ДАР БОРАИ СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН БО ПРЕЗИДЕНТИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 7 май бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом дод. Дар оғози суҳбат сарони давлатҳо ба муносибати фарорасии ҷашни 75-солагии Ғалаба бар фашизм якдигарро самимона муборакбод намуда, ба собиқадорони ҷасур, мардуми дӯсти ҳарду кишвар саломатӣ ва беҳбудӣ таманно карданд.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 7 май бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом дод.
Дар оғози суҳбат сарони давлатҳо ба муносибати фарорасии  ҷашни 75-солагии Ғалаба бар фашизм якдигарро самимона муборакбод намуда,  ба собиқадорони ҷасур, мардуми дӯсти ҳарду кишвар саломатӣ ва беҳбудӣ таманно карданд.
Махсус таъкид гардид, ки ҷасорат ва қаҳрамонии падарон ва бобокалонони мо, ки майдони ҳанг паҳлу ба паҳлу размиданд ва дар ақибгоҳ фидокорона кор кардаанд, дар хотираи шоистаи наслҳо абадӣ хоҳанд монд.
Зимни суҳбати телефонӣ роҳбарони Ӯзбекистон ва Русия масъалаҳои мубрами муносибатҳои шарикии стратегии дуҷонибаро баррасӣ карданд.
Рушди муттасили ҳамкориҳои гуногунҷанба, пеш аз ҳама дар соҳаи тиҷоративу иқтисодӣ бо қаноатмандии амиқ қайд шуд.
Бо вуҷуди вазъи душвори иқтисоди ҷаҳонӣ, савдои мутақобила афзоиш меёбад. Татбиқи лоиҳаҳои муҳимтарини сармоягузорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт, инчунин навсозии инфрасохтор идома доранд.
Кооператсияи байни минтақаҳои ду кишвар васеъ гардида, мубодилаи фарҳангӣ ва гуманитарӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ ва варзиш густариш меёбанд.
Президентҳо ба аҳамияти омодагии дақиқи чорабиниҳои дарпешистода дар сатҳи олӣ эътибор доданд. Зарурати муттаҳид сохтани кӯшишҳо ва андешидани чораҳои пешгузар барои роҳ надодан ба таъсири оқибатҳои манфии бӯҳрони ҷаҳонӣ ба динамикаи ҳамкориҳои иқтисодӣ қайд карда шуд. Кор дар доираи Комиссияи муштарак дар сатҳи роҳбарони ҳукумат ва Комиссияи байниҳукуматӣ идома хоҳад ёфт.
Зимни гуфтугӯи телефонӣ сарони ду кишвар вазъи атрофи паҳншавии сирояти коронавирусро баррасӣ карданд. Аз тадбирҳои зиддибӯҳронии ҳарду кишвар, аз ҷумла кӯмаки мақсаднок ва таҳкими кафолатҳои иҷтимоӣ ба аҳолӣ, кӯмаки ҳамаҷонибаи тиҷорат, дастгирии бахшҳои асосии иқтисодиёт ва зина ба зина нарм гардондани маҳдудиятҳо изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Аҳамияти аз ҷониби ҳукуматҳои Ӯзбекистон ва Россия  идома додани ҳамоҳангсозии назди ва ҳамкорӣ бо мақсади муборизаи самаранок ба пандемия қайд гардид.
Роҳбарон инчунин оид ба масъалаҳои мубрами сиёсати байналмилалӣ ва рӯзномаи минтақавӣ мубодилаи афкор намуданд.
Сӯҳбат дар фазои анъанавии гарм, кушод ва дӯстона баргузор гардид.
ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: