«АГАР ДАР ҶАҲОН НАБВАД ОМӮЗГОР...»

Ҳар сол, дар арафаи иди касбии омӯзгорон хонадони устоди устодон, пири хирад, насиҳатгари ҷавонон Ҳоҷӣ Насрулло Нарзуллоев бо шогирдону ҳамкасбон, хешу табор, набераю абера, ҳамгузару маорифчиён ба тӯйхона табдил меёбад.

Насиҳат гӯш кун, ҷоно, ки 
аз ҷон дӯсттар доранд
Ҷавонони саодатманд 
панди пири доноро.
Ҳар сол, дар арафаи иди касбии омӯзгорон хонадони устоди устодон, пири хирад, насиҳатгари ҷавонон Ҳоҷӣ Насрулло Нарзуллоев бо шогирдону ҳамкасбон, хешу табор, набераю абера, ҳамгузару маорифчиён ба тӯйхона табдил меёбад. Ва ин мӯйсафеди 90-солаи болоқад, ки чеҳраи гарму нуронӣ, риши сафеду табассуми ширин дорад, аз паси айнак меҳрубонона нигариста, самимона вохӯрӣ мекунаду дуои некашро дареғ намедорад.
Ёд дорам, он айём дӯсти ҷонӣ ва ҷавониам Ғафурҷон Маҳмудов сардабири рӯзномаи «Овози Самарқанд» буду банда хабарнигори он. Вай гуфт, ки ҳозир ба як ҷой меравем ва як шахси мӯътабарро бо иди муаллимон табрик мекунем. 
– О, чаро барвақт нагуфтед, – даҳон кушодам ман, – ягон чиз менавиштем.
– Аввал шинос шудан лозим, – бо завқ хандид ӯ, – ана баъд «ихтиёр ба дасти бахтиёр».
Сипас баъди ба манзил расидан фаҳмидам, ки муаллим Насрулло Нарзуллоев падарарӯси ӯ будааст. Рости гап, ин марди шарифи маърифатпарвар бо ҷаҳонбинии васеъ, бо дониши кофӣ, андешаҳои файласуфона диққати моро ба худ кашида ҳурмату эҳтиромамон ба ӯ афзуд.
Чанде пеш бо кӯмаки набераашон Акбарҷон боз дида ба дидор расид. 
– Фаъолияти педагогии ман соли 1950 дар Тоҷикистон, дар зодгоҳи аллома Носири Хусрав оғоз ёфта буд, – ба нақл кардан пардохт мусоҳибам, – соли гузашта бо фарзандону наберагон маслиҳат ороста, ба Қубодиён рафтем. Таассурот як олам. Ба мактаби ҷонаҷонам омада, аз он хурсанд шудам, ки аз байн 70 сол сипарӣ гардида бошад ҳам, каминаро фаромӯш накардаанд.
Дар лавҳаи «Собиқ роҳбарони мактаб» исму насаби ман буду суратам набудааст. Сарвари таълимгоҳ зуд аксбардорӣ карду расмамро он ҷо гузошт. Вохӯрӣ бо ҷамоаи таълимгоҳ ва талабагон хотирнишин гузашт. Ба онҳо, нақли хотираҳои айёми ҷавониам хеле шавқангез буд, ки ҳозирон саволборон карданд. Аз собиқ ҳамкасбонам Султонови 92-сола дар қайди ҳаёт буда, чашмаш оҷиз гаштааст, ки ҳангоми ба аёдат рафтан маро аз овозам шинохт ва ашки шодӣ рехт.
Ман ҳам гиристам, вале дар мактаб. Дар саҳни таълимгоҳ ду дарахти чанор сар ба фалак кашида замоне зери он нишаста ҳаловат мебурдем. Ман дарахтҳоро ба оғӯш кашидаму беихтиёр ашки чашмонам шашқатор шуд.
Мардуми шиносу бегона ба хона таклиф карда мехостанд, ки меҳмони азизи онҳо шавам. Вале фурсату вақт маҳдуд буд. Охир Худо ба аҷал амон диҳад, пас чаро боз наравам, аз дидори нахустин шогирдон сер нашавам?!
Воқеан, имрӯзҳо шогирди шогирдони Ҳоҷӣ Насрулло натанҳо дар Тоҷикистон, инчунин Самарқанд хеле бисёранд, ки дар соҳаҳои гуногун адои вазифа мекунанд ва аксарият омӯзгор буда, онҳо низ ворисони муносиб доранд.
Аз ҳама муҳимаш Ҳоҷӣ Насрулло бо ҳамсари вафодори худ Мақбула Салоҳиддинова (илоҳо ҷояш дар ҷаннат бошад!) фарзандони худро ба замона хос таълиму тарбия додаанд.
Писари калонӣ Машҳур аз паси падар рафта, бо кори омӯзгорӣ машғул гардид. Ҳозир гашти пирӣ меронад. Матлуба Нарзуллоева низ солҳои тӯлонӣ бо кори муаллимӣ банд гардида, ҳозир дар ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Янги аср матбуоти» сарвар аст. Марғуба дӯзанда, Гулнора шифокор, Акмалҷон тадбиркор аст. Сад дареғ, ки Мартабаи омӯзгор аз дарди бедаво тарки дунёи фонӣ кард.
Беш аз сад нафар набера, абера ва чабераҳо ворисони муносиби Нарзуллоевҳо мебошанд. Мо бо Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон Ҳоҷӣ Насрулло ҳисобу китоб кардем, ки собиқаи педагогии сулола аз 400 сол беш аст. Ана садоқат ба касби омӯзгорӣ!
– Гарчанд синнам аз 90 гузашт, – бо завқ мегӯяд ӯ, – гоҳ-гоҳ ба мактабҳои гирду атроф рафта, бо ҷараёни таҳсил шинос мешавам. Аз он хурсанд ҳастам, ки таҳти ғамхории Президент ба масъалаи таълиму тарбияи насли наврас аҳамияти калон дода мешавад.
Вазифаи тарбия натанҳо зеҳни инсонро зиёд кардан ва дониш додан, балки дар ҳар як шахс ҳисси меҳнатдӯстиро бедор кардан, ба ягон касб дил бастанро омӯзондан аст. Аз одами беҳунар, бе маданият ва танбал на ба ҷамъият фоида ҳасту на ба халқ. Андарзи Шайх Саъдӣ ҳаст: тавонгарӣ ба ҳунар аст, на ба мол ва бузургӣ ба ақл аст, на ба сол. Сонӣ, ранҷи мо – ганҷи мо. Барои ситоиш не, барои маълумот ба шумо расондан мехоҳам, ки ман пас аз намози бомдод бо корҳои боғдорию деҳқонӣ, чорводорию китобхонӣ машғул ҳастам. Шояд аз ҳамин сабаб ба мушоҳидаи атрофиён солим, серҳаракат ва барнодил ҳастам. Дар зиндагиномаи ман муаммо буд, ғавчӯб буд ва аз ҳама бадаш одамони мунофиқу худписанд, ҳасудхӯру носипос лак андар лак буданд. Шукри Худо, ки росткорӣ, далерӣ, устуворӣ, аҳду вафо мададгорам шуда, оқибат пирӯзӣ ва бахту саодат насибам гашт. Ана ҳозир насиҳатгару маслиҳатгари ҷавонон ҳастам. Боз як гап, ман чанд рубоиёти шоири файласуф Умари Хайёмро шиори зиндагӣ медонам. Аллома навиштааст:
Гар як нафасат зи 
зиндагонӣ гузарад,
Магзор, ки ҷуз ба 
шодмонӣ гузарад,
Зинҳор, ки сармояи ин 
мулки ҷаҳон
Умр аст, бад-он сон 
гузаронӣ, гузарад.
– Таманнои шумо?
–  Аз имконият истифода бурда, тавассути рӯзнома тамоми маорифчиёнро бо ҷашни гузашта — Рӯзи омӯзгорон ва мураббиён табрику таҳният гуфта, ба кори душвор, вале боифтихори онҳо комёбиҳои беназир таманно дорам. Бигзор осмонамон мусаффо, офтоби бахт тобон бодо! Фаромӯш накунем, ки:
Агар дар ҷаҳон набвад 
омӯзгор,
Шавад тира аз бехирад 
рӯзгор!

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик» 
дар вилояти  Самарқанд.


 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: