиҷорат, энергетика, нақлиёт ва боркашонии транзитӣ, саноат ва кишоварзӣ бо қаноатмандӣ қайд карданд.

Дар бораи идома додани кори муштарак бо мақсади пешбурди лоиҳаҳои афзалиятноки ҳамкорӣ, аз ҷумла дар доираи фаъолияти Комиссияи байниҳукуматии дуҷониба мувофиқа ба даст омад.

Зимни суҳбати телефонӣ масъалаҳои вобаста ба рафъи оқибатҳои садама дар обанбори Сардобаи кишвари мо бардошта шуданд.

Сарони давлатҳо инчунин оид ба вазъи эпидемиологӣ дар робита бо паҳншавии сирояти коронавирус мубодилаи афкор намуданд.

Дастгирии ҳамаҷонибаи тарафҳо барои андешидани чораҳои пешгирии бемориҳои хатарнок дар ду кишвари бародар, инчунин зарурати дастгирии иқтисодиёти миллӣ ва аҳолӣ дар ин давраи душвор изҳор гардид.

Президентҳо ба вазорату идораҳои дахлдор супориш доданд, ки ҳамоҳангӣ ва ҳамкориро дар масъалаҳои ташкили муборизаи самарабахш бар зидди пандемия пурзӯр кунанд.

Роҳбарони Ӯзбекистон ва Туркманистон инчунин як қатор масъалаҳои мубрами сиёсати байналхалқӣ ва ҳамкориҳои минтақавиро баррасӣ карданд.

Сӯҳбат дар фазои анъанавии гарм, кушод ва дӯстона баргузор гардид.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: