ШОИРИ ОВОЗАДОРИ ТИРМИЗ

Мунҷики Тирмизӣ яке аз шоирони овозадори Тирмиз мебошад, ки дар адабиёти форсии тоҷикӣ мақоми худро дорад.

Мунҷики Тирмизӣ яке аз шоирони овозадори Тирмиз мебошад, ки дар адабиёти форсии тоҷикӣ мақоми худро дорад. Номаш Алӣ буда, номи падараш Муҳаммад аст, тахаллуси адабиаш – Мунҷик аз номи зодгоҳи шоир аст. Дар намунаҳои шеърие, ки то давраи мо расидаанд, тахаллуси адабии шоир гоҳо ба чашм мерасад:
То кай бувад ин мискини Мунҷик 
ба ҳуҷра? 
К-ӯро ҳиҷо накардааст Мунҷик 
ном-ном.  
Доир ба эҷодиёти Мунҷик манбаъҳои қадимӣ ва тадқиқотҳои муосирро мушоҳида намуда, ба маълумотҳои дақиқи вобаста ба ҳаёти шоир дучор наомадем. Дар онҳо ба муайян кардани санаи таваллуд ва вафоти шоир кӯшиш ба харҷ дода мешавад. Чунончи, профессор А.Абдуллоев санаи таваллуди шоирро тахминан соли 940 ва вафоташро соли 1001 медонад. Санаи таваллуд ва вафоти Мунҷик муайян карда шавад, алалхусус, санаи вафоти муайяншудаи Тоҳири Чағонӣ ҷавобгӯйи баъзе саволҳо хоҳад шуд. Сабаб он ки Мунҷик асосан, намояндаи муҳити адабии Тоҳири Чағонӣ мебошад, пас маълум мешавад, ки санаи таваллуд ё вафоти Тоҳири Чағонӣ барои муайян намудани воқеаҳои вобаста ба Мунҷик мусоидат хоҳад кард. Бинобар таъкиди таърихшинос Утбӣ  (961-1036) дар асл Тоҳири Чағонӣ соли 992 дар ҷанг бар муқобили амири Чузгон (Ҷузҷон) Фоиқ саҳарӣ, яъне ҳангоми муҳосираи Балх ҳалок мешавад. Ин маълумотҳо дар «Зайн-ул-ахбор»-и Гардезӣ ва «Таърихи Байҳақӣ»-и Абулфазл Муҳаммади Байҳақӣ (996-1077) низ мавҷуданд. Ба кадом манбаъ таъкид кардани Муҳаммад Авфӣ маълум нашуд, аммо аз чӣ бошад, ки санаи вафоти Тоҳири Чағониро соли 988 қаламдод мекунад. Ҳамин тавр, фарзияҳои аз ҷониби писарамаки худ Абулмузаффар нобуд карда шудани Тоҳири Чағонӣ инкори худро меёбанд. Ҳатто дар қасидаи ба Абулмузаффар бахшидаи Мунҷик Тоҳири Чағонӣ ба сифати марҳум ба забон гирифта мешавад:
Ба ёди Тоҳири парвезтахти хусравбахт,
Дарахти давлат сар барзада 
ба чархи баланд.
Ин бошад, далели маҳкаме барои исботи дар байни ду амир мавҷуд набудани моҷаро ё мухолифати сиёсӣ мебошад. Аз қасидаҳои ба Абулмузаффар навиштаи Мунҷик аён мегардад, ки ӯ пас аз вафоти амир Тоҳир ҳам дар Чағониён зиндагӣ кардааст. Маълум аст, ки Абулмузаффар байни солҳои 992 ва 1010 дар Чағониён амир буд, пас маълум мешавад, ки баъди вафоти амир Тоҳир (соли 992) ҳам Мунҷик зинда будааст. Академик А.Мирзоев дар монографияи худ таҳти унвони «Рӯдакӣ» менависад: «Абулҳасан Алӣ ибни Муҳаммад Мунҷики Тирмизӣ шоири миёнаҳои асри Х мебошад. Соли таваллуд ва вафоти ӯ номаълум аст”. Бинобар гувоҳии манбаъҳо ӯ ба муддати маълум дар доираи муҳити адабие, ки дар саройи ҳукмрони Чағониён Тоҳир ибни Фазл ташкил шуда буд, фаъолият намуд. 
Роҳи эҷодии Мунҷик бо мулозимӣ дар саройи Тоҳири Чағонӣ тахминан аз соли 988 шурӯъ мешавад, дар ин ҳангом ӯ шоири намоён буд. Табиист, ки Мунҷик таҳсили ибтидоиро дар шаҳри Тирмиз фаро мегирад ва баъди дар шеър ном баровардан ба Чағониён даъват мешавад. Мунҷик то ба маркази Чағониён омадан дар шаҳри Тирмиз зистааст. Ба Балх рафта зиста, ба оҳистагӣ дар эҷоди шеър таҷриба пайдо мекунад, таълим гирифта, ба камол мерасад. 
Дар Тирмиз барои муҳити адабӣ каму беш шароит мавҷуд буд, дар асл шаҳри Тирмиз мисли шаҳри Балх дар тасарруфи Чағониён бошад ҳам, яке аз шаҳрҳое буд, ки дар кишвари Чағониён нуфузи худро дошт. Қисми асосии роҳи зиндагии Мунҷик бо хонадони амирони Чағонӣ узван вобаста мешавад. Нахустин манбае, ки дар бораи фаъолияти эҷодии шоир маълумот медиҳад – “Лубоб-ул-албоб»-и Муҳаммад Авфӣ инро ба пуррагӣ тасдиқ мекунад: «Аз  мулозимони ҷаноби эҳсони умарои Чағониён буд ва дар қасида мадеҳи амири фазли муфаззал Абулмузаффар Тоҳир бинни ал-Фазл бинни Муҳаммад...».                     
Агар шоир дар Чағониён вақтҳои ҳукмронии Тоҳир ибни Фазл иқомат карда бошад, он солҳои 988-992-ро фаро мегирад. Мунҷик дар ин вақт ҳадди ақалл дар синни 30-35 будааст, хулоса ин ки шоир тахминан солҳои 953-958 ба дунё омадааст. Ӯ баъд аз вафоти Тоҳири Чағонӣ, яъне пас аз соли 992 ҳам дар саройи амирони Чағонӣ мулозимиро идома медиҳад. 
Мунҷик донишманди замони худ буд, дар яке аз шеърҳои ӯ ба таҳсили мадраса карданаш ишора ҳаст. Дар шеър ҳуҷраи мадраса ба хотир оварда мешавад:
Эй он ки зи тоҷи ту битобад 
Маҳу Зуҳра,
То кай бувад ин мискини Мунҷик 
ба ҳуҷра? 
Бинобар андешаи олими Эрон Забеҳулло Сафо Ризоқулихони Ҳидоят шоир Мунҷикро ба сифати мулозими хонадони Саффориён (солҳои 873-903) ва Ғазнавиён (солҳои 962-1187) эътироф кардааст. Дар ин бобат Забеҳулло Сафо менависад: «Ҳидоят ӯро маддоҳи мулуки Саффория ва Ғазнавия донистааст, вале далеле бар ин сухан дар даст надорем».  Олими Ҳинд Шиблии Нуъмонӣ (1857-1914) мулозими хонадони Ғазнавиён будани шоирро таъкид мекунад. Лекин фарзияҳои Ҳидоят ва Ш.Нуъмонӣ то имрӯз тасдиқи худро наёфтаанд. Сабаб дар он аст, ки даврони ҳукмронии Саффориён ба солҳои 873-903 рост меояд, дар ин санаҳо Мунҷик ҳанӯз ба дунё наомада буд. Ғазнавиён дар солҳои 962-1187 ҳукмронӣ кардаанд ва ба нимаи дуюми асри Х (солҳои 956-1000), ки дар ин замон Мунҷик зиндагӣ ва эҷод кардааст, хеле мувофиқ меояд. Аммо дар аксари манбаъҳо Мунҷик асосан,  ба сифати шоири замони Сомониён  эътироф шудааст. Ҳамин тавр, ҳодисаи дар саройи Саффориён будани Мунҷик мантиқан ғалат бошад, дар сафи шоирони хонадони Ғазнавӣ будани ӯро аксари манбаъҳо инкор мекунанд. Масъалаи дар пойтахти сулолаи Сомониён шаҳри Бухоро мулозим будан ё набудани Мунҷик ҳанӯз ҳалли худро наёфтааст. 
Аҷиб ин аст, ки бисёр манбаъ ва тадқиқотҳо фаъолияти шоирро бо саройи амирони Чағонӣ дар вобастагии зич медонанд. Ба ҳаёти иҷтимоиву сиёсие, ки Мунҷик зиндагӣ ва эҷод кардааст, назар андозем, ҳукмронии Чағониён, ки дар давраи салтанати Сомониён мавқеи муносиб доштанд, дар ин минтақа устувор буд. Хусусан, маскани дӯстдоштаи адибону шоирон, хаттотону котибон, машшоқону муғанниён, олимону донишмандон дар ҳамин ҷо қарор гирифта буд. Аз шаҳру деҳоти атроф, ҳатто аз кишварҳои дур эҷодкорон ба Чағониён меомаданд. Асосгузори “Шоҳнома»-и назмӣ Дақиқӣ ва тоҷушшуаро Фаррухӣ (ваф. 1037) ва дигарон ҳам дар Чағониён нашъунамо ёфта буданд. Дар қасидаҳои Мунҷик ва байтҳои парокандае, ки аз қасидаҳои ӯ то мо расидаанд, гоҳо номи амирони Чағонӣ ба забон гирифта шудааст:
Абулмузаффари шоҳи ҷаҳон куҷо 
бибуррад,
Ба тездашнаи озодагӣ гулӯи суол?
Қасида дар мадҳи Тоҳири Чағонӣ навишта шуда, дар ин байт ба калимаи Абулмузаффар, ки ӯро тавсиф мекунад, алоҳида эътибор дода мешавад. 
Дар аксари манбаъҳо мусиқишиносӣ, машшоқӣ, хушовозии Мунҷик қайд карда мешавад, дар ашъори шоир низ ба ин ишораҳо мавҷуд.
Гӯӣ ҳамчун фалон шудаам, на ҳамоно,
Ҳаргиз чун уд кай тавонад шуд туғ?
Як чиз дақиқ аст, ки шеър ва мусиқӣ доимо ҳамоҳанг буда, онҳо аз қадим барои инкишофи ҳамдигар мусоидат кардаанд. 
Ашъори Мунҷик дар замони худ чӣ қадар аҳамияту эътибор пайдо карда бошад, айни замон низ мавқеи худро гум накардааст, балки нуфузу эътибори шоир байни халқ бештар мегардад.

Иқрориддин АЙНИДДИНОВ. 
Вилояти СУРХОНДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: