ОБ АГАР САДПОРА ГАРДАД, БОЗ БО ҲАМ ОШНОСТ...

Дар солҳои аввали истиқлолиятро ба даст даровардани ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва мақоми давлатӣ гирифтани забонҳои миллӣ дар матбуоти тоҷик, ба мақсади дақиқтар номгузорӣ кардани шеваҳои як забон — забони форсӣ, як муддат ибораҳои «форсии тоҷикӣ», «форсии дарӣ» ва «форсии эронӣ» мавриди истифода қарор гирифтанд.

Дар солҳои аввали истиқлолиятро ба даст даровардани ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва мақоми давлатӣ гирифтани забонҳои миллӣ дар матбуоти тоҷик, ба мақсади дақиқтар номгузорӣ кардани шеваҳои як забон — забони форсӣ, як муддат ибораҳои «форсии тоҷикӣ», «форсии дарӣ» ва «форсии эронӣ» мавриди истифода қарор гирифтанд. 
Сиёсат гоҳо бунёдсӯз аст, он метавонад  аъзои як оиларо пароканда ва қавмеро ҷисмонан ё маънан маҳв созад. Давлати Шӯравӣ ҳарчанд давлати камбағалпарвар буд ва дар чанд даҳсолаи охири он аҳд аҳолӣ серупур умр ба сар бурдааст, аммо забону фарҳангҳои миллӣ аз сиёсаташ то ҷое зарар диданд, хатари аз байн рафтани забонҳои миллӣ ба миён омада буд. Ба ёд оред шеъри устод Эркин Воҳидов — «Забони модарӣ»-ро дар тарҷумаи устод Лоиқ Шералӣ. Вале ба доду фарёди шоирону нависандагон ва уламо зимомдорон рӯйи эътибор намегардонданд. 
Дар он аҳд нафароне дидаву дониста, баъзеҳо надониста мегуфтанд ва қаламдод мекарданд, ки форсӣ, тоҷикӣ ва дарӣ се забонанд. Онҳое, ки дидаву дониста мегуфтанду қаламдод мекарданд, ба фикри мо, мақсадашон ҷудоиандозӣ, фарҳангзудоӣ ва аз гузаштаи пурғановаташ ҷудо сохтани халқу миллат буд. Ба баҳонаи соддакунӣ ва ба фаҳми халқ наздик кардани забони форсии тоҷикӣ аз баҳри саршир онқадар баромаданд, ки шири тунуке боқӣ монд. Ва ин шири тунук, бо мурури вақт (кор хӯрдан), сабаби тунукмоягӣ гардид. Дар натиҷа мардум, ҳатто рӯшанфикрон, пеши ҳазму дарки забони осори маънибори пешинагон, ки оламиён аз он қути маънавӣ мегирифтанду мегиранд, оҷиз монданд.
Истиқлолият садду монеаҳои пешинаро аз байн бардошт, ҳоло забонҳои миллӣ, аз ҷумла забони форсии тоҷикӣ, дар ҳоли пешрафт қарор доранд, чунин ба назар мерасад, ки ба тану бозӯи забонҳои меъёрӣ қудрату тавони пешинаашон бармегардад. Бале, агар фарду ҷомеа озоду соҳибихтиёр бошад, бо такя ба дороиҳои моддию маънавиаш, ба офаридани муъҷиза қодир аст... 
Мо ба мақсади собит намудан ва таҳким бахшидани  бовари мардум ба он, ки форсию тоҷикию дарӣ як забонанд, на се забон, сари  чанд вақт аз осори шоиру нависандагони имрӯзи ҳавзаҳои забони форсӣ намунаҳо пешниҳод менамоем. Бояд гуфт, ки ин кор то ҷое дар кадом поя қарор доштани шеъри ҳавзаҳоро низ пеши назар меоварад. Ин бор дар мушоираи ҳамзабонон Аҳмади Шомлу (Эрон), Озарахш (Тоҷикистон), Беранги Кӯҳдоманӣ (Афғонистон) ва Хусрав (Ӯзбекистон) ширкат меҷӯянд. Инак, хонандагони гиромиқадр, қазоват ва баҳрабардорӣ аз шумо.     

Бахши адабиёт ва ҳунар.


Аҳмади Шомлу (Эрон)

Уфуқи рӯшан

Рӯзе мо дубора кабӯтарҳоро пайдо хоҳем кард
ва меҳрбонӣ дасти зебоиро хоҳад гирифт.
Рӯзе, ки камтарин суруд бӯса аст
ва ҳар инсон барои ҳар инсон бародар аст.
Рӯзе, ки дигар дарҳои хонаашонро намебанданд
қуфл афсонаест ва қалб барои зиндагӣ бас аст.
Рӯзе, ки маънои ҳар сухан дӯст доштан аст
то ту ба хотири охирин ҳарф дунболи сухан 
нагардӣ.
Рӯзе, ки оҳанги ҳар ҳарф зиндагӣ аст
то ман ба хотири охирин шеър ранҷи ҷустуҷӯйи 
қофия набарам.
Рӯзе, ки ҳар лаб таронаест то камтарин суруд 
бӯса бошад.
Рӯзе, ки ту биёӣ, барои ҳамеша биёӣ
ва меҳрбонӣ бо зебоӣ яксон шавад.
Рӯзе, ки мо дубора барои кабӯтарҳоямон дона
 бирезем...
Ва ман он рӯзро интизор мекашам ҳатто рӯзе, 
ки дигар набошам.

Озарахш (Тоҷикистон)

Аз чашмасор омадаам

Марди мусофирам,
Аз манзиле ба манзиле пайғом мебарам.
Аз чашмасор омадаам, аз зодгоҳи рӯд, 
Аз роҳи дуридур, ки оғоз мешавад
аз мазрааи биҳиштии домони модарам,
Аз он маҳалла, ки падарам ҷонамоз ёфт.
Як ҷонамози сабз чу хоби кабӯтарон,
Ҷойи намоз сабзтар аз боғи хотирам.
Дар кӯлбори ман як пора нони офтоб,
Бар рағми гушнагист.
Як кӯза оби моҳтоб,
Бар қасди ташнагист.
То зоди роҳ медиҳадам дасти зиндагӣ,
Аз гушнагию ташнагӣ ман ғам намехурам.
Ҳар ҷо, ки рафтаам ба ҳама меҳр бурдаам,
Не шоҳ будаам, не гадо, лек дар мақом 
бо бою бо гадои замона баробарам,
Дар ҳалқаи қаландарон марди қаландарам,
Дар ҳалқаи даравгарон марди даравгарам.
Дар чашми шахси беҳунар як шахси беҳунар,
Дар ҳалқаи ҳунарварон гӯё ҳунарварам.
Дар гуфтугӯйи ошиқон як шахси ишқбоз,
Дар гуфтугӯйи шоирон гӯё ки шоирам.
Ҳатто ба чашми тоҷирон монанди тоҷирам,
Ҳарчанд дар саросари бозори ин ҷаҳон
чизе намефурӯшаму чизе намехарам.
Синнам зи чил гузашт, вале дар хаёлу хоб як аср ё ду аср, ё чил ҳазор сол ман умр дидаам.
Дар шахси ман сулолаи ашкониён гузашт,
сосониён гузашт, сомониён гузашт...
Инак, зи асри бисту як бар асри бисту чанд
бояд, ки чун сулолае имрӯз бигзарам...
Марди мусофирам,
Аз чашмасор омадаам,
Як чашма дар нигоҳаму як чашма дар дилам,
Як чашмаи муҳаббату як чашмаи савоб,
Бо пой дар заминаму бо даст дар само,
Як қатра об мехурам, як зарра офтоб. 

Беранги Кӯҳдоманӣ (Афғонистон)

Он гурзи оташин

Аз пою пӯя мондаму ту медавониям,
Ай чархи кинаҷӯ, ба куҷо мекашониям?
Ин сӯ барад ба субҳаму он сӯ кашад ба шаб,
Бар боли бодҳояму барги хазониям.
«Ман гунги хобдидаву олам тамом кар»,
Ҷонам ба лаб расид аз ин безабониям.
Овораро ватан набувад, хонааш маҷӯ, 
Ғайр аз Худо касе нашиносад нишониям.
Пирӣ худаш шиканҷа кунад бегумон маро.
Бо дарду ранҷу ғусса саромад ҷавониям.
Дар ҳар қадам ба шона кашам бори марги худ,
Бо ин салиби сурх Масеҳои сониям.
Гул нестам, гиёҳаму бисёр ҳарзаам,
Беҳуда мекунӣ, ба Худо, боғбониям.
Он донаам, ки сабз нагардам, на гул диҳам.
Дар шӯразори талхи Худо мефишониям.
Беруни хона ҳеч надонӣ, ки кистам.
Ойӣ агар ба майкада, он дам бидониям.
Ай осмони кинавари беҳаё, бигӯ.
То кай ба хоки ғурбату ғам мекашониям.
Маргу диёри дӯзаху он гурзи оташин
Сад бор беҳтар аст аз ин зиндагониям.        

Хусрав (Ӯзбекистон)

Ҳарфи сабзи райҳонӣ

Салом оинаи дилҳост, медонам, ки медонӣ,
Барои дӯст хоҳам бурд ҳарфи сабзи райҳонӣ.

Чӣ ҳоле дорӣ, ай булбул, паёме аз тароват гӯ,
Ки гул машқи нумӯ дорад дар ин дамҳои боронӣ.

Тамоми сарнавишти ҳарф шуд вобастаи маъно,
Тамоми саргузашти барг — вақфи боди найсонӣ.

Касе дар соғари зеҳнам шароби ханда 
мерезад,
Зи девони нигоҳи ӯ бихонам ишқи инсонӣ.

Маро аз ман тақозо кун, маро баргашта эҳё кун,
Ало, ай чашмаи қисмат, ало, ай хатти пешонӣ.

Баҳорон бо усули нав ба дил ангеза мебахшад,
Ба номи гул шавад эҷод ин ашъори тӯлонӣ.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: