ҶАЗО

Мову шумо дар замоне зиндагонӣ дорем, ки даврони рушди илму техника ва технологияи рақамӣ ном гирифтааст.

Бинобар ин имрӯз ҳар яки мо метавонем аз шабакаҳои интернет бемалол ва дар мавриди муносиб истифода барему маълумоти заруриро сари вақт дастрас намоем. Вале ҳоло сухан аз ин хусус нест, мақсади мо дигар аст. 
Мехоҳем дар бораи модарон ва бонувон, ки аз қадим ҷинси латиф дониста мешаванд, ҳарф занем. Зеро  вақтҳои охир дар шабакаҳои интернет доир ба амалҳои ношоистаи занон-модарон ҳар гуна хабарҳои дилрешкунандаеро хонда, рости гап, нафратамон нисбати чунин тоифаи занону модарон меафзояд ва аз чунин бемеҳрию бешафқатии эшон дасту дилҳоямон аз дунё сард мегардад.
... Ин воқеаро ба ман бонуе, ки бо ӯ дар қаторае, ки сӯйи Тирмизшаҳр ҳаракат дошт, ҳамсафар будем, нақл кард. Ин воқеи мудҳиш чанд сол қабл аз ин рух дода будааст. Дар ҳамсоягии ӯ пиразане зиндагӣ мекардааст, ки як духтар дошт. Баъди ду-се соли таваллуди вай шавҳараш ба бемории бедавое гирифтор гардида аз олам чашм мепӯшад. Ҳамсоязанак шабу рӯз дар саҳро меҳнати вазнин менамуд, то ин ки духтари ягонааш бе каму кост ба камол расад. Ба ӯ аз ҷойҳои гуногун хостгорҳо оянд ҳам, занаки дурандешу фарзандпарвар ба хотири он, ки фарзанди ягонааш дар хонаи бегонагон хору зор нагардад, ба шавҳар намебарояд. Фарзанди дилбандашро чун гавҳараки чашм ба камол мерасонад. Ба хотири он ки минбаъд соябону пуштибонаш гардад ва аз ҳама муҳимаш, баъди вафоташ чароғи хонадонашро муддате афрӯзад, ба ҳама душвориҳо тоқат мекунад. Ниҳоят духтари он бевазан ба камол мерасад ва рӯзе ба ӯ аз як хонадони баобрӯйи деҳа хостгорҳо омаданд. Модари мушфиқ бахти фарзанди худро фикр намуда, розигӣ дод. Вале шарт гузошт, ки келину домод бояд дар хонаи ӯ зиндагӣ кунанд. Чунки вай танҳосту дар айёми пирӣ мададгоре даркор аст. 
Ҳамин тавр ҳам шуд. Аз ин миён солҳо гузаштанд. Модари танҳо, ки духтару домод барояш хонаи алоҳидае ҷудо карда буданд, гӯё даврони пирӣ меронд. Синни занак аз 80 гузашт. Дар ин байн духтаре, ки модар ӯро бо ҳазорон умеду орзу ба камол расонида буд, парвои модар надошт, рӯз аз рӯз нағмаҳои бемаънӣ менамуд. Дар ниҳояти кор, вай ҳатто рӯйи фарзандро надида, шавҳари худро аз хона ронд ва ба кӯчаи айшу ишрат ворид гардид.
Модари пир дар хонаи алоҳида умр ба сар мебурд. Духтар барояш ҳарчи орад, шукр гӯён истеъмол менамуд ва зиндагиаш ба танҳоӣ мегузашт. 
Шабе модари пир гурусна монду ба умеди дар плита чой ҷӯшондан аз ҷой бархост. Вале, азбаски  торик буд, болои плитаи гармкунӣ афтиду сӯхт. Аз ин ҳодиса дар он нимаи шаб касе хабардор нашуд. Зеро духтари нозпарвардааш, аллакай дар оғӯши ошиқи наваш дар хоби бароҳат буд.
Субҳидам ҳамсоягон аз бӯйи бад бедор гардида, шитобон ба хонаи кампир даромаданд. Ҷисми пиразан дар болои плита ҳанӯз месӯхт. Бӯйи ғализе ба атроф паҳн мешуд.
Баъди гӯру чӯби модари пир духтари ягонаи ӯ дар ҳавлии калон яккаву танҳо монд. Аз миён муддати зиёде нагузашта, вай ба дарди васвос ё молихулиёӣ гирифтор гардида, худкушӣ кард. Касе ба имдоди вай нарасид. Ин мукофоти амал буд. Ҷазое буд, ки фарзанди ноқобилу ношукр ба он сазовор.
 
Солеҳ МУҲАММАДҶОН.
Вилояти СУРХОНДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: