ҲАР КАС БА ЗАБОНИ ХУД СУХАНДОН ГАРДАД...

Миллат танҳо аз роҳи озодӣ ба таълим ва тарбия даст меёбад. (Бернард Шоу)

Миллат танҳо аз роҳи озодӣ ба таълим ва тарбия даст меёбад.
                                            (Бернард Шоу)


Донишгоҳи давлатии тиббии Самарқанд ба номи академик Павлов ба сифати яке аз муассисаҳои таълимии тиббӣ на танҳо дар Осиёи Марказӣ, балки дар тамоми собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ шинохта шуда буд. Ҳанӯз солҳои 60-уми асри гузашта дар кафедраҳои гуногуни ин даргоҳ беш аз 40 нафар устодони соҳаҳои гуногун фаъолият доштанд, ки аксарияти онҳо хатмкардагони мактабҳои тоҷикии вилоят, сониян  дастпарварони  худи ҳамин донишгоҳ буданд. Аз  ҷумла, номи  Абдулҳамид Мансуров, Минҳоҷ Ғуломов, Матлуб Самеъбоев, Азиз Юсуфов,  Ислом Зокиров, Азиз Одилов, Амриддин Ҷалолов,  Масъуд Аҳтамов, Холкарим Расулов, Рафиқ Сатторов, Муҳаммадқул Юсуфов, Фазлиддин Аслиддинов ва чанде дигар байни халқ машҳур буда, анъанаҳои онҳоро  шогирдонашон Неъматхон Хӯҷаев,  Санъат Нарзуллоев, Аъзамҷон Эшонқулов, Муҳаммадқул Азизов, Муродқул Истамқулов, Шуҳрат Юсуфов, Рустам Самеъбоев, Акмал Ҷумъаев, Санъат Файзуллоев, Зафар Юсуфов ва боз даҳҳо дигарон бо муваффақият давом дода истодаанд. Байни онҳо чанд нафар ҷавонону духтарон аз яҳудиёни бухороӣ буданд, ки таълими миёнаро  дар мактабҳои таълимашон ба забони тоҷикӣ дар шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро, Шаҳрисабз, Душанбе ва ғайра фаро гирифта буданд. Аз ҷумла, дар мактабҳои № 25 ва № 26-уми шаҳри Самарқанд воқеъ дар маҳаллаи Шарқ, ки  аксар  яҳудиёни бухороӣ зиндагӣ мекарданд, таълим   ба забони тоҷикӣ бурда мешуд. 
То солҳои 90-ум дар аксар донишгоҳ ва донишкадаҳо аз хатмкардагони мактабҳои миёна  имтиҳонҳои қабул ба кадом забоне, ки мактаби миёнаро хатм карда бошанд, ба ҳамон забон гирифта мешуд. Аз ҷумла, дар Донишкадаи тиббии Самарқанд ба номи академик Павлов низ  имтиҳонҳои қабул аз  фанҳои кимиё, физика (шифоҳӣ) ва иншо аз забон ва адабиёти тоҷик ба забони тоҷикӣ қабул карда мешуд. Аксар имтиҳонҳои қабул дар мактабҳои олӣ ва ҳатто  омӯзишгоҳҳои миёнаи махсус  аз ҷониби омӯзгороне, ки аз  Донишгоҳи давлатии Самарқанд ва мактабҳои миёнаи  вилоят даъват карда  мешуданд, ба тарзи шаффоф гузаронида мешуд. Ҳатто дар мактабҳои олии Тошканд ҳамчун Донишкадаи ирригатсия ва мелиоратсияи хоҷагии  қишлоқ, Донишкадаи политехникии Тошканд, Донишкадаи  муҳандисии роҳи оҳан, Донишкадаи педиатрии Осиёи Миёна, Донишкадаи хоҷагии халқ ва ғайра низ имтиҳонҳои  қабул, бахусус, иншо аз забони модарӣ ба кадом забоне, ки довталаб мактаби миёнаро хатм карда бошад, гузаронида мешуд. Таълим  дар ин муассисаҳо ба забонҳои  ӯзбекӣ ва русӣ ба дараҷаи баланд роҳандозӣ шуда буд.
Ҳамон солҳо дар мактабҳои олӣ курсҳои тайёрӣ созмон дода шуда, онҳое, ки ба донишгоҳҳо дохил шудан мехостанд, чаҳор моҳ (январ – апрел) дар чунин курсҳо, ки шабона амал мекард, таҳсил мегирифтанд,  пас баробари дигар қабулшавандагон ҳуҷҷатҳояшонро ба комиссияи қабул  супорида, баробари дигарон имтиҳон месупориданд. Барои онҳо ягон хел имтиёз набуд (сонитар дар баъзе  донишгоҳҳо курсҳои тайёрии нӯҳмоҳа ташкил карда шуда, онҳо ҳамчун бахши сифр (нолевая группа) дониста  шуда, ҳангоми қабул имтиёзҳо ҳам доштанд).
Дар яке аз рӯзҳои тирамоҳи соли 1966 дар мағозаи якуми «Ӯзкитоб» воқеъ дар маркази шаҳри Самарқанд, ки   он вақтҳо ҳамеша серодам буд, устоди Донишгоҳи тиббии Самарқанд Шиорхон Аббосовро, ки ба туфайли  мутасаддии рӯзномаи бисёрнусха барои донишкада «Медитсина фани учун» буданаш ба матбааи донишгоҳ омада меистод, дидам. Камина ҳамон солҳо донишгоҳро хатм карда, муаллими кафедраи забон ва адабиёти тоҷик будам. Шиорхон баъди ҳолпурсӣ гуфт, ки ҳоло ба курси тайёрӣ, ки аз моҳи январ фаъолияти худро  оғоз мекунад,  ҳуҷҷатҳоро  қабул карда истодаанд. Мувофиқи эълон барои қабул ба  гурӯҳҳои  таълимашон ба забонҳои ӯзбекӣ дархостҳо омада истодаанд. Чанд нафар ҷавонону духтарон муроҷиат кардаанд, ки  оё  гурӯҳе ба забони тоҷикӣ низ  вуҷуд дорад? Ман бо ҳамин масъала ба шумоён муроҷиат карданӣ будам. Агар довталабон аз 20 нафар зиёд шаванд, гурӯҳ ташкил кардан мумкин аст. Оё муаллимҳои дарсдиҳанда ёфта метавонем?
Ман гуфтам, ки  қабул кардан гиред,  агар гурӯҳ ташкил шавад, муаллим пайдо мекунем.
Баъди чанд рӯз Ш. Аббосов ба кафедраи мо омада гуфт, ки аз 21 нафар дархост ҷамъ шуд. Акнун барои инҳо  аз забон ва адабиёти тоҷик, кимиё ва физика омӯзгорон лозим аст. Дарсҳо ҳар ҳафта чаҳор рӯз шабона чаҳорсоатӣ дар бинои  асосии донишкада (дар шафати «Бозори пӯшида») мешавад.  
Пас аз пайи  ҷустуҷӯйи  муаллимон шудем. Ба ҳар як шунаванда  45 сӯм дар бадали чаҳор моҳ медод, ба ҳар як соат дарси муаллимон 1 сӯмӣ додан рост меомад. Гарчи он вақт бо 1 сӯм як рӯз зиндагӣ кардан мумкин буд, бисёр муаллимон нахостанд, ки барои ҳамин 1 сӯм барои худ ташвиш зиёд намоянд.  Ман, ки  худ ваъда дода будам, таълими дарси забон ва адабиёти тоҷикро ба зиммаам гирифтам. Аз фанҳои физика ва кимиё муаллимон Қудратов ва Паканаевро (ин кас аз яҳудиёни бухороӣ буд ва дар мактаби миёна аз кимиё дарс медод) аз мактабҳои  тоҷикии шаҳри   Самарқанд пайдо  кардем. Дар курси мазкур ҳамагӣ 21 нафар  шунаванда, аз  инҳо  19 нафар аз шаҳр ва  ноҳияи  Самарқанд, 1 нафар аз Тайлоқ, 2 нафар аз ноҳияи Шаҳрисабз (ҳар ду духтар аз яҳудиёни бухороӣ) – ҳама писарону  духтарон хатмкардагони  мактабҳои тоҷикӣ  буданд. Ман роҳбари гурӯҳи онҳо шудам. Баъзеи онҳо ҳамсинну соли ман ва ҳатто ба сол бузургтар, хатмкардагони омӯзишгоҳи тиббӣ, дорои  фаъолияти меҳнатӣ,  оиладор ва соҳиби як-ду нафар фарзанд ҳам буданд. 
Мо дар давоми чаҳор моҳ ба  ин шунавандагон дар асоси барномаи мактабӣ дарс додем ва   онҳоро барои супоридани имтиҳони қабул омода намудем. Ба як маъно,  мо хидмати репетиторҳои имрӯзаро иҷро кардем.
Тартиб  ин буд, ки шунавандагон баъди хатми курс ҳуҷҷатҳои худро дар қатори  дигар довталабон ба комиссияи қабул дода, баробари онҳо имтиҳон месупоранд. 
Аз 21 нафар шунавандагони гурӯҳи мо худи ҳамон сол 19 нафар ба донишкадаи тиббӣ дохил шуданд. Як нафар ба  факултети биологияи донишгоҳ дохил шудааст, дигараш ба ягон донишгоҳ  ҳуҷҷат насупоридааст.
Шояд муваффақияти курс  овоза шуда бошад, ки соли ояндааш  26 нафар ҷавонону духтарон шунавандаи курс буданд. Байни онҳо 4-5 нафар аз деҳаҳои Оҳалик ва Миронқул, ки аз шаҳри Самарқанд дуртар аст, низ ҳузур доштанд. Бо вуҷуди он ки  он вақтҳо масъалаи нақлиёт низ душворӣ дошт (махсусан, шабона), онҳо дар машғулиятҳо мунтазам  иштирок мекарданд.  Аз ин гурӯҳ боз ба ҳамон тартиб 23 нафарашон ба донишкадаи тиббӣ дохил шуданд.
Мувофиқи маълумоти  ба мо расонидаи мудири курс соли баъд маъмурияти донишкадаи  тиббӣ барои қабул ба  гурӯҳи тоҷикӣ бо баҳонаи он ки  хатмкардагони ин  гурӯҳ ҳама тоҷикписарони шаҳриянду имтиҳонҳои қабулро хубу аъло супорида, ба донишгоҳ бештар дохил мешаванд ва ба довталабоне, ки аз ҷойҳои дурдаст меоянд, ҷой кам расида истодааст, иҷозат надодааст.
Бо камоли мамнуният  гуфта метавонам, ки аз ҷавонону духтароне, ки ҳамон солҳо  ба донишкадаи тиббӣ  дохил шуда буданд, якчанд нафарашон соҳиби дараҷаю унвонҳои илмӣ шуда, чанде аз онҳо  ташкилоту муассисаҳои тиббиро роҳбарӣ ҳам  кардаанд. Чунончи, яке аз шогирдони ҳамин курс Турсунтош Холова (Убайдуллоева) (хатмкардаи мактаби № 8 шаҳри Самарқанд), ки донишкадаро бо дипломи аъло хатм карда буд, дар давоми беш аз 40 сол ҳамчун сардухтури бемористони маҳаллаҳои Кафтархона ва Раҷабамини Самарқанд фаъолият нишон дода, сазовори эъзозу эҳтироми мардум гардида, бо ифтихорномаҳои ҳукуматӣ сарфароз карда шудааст.  Инчунин, номи  Маҳкам Саъдуллоева (хатмкардаи  мактаби № 8 шаҳри Самарқанд), Саъдулло Хушвақтов (хатмкардаи мактаби № 22 шаҳри Самарқанд), Насим Ҷӯрақулов (хатмкардаи мактаби № 21 ноҳияи Самарқанд), Солеҳҷон Мӯъминов (хатмкардаи мактаби № 47 шаҳри Самарқанд), Абдуҳалим Давронов (хатмкардаи мактаби № 16 ноҳияи Самарқанд), Моҳира Қаюмова (хатмкардаи мактаби № 18  ноҳияи Самарқанд) ва чанде дигаронро, ки  ба туфайли  ҳамин курси тайёрӣ барояшон ҳаққи устодӣ дораму онҳо  ҳамчун  духтурони номдор байни мардум сазовори эътибор гардидаанд,  бо камоли ифтихор  ба ёд  меорам. Аксари онҳо  ифтихор доштанд, ки  асоси таълимро дар мактабҳои миёна аз устодон ба забони  модарии худ – забони ноби тоҷикӣ омӯхтаанд.
Минбаъд ҳамчун соҳаҳои дигари ҳаёт дар мактабҳои олӣ низ ришвагирӣ реша давонда, дар бобати таълим ба забони тоҷикӣ низ ҳар хел монеаҳо пайдо шуданд.
Дар нимаи дуюми солҳои 80-уми садаи гузашта, ки дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ бозсозӣ оғоз ёфт, дар бобати бедории миллӣ дар  байни мардуми Самарқанд низ ҷунбишҳо ба амал омаданд. Дар заминаи маҳфили адабии «Сайқал», ки дар  ибтидо дар назди факултети филологияи  ӯзбек ва тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд фаъолият оғоз карда, сонӣ  дар назди шуъбаи вилоятии Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон идома меёфт,  Ҷамъияти фарҳангӣ-иҷтимоии «Самарқанд» созмон дода шуд. Бо саъю эҳтимоми фаъолони  ҳамин ҷамъият дар  Донишкадаи тиббии  Самарқанд як гурӯҳи таълим ба забони тоҷикӣ ташкил карда шуд. Лекин, бинобар набудани устодони фан ва норасоии маводи таълимӣ ба ин забон гурӯҳи мазкур фаъолияти худро то охир давом дода натавонист... Ҳаракатҳои минбаъд низ оиди ташкили гурӯҳҳои тоҷикӣ дар мактабҳои олӣ ва миёнаи махсус (ба ҷуз баъзе гурӯҳҳо дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд) ба туфайли ноаҳлӣ дар Ҷамъияти фарҳангӣ-маърифатӣ барабас рафтанд, ки ин мавзӯи баҳси  дигар аст...
Ҳоло, ки бо назардошти  Президент Шавкат Мирзиёев  барои қабули имтиҳонҳои дохилшавӣ ба забони  тоҷикӣ дар мактабҳои олии Ӯзбекистон иҷозат дода шудааст, аз имконияти мавҷуда  одилона истифода бурда, имтиҳонҳоро шаффоф гузаронида, барои оянда аз ҳисоби ҷавонону духтарони имрӯз беҳтаринҳоро интихоб намудан ба мақсад мувофиқ аст.
Дар баробари ин, тоҷикон ва тоҷикзабонон бояд дар назар доранд, ки  асосҳои таълиму тарбияро ба фарзандони худ аз муассисаҳои таълимии томактабӣ сар карда, дар ҳамаи зинаҳои таълими миёна ба забони модарӣ омӯзондан аҳамияти калон дорад. Танҳо дар он сурат мо соҳиби мутахассисони хуб,  давомдиҳандагони беҳтарин анъанаҳои ниёгон шуда метавонем.
Ҳамаи ин ба худшиносиву худогоҳӣ, ҷасорату  матонат, имону виҷдони   мову шумо вобастагӣ дорад.

Аслиддин ҚАМАРЗОДА, 
Корманди шоистаи 
фарҳанги 
Ҷумҳурии  Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: